Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матлубхон Давлатов – раиси нави Дастгоҳ


Ахиран бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мушовири аршади ӯ дар умури иқтисодӣ, Матлубхон Давлатов раҳбари Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ таъйин шуд.

Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ аз ниҳодҳои хеле пурнуфуз дар низоми идории давлати Тоҷикистон ба шумор меояд ва табъан раиси ин ниҳод дар таъйини хатти машши сиёсатҳои раҳбари давлат ва иҷрои он, бахусус дар сиёсати кадрӣ нақши муҳим бозӣ мекунад.

Матлубхон Давлатов аз аъзои собиқадори давлати Эмомалӣ Раҳмон буда, тайи дастикам 16 соли охир дар чандин чавкии калидии давлати ӯ ифои вазифа кардааст.

Аммо бо омадани Матлубхон Давлатов ба симати раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ чӣ тағйиротеро дар тасмимгириҳои Душанбе бояд акнун мунтазир шуд?

ҶОЙГОҲИ ДАСТГОҲ

Ҳеҷ кадом аз тағйироти ахири кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон дар маҳофил ба андозае сарусадо накард, ки мақоми нави Матлубхон Давлатов. Пеш аз ҳама ба ин далел, ки ӯ дар мақоми раиси дастгоҳи иҷроияи раёсатҷумҳурӣ Амиршо Миралиев, яке аз “ветеранҳо”-и пурнуфузи арши сиёсии Тоҷикистон ва нафари хеле наздик ба Эмомалӣ Раҳмонро иваз кард.

Далели дигари таваҷҷӯҳ ба ин ҷойивазкунӣ об аз нақш ва мақоми худи дастгоҳ дар низоми сиёсии Тоҷикистон мехӯрад, ки аз лиҳози нуфуз ва таъсираш дар тасмимгириҳо ҳатто сарвазирро бо ҷумлаи муовинону вазиронаш пас гузоштааст.

Бархе нозирони умур нақши раҳбари дастгоҳро ҳатто ба мақоми ноиби раисиҷумҳур, ки дар низоми давлатии Тоҷикистон аслан вуҷуд надорад, баробар мекунанд. Таҳлилгари тоҷик Давлати Усмон мегӯяд, нуфузи фавқулоддаи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ хоси танҳо Тоҷикистон нест, балки дар ҳама кишварҳое, ки низоми президентӣ доранд, метавон тақрибан айни вазъиятро мушоҳида кард:

“Шахсе ки дар ин мансаб аст, ҳама вақт дастрасӣ дорад ба нафари аввал, яъне раисиҷумҳур. Ва табиист ки бо чунин дастрасии доимӣ, ӯ дар гирифтану қарору дар машваратҳо як гуна таъсир ҳам дорад. Ин мақом аз ҳамин лиҳоз дар ҳама кишварҳо мақоми муҳим ҳисоб мешавад. Аммо инки шахси дуввум ё мисли ноиби раисиҷумҳур бошад, дар низоми сиёсии Тоҷикистон то ба ин дараҷа нест, албатта. Аммо бидуни шакк, яке аз мақомҳои муҳими кишвар ҳаст. “

«СЕКА»-И НАВ?

Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов дастгоҳи раёсатҷумҳуриро дар низоми кунунии идорӣ ба СеКа, кумитаи марказии ҳизби коммунисти шӯравӣ монанд мекунад, ки тамоми тору пуди зиндагии кишварро дар даст дошт.

Ба эътиқоди оқои Муллоҷонов, дастгоҳи феълӣ дар пайи чандин соли нуфузсозӣ тавонист ба як ниҳоди қавитар ҳатто аз Сека табдил биёбад:

“Ин сохторе, ки сохтанд, аз як тараф меросхӯри ҳамон сохтори замони шӯравист, вале шаклаш дигар шудааст. Ба ҳар ҳол, дар Сека ва атрофи Сека чанд маркази таъсир вуҷуд дошт. Ҳоло як сохтори хеле муттамарказшуда падид омадааст, ки ҳам назорат мебарад ва ҳам ҳама қарорҳои муҳим ҳатман аз пеши назари онҳо мегузарад. Ва вазоратҳо дар асл тобеъи дастгоҳи раёсатҷуммҳурӣ ва мушовирони масъули ин ё он соҳаанд. Аз сӯи дигар, дар ҳар сохтори давлатӣ, касе ки ба президент, ё малик, ё шоҳ, ё ҳар раҳбари аввали дигар, наздиктар аст, таъсири бузург дорад. Ҳатто агар мақомаш расман баланд ҳам набошаду вале ба раҳбари аввал наздик бошад ва ҳар рӯз ӯро дида тавонад, албатта, нуфузи ин нафар хеле зиёд аст. Тавре ки дар гузашта мегуфтанд, фаворит.”

Мабдаи дигари гуфтумонҳо, албатта, ин аст, ки кӣ рафт ва кӣ омад? Ва аввал аз нафаре ки рафт.

ОНЕ КИ РАФТ…


Амиршо Миралиев. Соли 1946 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, риштаи агрономии Донишкадаи кишоварзӣ ва соли 1988 мактаби олии ҳизби коммунистро хатм кардааст. Дар солҳои охири шӯравӣ котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Маскав, Ҳамадонии кунунӣ буд.

Дар солҳои 90 мушовири раисиҷумҳур дар умури кадрӣ ва аз соли 2001 раиси вилояти Хатлон буд. Дар поёни соли 2006 ба Душанбе баргашт ва раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъйин шуд. Дар интихоботи 28 феврал дар садри рӯйхати ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

…ВА ОНЕ КИ ОМАД

Ба назари таҳлилгарон, Амиршоҳ Миралиев акнун ба синни 64 сол расида, баъид аст, ки дубора ба саҳнаи сиёсати бузург баргардад. Вале оне ки Миралиевро дар мақоми раиси дастгоҳи иҷроияи раёсатҷумҳурӣ иваз мекунад, кист?

Матлубхон Давлатов. Номзади илмҳои иқтисодӣ. Соли 1950 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1972 то соли 1990 дар Фарҳангистони улум кор кардааст.

Аз соли 1994 раҳбарии Кумитаи идораи амволи давлатӣ, ниҳоди масъули хусусигардонии корхонаҳои давлатии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Соли 2002 ба симати раҳбарии кумитаи назорати молӣ нишаст ва аз моҳи январи соли 2006 ба ин сӯ мушовири аршади раисиҷумҳур дар умури иқтисодӣ буд.

Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стротегӣ Матлубхон Давлатовро аз кадрҳои пуртаҷриба ва донишманди Тоҷикистон ном бурда мегӯяд, ба бовари ӯ, оқои Давлатов дар мақоми нав ба масоили иқтисодӣ, ба хусус ба ислоҳоти ин ришта бештар тамаркуз хоҳад кард:

“Худаш ҳам як шахси бисёр боистеъдоду ҳассос ва дақиқназар аст. Аз ин рӯ, ба назари ман, ӯ метавонад дар ин мақом корҳои хеле хуб анҷом диҳад. Ба ҷуз ин, вай шинохти тамоми олимон ва зиёиёни тоҷикро дорад, чунки дар ҳар зинаи фаъолияташ бо онҳо ҳамкорӣ дошт. Ӯ кормандони давлатиро ҳам хуб мешиносад ва аз сабаб, шояд потенсиали кадрии кишвар ҳам ба таври нав дида шавад ва бисёре аз он қувваҳое, ки пештар ниҳон буданд ваё дида намешуданд, онҳо низ ба кори давлатӣ ҷалб карда шаванд ва давлати миллии мо бо ҳамин мустаҳкамтар шавад.”


“ПАДАР”-И ХУСУСИГАРДОНӢ


Матлубхон Давлатов тайи як муддати тӯлонӣ раҳбарии умури хусусигардонии корхонаҳои давлатиро дар Тоҷикистон бар дӯш дошт ва дар ин давра, бино ба бархе оморҳои дарёфтӣ, дастикам 8000 корхонаи хурду миёна хусусӣ карда шуд.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки заминаҳои иқтисоди бозорӣ ва соҳибкории хусусӣ дар кишвар маҳз дар ҳамон солҳо гузошта шуд ва аз ҷумла бо шарофати хусусигардонӣ. Аммо иқтисоддонҳои дигар мегӯянд, хусусигардонӣ натиҷаи чандоне ба давлат ва мардум надод, чунки аксари корхонаҳои муҳим ва бузургро бо нархҳои хеле ночиз ва бештар ба наздикони худи мақомот ба фурӯш заданд.

Коршиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, “ман тарафдори ҳарду фикр ҳастам. Аз як тараф, албатта, ӯ раванди хусусигардониро бар ӯҳда гирифт ва пеш бурд. Вале аз дигар сӯ, ин раванд шаффоф набуд. Яъне мо ба таври дақиқ гуфта наметавонем, ки нархи воқеъии ин ё он корхона чанд буд, бо чӣ нархе хусусӣ гардонида шуд ва фарқи байни ин ду нарх чанд шуд. Мо инро гуфта наметавонем. Азбаски ин раванд ба қадри кофӣ шаффоф набуд, шубҳаҳоеро ба вуҷуд овард.”

БОЗ ҲАМ САДОҚАТСОЛОРӢ?


Масъалаи дигаре, ки интисоби Матлубхон Давлатов бори дигар дар зеҳни маҳофил андохт, ҳамон баҳси қадим, яъне дар сиёсати кадриаш ҳамчунон ба асли маҳалл ва садоқати шахсӣ бартарӣ додани давлатдорони кунунии Тоҷикистон аст.

Матлубхон Давлатов низ ба мисли раиси собиқи дастгоҳ Амиршо Миралиев аз ноҳияи Данғара – зодгоҳи раисиҷумҳур мебошад.

Давлати Усмон, ки қаблан ба ҳайси вазири иқтисод дар ҳукумат бо Матлубхон Давлатов таҷрубаи ҳамкорӣ дошт, мегӯяд, албатта, Давлатов назар ба Миралиев дидгоҳи бозтар дорад ва таҳсилкарда ҳам ҳаст, вале далели аслие, ки маҳз ӯро ба ин мақоми муҳим интихоб карданд, на ин авомил, балки эътимоди раисиҷумҳур ба шахси ӯст:

“Чизи муҳимаш ҳамин аст, ки эътимод дар сохтори имрӯзаи давлати Тоҷикистон бештари тасмимгириҳо рӯи асли эътимоди шахси аввал ба ин ё он нафар сурат мегирад. Ба ҷойи Амиршо Миралиев омадани Матлубхон Давлатов, албатта, паҳлуҳои мусбате ҳам дорад. Дидгоҳи Давлатов нисбат ба Миралиев, ки тафаккураш бештар дар қолабҳои замони шӯравӣ буд, бозтар аст.”

НАВУ КӮҲНА, ҚАДИМУ ҶАДИД

Интисоби Матлубхон Давлатов ва чанд узви ҷадиди ҳукумат дар пасманзари гуфтумонҳое сурат гирифт, ки аз бурузи набарди байни гордҳои наву кӯҳна дар дохили долонҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳадс мезаданд.

Ба назари маҳофил, Матлубхон Давлатови 60-сола, албатта, аз нигоҳи синн аз ҷабҳаи ҷадидҳо нест, вале аз назари дидгоҳаш ба масоил низ амсоли пешгузаштааш дар ин мақом зиёд қадиму шахшуда дар қолабҳои замони шӯравӣ нест.

Сайфуллоҳ Сафаров, муовини Маркази таҳқиқоти стротегӣ, ниҳоди зери назари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: “Фикр намекунам, ки Матлубхон Султонович намояндаи насли комилан нав бошад. Тоҷикистон дар ҳоли гузариш қарор дод ва мо наметавонем, ки яку якбора ба “нав”-ҳо гузарем. Мо нисбат ба иваз кардани кадрҳо, нисбат ба иваз кардани сиёсат, нисбат ба иваз кардани сохторҳо бояд оҳиста, хеле дақиқкорона ва хеле бомувозинат рафтор кунем. Яку якбора иваз кардан метавонад ба натиҷаҳои манфӣ биорад. Маҳз ҳамин гуна шахсиятҳо, ба мисли Матлубхон Давлатов, ки таҷрибаи хуб доранд ва дар доираҳои муайяни давлатӣ шинохта шудаанд, метавонанд навигариҳоеро, ки дар тафаккури мардум ҳаст, онҳоро вориди сохтори ҳукумат кунанд.”

Давлати Усмон низ мӯътақид аст, ки омадани Матлубхон Давлатов дар сиёсати кадрии ҳукумат ҳатман тағйироти ҷиддие дар пай хоҳад овард, вале инки ин тағйирот ба кадом самт хоҳад буд, суоли дигар аст.

МАТОИ НАВ ДАР ҚОЛАБИ ҚАДИМ

Вале Парвиз Муллоҷонов миёни Давлатов ва пешгузаштаи ӯ – Миралиев фарқи бузурге намебинад ва мегӯяд, наметавон бидуни ислоҳи сохтор ва дар ҳамон қолабҳои қадим матоъи нав рехт, балки дар бештари маворид чеҳраҳои нав худ батадриҷ дар қолабҳои мавҷуда медароянд ва ҳалл мешаванд.

Аммо инки Матлубхон Давлатов низ ҳамин роҳро хоҳад паймуд ё хайр, мавзӯъест, ки ба он метавон танҳо баъд аз мушоҳидаи нахустин қадамҳои ӯ дар мақоми раиси дастгоҳ баргашт ва ба он пардохт.
XS
SM
MD
LG