Пайвандҳои дастрасӣ

Виктор Бут - “Тоҷири марг” аз Душанбе


Виктор Бут ҳини истирдод ба Амрико

Виктор Бут ҳини истирдод ба Амрико

Исми Душанбе дар ин ҳафта дар сархати ахбори ҷаҳон қарор гирифт.

Аммо ин бор на ба хотири кадом рӯйдоди фавқулоддае дар худи пойтахти Тоҷикистон, балкӣ танҳо ба далели зодгоҳи Виктор Бут, тоҷири маъруфи силоҳи Русия буданаш.

Виктор Бут, ки ба таъмини силоҳи гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам мешавад, ҳанӯз дар соли 2008 дар Таиланд боздошт шуда, акнун бо гузашти қариб 2 солу 9 моҳ ба Амрико мустарид шуд. Тасмиме ки хашми Маскав барангехтааст.

НАХУСТИН ЭҲЗОР БА ДОДГОҲИ АМРИКО

Додситони кулли Амрико Прит Бҳарара рӯзи чоршанбе дар як нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк аз оғози додгоҳи Виктор Бут хабар дод. Нафаре, ки Амрико солҳо боз бо иттиҳоми таъмини силоҳи гурӯҳҳои чирикиву террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё таъқибаш мекард, баъди ду солу 9 моҳи боздошт билохира дар ин ҳафта аз Таиланд ба Амрико мустарид гардида, рӯзи дигараш ба додгоҳ эҳзор шуд.

Виктор Бут ба қасди куштани атбоъи Амрико, қасди куштани ходимони давлатии ин кишвар, қасди муомила бо мушакҳои зиддиҳавоӣ ва қасди таъмини молии созмони хориҷии террористӣ айбдор мешавад. Бут ин ҳамаро радд мекунад, вале дар сурати ба гарданаш дайн шудани ин иттиҳомот мурофиаи парвандааш метавонад барои ӯ бо 25 соли зиндон ваё ҳатто бо ҳукми умрбдод тамом шавад.

Додситони кулли Амрико Прит Бҳарара дар шарҳи ин иттиҳомот гуфт, сухан аз ҷумла дар мавриди иртибототи Бут бо гурӯҳи чирикии ФАРК - нирӯҳои мусаллаҳи инқилобии Колумбия меравад, ки алайҳи ин давлати Амрикои Лотинӣ меҷанганд. Ӯ гуфт: “Бар асоси асноди бозшуда, Виктор Бут аз ҷумла беш аз 700 мушаки замин ба ҳаво, 5000 силоҳи худкори АК-47, минаҳои зиддинафар, маводи мунфаҷира, миллионҳо адад муҳимот, ҳавопаймоҳои сабуки мусаллаҳ бо мушакҳову хумпораандозҳо, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишине, ки то 200 километр парвоз мекунанд, ва барои интиқоли ин ҳама таслиҳот боз ду ҳавопаймои борбарро пешниҳод мекард. Ҳатто бархе кишварҳои хурд оҷизанд, ин қадар аслиҳа бихаранд.”

ДОМ БАРОИ ГИРИФТАНИ БУТ

Боздошти Виктор Бут дар Таиланд дар моҳи марти соли 2008 натиҷаи амалиёти мураккабе буд, ки дар он гумоштаҳои амниятии Амрико аз номи ФАРК бо Виктор Бут вориди музокира шуда, тамоми сӯҳбатҳои худ бо Буту шарики дасти росташ Эндрю Смулянро сабт мекарданд. Бут ба ин дом афтод ва вақте боздошт шуд, ки ба хотири баррасии ҷузъиёти муомила ба Бангкок, пойтахти Таиланд омад.

Аммо танҳо ФАРК нест, ки бо Виктор Бут тиҷорати силоҳ доштааст. Ба бовари мақомоти Амрико, Бут бо таъмини силоҳ ба оташи ҷангҳои шаҳрвандӣ дар паҳнои бузурге аз Афғонистону Ховари Миёна то қораи Африқо равған мерехт. Дар шумори мизоҷони ӯ раҳбари собиқи Либерия Чарлз Тейлор, ҳокими худкомаи Либия Муаммар Ғаззофӣ ва ҳатто аъзои ҷунбиши Толибон дар Афғонистонро ном мебаранд.

Томас Ҳарриган, раҳбари Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Амрико, ки дар таҳқиқи ин парванда ширкати фаъоле дошт, мегӯяд, Бут ҳатто аз зиндони Таиланд ҳам ба тиҷорати машкуки худ идома медод: “Баъди боздошт ҳам, ӯ ба амалиётҳои интиқоли таслиҳоти кофӣ барои роҳандозии шӯришҳо, аланга додани инқилобҳо ва қатли ҳазорон нафар раҳбарӣ мекард. Ӯ шарики хушунатҳои аз лиҳози миқёс ғайриқобилифаҳме буд.”

ЗОДАИ ДУШАНБЕ

Виктор Бут соли 1967 дар Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи махсуси омӯзиши забони немисиро дар ноҳияи бо пойтахти Тоҷикистон ҳамҷавори Ленин хатм кардааст. Аз давраи зиндагии ӯ дар Душанбе маълумоти зиёде дастрас нест, вале бар асоси хабарҳои дарёфтӣ, падари ӯ устои оддии мошин ва модараш низ як муҳосиби оддӣ будаанд. Виктор Бут ҳанӯз дар овони мактабхонӣ забони немисӣ ва ҳам забони байналмилалии эсперанторо, ки он замон мӯд буд, аз бар мекунад.

Баъди хатми омӯзишгоҳи низомии Қазон ва як муддат хидмат дар ҳавзаи низомии Закарпатйеи Украина Бут ба Донишкадаи низомии забонҳои хориҷӣ дар Маскав дохил шуда, дар инҷо забони португалиро аз худ мекунад.

Ҳамсабақонаш ба истеъдоди фавқулоддаи ӯ дар омӯхтани забонҳои хориҷӣ таъкид мекунанд. Ин истеъдод баъдан, дар замони тиҷорати силоҳ карданаш дар Африқову Амрикои ҷанубӣ ва гӯшаҳои дигари дунё ба Виктор Бут хеле кор додааст.

Баъди хатми донишкада Бут як муддат дар кишварҳои африқоии Анголаву Мозамбик ҳамчун тарҷумони низомӣ кор карда, баъди суқути Шӯравӣ ширкати Air Chess-ро таъсис дод, ки дафтари марказиаш дар Дубай воқеъ буда, бо тақрибан 50 ҳавопаймо ба анҷоми парвозҳои ҳавоӣ дар қораи Африқо ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон машғул буд. Аммо алакай аз нимаи солҳои 90 Бут ҳамчун тоҷири аслиҳа ном баровард. Иддао мешуд, ки сохторҳои марбут ба ӯ ҳам нирӯҳои давлатӣ ва ҳам чирикиҳои зидди давлатҳоро дар Афғонистону Ангола, Руандаву Либерия, Серра-Леоневу Того таъмини силоҳ карда, дар ин замина ҳатто аз муомила бо Толибону Ал-Қоида рӯ намегардоданд.

МУРОҶИАТ БА ПУТИН

Виктор Бут чӣ дар давраи озодиаш ва чӣ баъд аз сӯҳбат бо матбуот ҳаддалимкон худдорӣ мекард, вале дар як муроҷиати кӯтоҳе ба раисиҷумҳури вақти Русия Владимир Путин аз пушти панҷараи додгоҳи Таиланд дар моҳи апрели соли 2008 Бут ба бегуноҳии худ исрор варзида, хостори мусоидати бевоситаи Путин барои раҳоияш аз зиндон шуд.

Бут дар 2 моҳи пеш бо айни мазмун ба раҳбари феълии Русия Дмитрий Медведев ҳам як номаи саркушода навишт.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, истирдоди Виктор Бут ба Амрикоро натиҷаи фишорҳои Вошингтон ба Тайланд номид
ХАШМИ МАСКАВ

Маскав аз оғоз ба қазияи Виктор Бут бо як ҳассосияти вижа бархӯрд мекард ва боздошти ӯ дар Таиланд ва инак истирдодаш ба Амрикоро як амали ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунад.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар як вокуниши тунд истирдоди Бутро натиҷаи фишори Амрико ба ҷараёни мурофиа ва ба давлати Таиланд номид ва гуфт: “Мо ба ҳайси давлат расондани тамоми ёриву мусоидати зарурӣ ба шаҳрванди Русия Виктор Бутро идома хоҳем дод.”

Консули Русия дар Ню-Йорк Андрей Юшманов гуфт, алайҳи Бут дар роҳи истирдодаш аз Таиланд ва сипас дар худи Амрико фишорҳое эъмол шудааст, то иттиҳомотро бипазирад ва ҳамкорӣ кунад.

ДАР ПАСИ ҚАЗИЯ ЧӢ ИСТОДААСТ?

Ба назари таҳлилгарон, тарси Маскав аз ин аст, ки шояд дар ҷараёни муҳокимаи парванда масоиле, чун иртибототи ӯ бо сардамдарони Кремл ва мақомоти амниятии Русия, нақшаҳои хуфияи фурӯши силоҳҳои русӣ, масирҳо ва бозорҳои ғайримуҷози фурӯши таслиҳоти сохти ин кишвар рӯ бизанад, ки ба нафъи Маскав нест.

Ба ақидаи коршиносон, вокуниши тунди Маскав ба истирдоди Виктор Бут аз ҳамин нигарониҳо об мехӯрад, вале имкон дорад, ки муомилае дар ин масъала байни Маскаву Вошингтон ҳам ҳосил шуда бошад ва ин қазия боиси сардии навбатӣ дар равобити тоза гармшудаи ду кишвар нашавад.

Дуглас Фара, аз муаллифони китоби “Тоҷири марг”, ки дар бораи Виктор Бут аст, мегӯяд, ӯ истеъдоди беҳамтои интиқоли силоҳ ба дастнорастарин гӯшаҳои дунёро дорад ва ҳатто дар гӯшаҳое, ки аксари тоҷирони дигари силоҳ аслан дастрасӣ надоштанд, силоҳ мефурӯхт. Ӯ меафзояд: “Танҳо чанд нафаре ҳаст, ки ба мисли ӯ метавонист ба саросари қораи Африқо ва ҳамчунин ба Афғонистон силоҳу муҳимот бикашонад. Ба маконҳое, ки на роҳ дораду на қатори роҳи оҳан ва на ягон василаи дигари нақлия.”

Лаҳни нисбатан сабуктари вокуниши ёвари раисиҷумҳури Русия Сергей Приходко ба қазияи Бут низ ба ҳадсу гумонҳо дар ин замина афзуд. Ёвари Дмитрий Медведев гуфт, Русия манфиатдор аст, ки парвандаи Бут то охир бурда шуда, ӯ ба ҳамаи суолҳои ҷамъшудаи мақомоти Амрико посух гӯяд. Ӯ афзуд, Маскав ба Виктор Бут кумакҳои консулӣ хоҳад расонд, вале ин ба маъное нест, ки ӯро аз пеш ҳаққ барорад.

Алла Бут, ҳамсари Виктор Бут, мегӯяд, шояд истирдоди шавҳараш ба ИМА бо розигии Маскав сурат гирифтааст
ИНТИҚОДИ ПАЙВАНДОН

Ва аммо пайвандони Виктор Бут аз давлати Русия интиқод мекунанд, ки ба сарнавишти шаҳрвандаш аз паси панҷа нигаристааст. Алла Бут, ҳамсари Виктор Бут, мақомоти Русияро ҳатто айбдор кард, ки дар масъалаи истирдоди шавҳари ӯ бо Амрикову Таиланд забон як кардааст.

Ӯ гуфт: “Дар посух ба чунин аъмоле, ки вазорати хориҷаи Русия ғайриқонуниву ғайриҳуқуқӣ ва натиҷаи фишори Амрикоаш мехонад, ин вазорат ба нишони дифоъ аз шаҳрванди худ метавонист изҳороти шадидтаре кунад. “

АЗ “ҚАСОСҶӮ” ТО “ҚАНДАҲОР”-У “ҶАНГСОЛОР”

Зиндагии пуршӯру пурмоҷарои Виктор Бут мавзӯъи чандин китоби бадеъиву филмҳои ҳунарӣ шудааст. Романи “Қасосҷӯ”-и адиби шӯҳратёр Фредерик Форсайт ва романи “Экватор”-и нависандаи рус Андрей Тсаплиенко аз собиқаи силоҳфурӯшии Виктор Бут мазмун гирифтаанд. Филми русии “Қандаҳор” ҳам, ки достони фирори халабонҳои рус аз асорати Толибонро рӯи навор овардааст, ишораҳое ба нақши Виктор Бут ҳам дар асорат ва ҳам дар раҳоии онҳо дорад. Расонаҳои русӣ мегӯянд, ин филм асоси воқеъӣ дорад ва бидуни мусоидати Бут баъид буд, ки халабонҳои рус аз зиндони Толибон бираҳанд.

Вале бидуни шакк, филме ки барои ин тоҷири пасипардаии силоҳ шӯҳрати саросарӣ овард, “Ҷангсолор” буд, ки соли 2005 дар Ҳолливуд бардошта шуда, нақши асосиашро ҳунарманди маъруф Николас Кейҷ бозӣ мекунад. “Ҷангсолор”, албатта, асари сирф тарҷумаиҳолӣ нест, вале бисёриҳо дар симои қаҳрамони филм ҳамон Виктор Бутро мебинанд. Нафареро, ки ба пешониаш лақаби ношустании “Тоҷири марг” барои ҳамеша нақш шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG