Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бобоҷон Бобохонов – гаравгони писар


Бобоҷон Бобохонов моҳи январи соли ҷорӣ аз мақоми додситони кулли кишвар барканор шуд

Бобоҷон Бобохонов моҳи январи соли ҷорӣ аз мақоми додситони кулли кишвар барканор шуд

Қазияи боздошти додситони собиқи ноҳияи Ҳисор Файзуллоҳ Бобохонов исми падари ӯ - собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохоновро дигарбора дар забони матбуот андохт. Аз 22 июл, яъне аз рӯзи боздошти писараш ба ин сӯ, сарнавишти хонаводаи дар гузашта пурнуфузи Бобохоновҳо вирди забонҳост, вале акнун, тавре ба назар мерасад, худи Бобоҷон Бобохонов тавассути мусоҳибаҳое бо матбуот ба дифоъ аз худу пайвандонаш бархостааст.

Вале дар пасманзари қазияи боздошти фарзанди собиқ додситони кулл мавзӯъи дигаре низ матраҳ мешавад, ки чаро аксари мансабдорони баландпояи тоҷикро баъд аз истеъфо ҳатман таъқибу ҳатто боздошту зиндон таҳдид мекунад?

ГАҲЕ ПУШТ БА ЗИНУ…

Аз дав мондани аспи мансаб дар Тоҷикистон дар бисёр ҳолот саворашро табдил ба тӯъма мекунад. Тӯъмаи шикориҳое, ки дар тӯли солҳо то пиёда шудани ин савор сабурона дар интизори пайте муносиб камин гирифтаанд. Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон низ аз ин қоидаҳои бераҳми бозӣ дар саҳнаи сиёсии Душанбе истисно нашуд, балкӣ барканории писараш Файзуллоҳ аз мақоми додситони ноҳияи Ҳисор дар моҳи март ва боздошти ӯ бо иттиҳоми ришвахорӣ дар моҳи июл ҳокист ки ҳамоно:

Чунин аст расми саройи дурушт,
Гаҳе пушти зину гаҳе зин ба пушт.


Истеъфо аз мақоми баланди додситони кулл дар поёни моҳи январ Бобоҷон Бобохоновро дар они воҳид аз арши сиёсат ба зер андохту аз мошину телефони ҳукуматӣ маҳрум кард, доираи дӯстону ҳамтабақонашро сахт коҳиш дод ва дари хеле аз мақомоти расмиро ба рӯи ӯ баст.

КАСЕ ҚАБУЛАШ НАМЕКУНАД


Талошҳои Бобохонов барои мулоқоти мустақим бо додситони кулли кунунӣ Шерхон Салимзода ва ё бо раиси Ожонси зиддифасод Фаттоҳ Саидов то ҳол натиҷае наовардааст. Оқои Саидов дар посух ба ин суол, ки чаро бо Бобохонов мулоқот накард, гуфт, ҳамон рӯзе ки Бобохонов ба хотири пурсидани сарнавишти писараш омад, масруф буд: “Дар ҳақиқат, назди идораи мо омадагӣ буданд. Ман ба сафари хидматӣ тайёрӣ медидам ҳамроҳи сардори сарраёсатам. Сардори раёсати тафтишот қабул кард ӯро, фаҳмонда доданд ҳаракатҳои фарзандашро. Вай чӣ мегӯяд? Вақте қонун аст, чӣ мегӯяд ӯ?”

Бобоҷон Бобохонов ба ин тартиб ба қофилаи бузурге аз он он мансабдорони собиқ пайваст, ки баъди тарки мақом мавриди таъқиб қарор гирифтаанд. Ин қофила ҳанӯз аз ду сарвазири авоили солҳои 90 Абдумалик Абдуллоҷонов ва Абдуҷалил Самадов оғоз мегирад, ки яке то ҳол дар ғурбат қарор дошта, дуввумӣ дар мусофират аз дунё гузашт. Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Абдуҷалил Ҳомидов – бархе баъд аз барканорӣ ва бархе, чун Ғаффор Мирзоев ҳанӯз дар мақоми баланд мавриди қаҳри давлат қарор гирифта ва боздошту зиндонӣ шуданд.

ДОМЕ БАРОИ ХУДИ БОБОХОНОВ

Таҳлилгарон мегӯянд, мақомот акнун тавассути парвандаи писари Бобоҷон Бобохонов мехоҳанд ба худи ӯ наздик шаванд, худи собиқ додситони куллро ба дом бигиранд. Ҳарчанд Ожонси мубориза бо фасод мегӯяд, ки дар қиболи собиқ додситони кулл таҳқиқоте пеш намебарад. Дастикам дар ҳоли ҳоли ҳозир.

Таҳлилгар Саймуддин Дӯстов мегӯяд, аксари мансабдорони ҳукумат баъд аз тарки вазифа тӯъмаи низоми мавҷуда мегарданд
Дар ҳар сурат, ба бовари коршиноси тоҷик Саймуддин Дӯстов, ин шеваи таъқиби тақрибан ҳамаи мансабдорони собиқ зодаи ҳамон тарзи ташкили ҳукумат ва низоми қабули тасмимҳои сиёсист, ки амалан заъфҳои низоми кунунии давлатдориро ба намоиш мегузорад, то қувватҳои ин низомро, ки дар он “ба мансаб бувад баландии мард”: “Чанд қазия, аз ҷумла қазияи Муҳаммадназар Солеҳов, қазияи Бобохонов ва фарзанди ӯ низ бори дигар ин нуктаро собит мекунанд, ки онҳое ки аз ҳукумат дур карда мешаванд, ҳатто агар нафарони хеле калидии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон буданд, аммо онҳо баъди бознишастагӣ наметавонанд аз худ дифоъ кунанд, зеро онҳо дастрасӣ ба раҳбарии Тоҷикистонро аз даст медиҳанд. Ва баъд аз тарки вазифа нуфузи онҳо низ зуд аз байн меравад ва онҳо худ тӯъмаи низоми мавҷуда мегарданд, чунки таъқибгарон фикр мекунанд, ки афроди рафта хеле сарватманданд ва аз онҳо мешавад канд. Аз сӯи дигар, ҳамон мақоли мардумии “Худиро бизан, то бегона битарсад” низ шояд инҷо ҷой дошта бошад.”

КУ ОН ДӮҒУ КУ ОН ДАҒДАҒА?

Гардиши чархи тақдир, табиист ки Бобоҷон Бобохонови дар гузашта хеле пурнуфуз ва аз ёрони наздики раисиҷумҳурро зуд аз по даровард ва ба гуфтаи шоҳидони ҳол, дигар аз он дағдағае ки дар замони прокурориаш дида мешуд, тақрибан ҳеҷ осоре боқӣ намондааст. Сӯҳроби Рустам, аввалин хабарнигоре, ки баъд аз боздошти писараш тавонист пойи сӯҳбати Бобохонов бинишинад, мегӯяд, додситони кулли пешин ҳолате хеле афсурда дошт ва хеле боэҳтиёт шудааст.

Ва оне, ки дар замони прокурориаш бо баёнияҳои ошкору бепарда ва ғайридипломатии худ маъруф буд, ба гуфтаи Сӯҳроби Рустам, акнун рӯи ҳар калимаву иборае ки ба забон меорад, чандин раҳ меандешад: “Аввалан аз журналистон гиламанд буд, ки то қазияи писараш аслан суроғаш намекарданд. Умуман саломатиаш хуб набуд. Худро бад ҳисс мекард ва ҳангоми сӯҳбат намедонист, ки чӣ мегӯяд. Ҳар ҷумларо чанд маротиба такрор мекард ва хат мезад, ки бисёр метарсам, агар чунин биравад. Ҳангоми сӯҳбат ба сурати умум хеле ҳушёр буд, ки мабодо ягон хато биравад. Бисёр мегуфт, ки ҳама ҳушам бо фарзандам аст, шабу рӯз хоб нестам ва зёд гиря мекунам барои фарзандам. Мегуфт, бисёр кӯшиш кардам, ҳатто ба президент муроҷиат кардам, вале ҳеҷ натиҷае надод, ки ман ба назди фарзандам дароям ва ӯро бубинам.”

4 ҲАВЛӢ, 2 ЗАМИН, 3 МОШИН…

Файзуллоҳ Бобохонов ва як зердасти собиқ ва низ боздоштшудаи ӯ Шоҳрух Нуралиев ба сӯъиистифода аз мақом ва ду мавриди тамаъҷӯӣ ва гирифтани ришва муттаҳам мешаванд, ки якеаш иборат аз 2000, вале дуввумӣ 10 маротиба бештар – 20 000 доллари амрикоист. Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон ахиран навори амволи дар пайи соҳибаш ҳабсшудаи марбут ба Файзулллоҳ Бобохоновро намоиш дод, ки аз ҷумла 2 ҳавлӣ дар пойтахт, 2 манзили нимсохт дар Ҳисору Қӯрғонтеппа, ду қитъаи замин дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳам ду мошини тамғаи “Лексус” ва як “Тойота-Камрӣ”-ро дар бар мегирифт.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасод, ҳадсу гумонҳо дар бораи рақобати қадимии Бобоҷон Бобохонов ва Шерхон Салимзода - додситони куллро беасос медонад
ИДОМАИ РАҚОБАТИ ҚАДИМ?


Таъқиби писари додситони кулли собиқ ин ҳадсу гумонҳоро ҳам дар зеҳнҳо талқин кард, ки шояд ин ҳама идомаи ҳамон рақобати қадими Бобоҷон Бобохонов ва Шерхон Салимзода бошад, ки баъди касби курсии додситони кулл аз рақиби бознишасташудааш интиқом меҷӯяд.

Аммо Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ин иддаоро башиддат радд кард ва гуфт, ӯву Салимзода моле тақсимнокарда бо Бобохонов надоранд: “Агар ӯ ҳатто дар сари мансаб ҳам мемонд, мехост ё намехост, писараш барои ҷиноятҳои кардааш ҷавобашро мегуфт. Ман Шерхон Одинаевичро солҳои сол боз мешиносам. Ӯ одаме нест, ки дар дил нисбат ба касе хусумат бипарварад. Ман дар матбуот хондам, ки гӯё наздикони Бобохоновро аз сари мансаб дур мекунанд. Чанд нафареро, ки аз вазифа гирифтанд, дар асоси маълумоте буд, ки мо додем. Дар бораи прокурорҳое буд, ки кормандаш бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст афтода буд. Шерхон Салимзода қаблан дар ин идора 2 сол кор карда буд, ин ҳамаро медонист. Ӯ дар нахустин коллегия тамоми маводро тавассути телевизион дар толор намоиш дода, якто-якто аз кор озод карда буд он нафаронро. Он мо чӣ хусумат дорем, вақте ягон моли тақсимнокарда надорем?”

“ХОНАИ ФАСОД”

Ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова мегӯяд, Бобоҷон Бобохонов бояд акнун пеш аз ҳама аз худ гила кунад, ки додситонии куллро ба “хонаи фасод” табдил дода буд ва интисоби писараш ба додситонии Ҳисор низ бахше аз ин таҷрубаи фасод буд. Аммо хонум Воҳидова то замони аз мақом рафтани мансабдорони муҷрим сабр кардани мақомотро ба боди интиқод мекашад ва мепурсад, чаро касе дар вақти сари қудрат будани Бобохонов писари ӯро даст накофт: “Агар чунин қонуншиканиҳо дар вақти адои вазифа ошкор ва дар қиболаш парвандаи ҷиноӣ боз мешуд, боварии мардум ба ҳукумат ва мақомоти интизомӣ бештарпайдо мешуд, албатта. Афсӯс, ки ин имрӯз мисли як анъана шудааст, ки аввал шахси мансабдорро аз мақом барканор мекунанд ва танҳо баъд кирдорҳои дар давраи мансабдорӣ содиркардаи ӯ ошкор карда мешавад. Ман фикр мекунам, ин бо супориш аз болост, то ки обрӯи ҳукумат дар назди мардум нарезад.”

АЗ ЁДДОШТҲОИ БОБОХОНОВ КӢ МЕТАРСАД?

Дар ҳар сурат, Бобоҷон Бобохонов, тавре аз мусоҳибаҳои ҷавобии ин ҳафта нашркардааш дар расонаҳои Душанбе бармеояд, ба осонӣ тан доданӣ нест ва дар ин сӯҳбатҳояш аз ҷумла ба ин нукта таъкид мекунад, ки магар дар байни мансабдорони тоҷик фақат фарзандони ӯянд, ки дар сояи давлати падар мансаби баланд дарёфт кардаанд?

Бобохонов вақти рафтан аз мақоми додситони кулл дар як сӯҳбаташ гуфта буд, ки мехоҳад китоби хотироташро низ бинависад. Ӯ дар як даврони пуршӯре раҳбарии ин идораро бар ӯҳда дошт. Даврае ки додситонӣ ба як пулиси сиёсӣ низ мемонд ва маҳз дар давраи Бобохонов шахсиятҳои ангуштнамои мухолифи давлат, аз ҷумла Ёқуб Салимов, Абдуҷалил Ҳомидов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва ҳам фармондеҳи собиқи Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев барои солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Хабарнигори тоҷик Сӯҳроби Рустам мегӯяд, чунин ба назар мерасад, ки касе ҳеҷ намехоҳад ёддоштҳои Бобоҷон Бобохонов рӯи чопро бубинад ва як ҳадаф аз таъқиби писараш шояд бастани даҳони ӯ бошад, ки мабодо дар китобаш ба мавзӯъҳои барои давлат хеле ҳассос низ даст бизанад: “Онҳо мехоҳанд Бобохоновро тавассути фарзандаш хунсо кунанд, чунки ӯ, тавре ман сӯҳбат доштам, мехост корҳои гузаштаро китоб кунад. Аммо ман вақте пурсидам, ки оё шурӯъ кардаед? Ӯ гуфт ки он факту рақаму он маводе ман дорам, агар китоб кунам, ояндаи фарзандон, ояндаи худам ҳам намедонам, чӣ мешавад? Ба назарам, ҳукумат онҳоеро мехоҳад дур кунад, ки дар бораи Тоҷикистон чизҳоеро медонанд.”

Аммо Саймуддин Дӯстов бар ин назар аст, ки Бобохонов бидуни истифода аз чунин васоили тарсдиҳӣ, чун боздошти писараш ҳам тавон ва шояд ҷуръати рӯи коғаз овардани он ҳама чизеро, ки ӯ медонад, надошт: “Агар дар марказҳои қабули қарор фикр кунанд, ки Бобоҷон Бобохонов бо ёддоштҳояш метавонад барои ҳукумат хафв дошта бошад, ин фикри онҳо ботил аст. Зеро Бобохонов қудрати бидуни кӯмаки дигарон навиштани хотироташро надорад. Ҳарчанд ӯ аз нафаронест, ки хеле аз сиррҳои ҳукуматро медонад, шурӯъ аз марги Сангаку Файзалӣ ва рафта то охирин қазияҳое, ки онҳоро дар матбуоти хориҷӣ сиёсӣ меноманд: ҳам қазияи омада бар сари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ҳам Ёқуб Салимов ва ҳам Муҳаммадназар Солеҳов ва Мирзо Зиёев.”

ДАР ФИКРИ ИН ФАРЗАНДОН БОШЕД

Қазияи омада бар сари писари Бобоҷон Бобохонов, ҳамин тавр, бори дигар бармегардад ба мавзӯъи фарзандсолорӣ, ки бар изофаи минтақагароиву таборгароӣ батадриҷ боз ба як мушкили доғи Тоҷикистон табдил мешавад. Фарзандони насле, ки соли 1992 ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ба қудрат расид, аз ҷумла 9 фарзанди худи раисиҷумҳур, дар ин муддат ба балоғат расиданд ва ҳар яке акнун дар ин ҷомиа барои худ як ҷойгоҳи муносиб мехоҳад. Аз ин рӯ, бархе таҳлилгарон тасвиби қонуни вижаеро ҳам лозим медонанд, ки масоили марбут ба интисоби фарзандони афроди мансабдор ба мақомҳои расмиро мушаххастар кунад.

Ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова аммо мегӯяд, ҳатто мурооти қонунҳои мавҷуда кофист, ки ба сӯиистифода дар ин замина роҳ дода нашавад: “Хеле аз вазирону мансабдорон наздикони худро ба вазифаҳое гузоштаанд, ки тобеъи ҳаманд. Инро қонун тамоман иҷозат намедиҳад. Масалан, яке аз фарзандҳои раисиҷумҳур муовини вазири хориҷа таъйин шудааст. Мақомоти прокуратура ҳаст, Ожонси зидди фасод ҳаст, ки бояд иҷрои қонунҳоро назорат баранд. Аммо аз сӯи дигар, ҷомиаи шаҳрвандӣ, ки заиф аст, қонунҳо поймол шудан мегирад. Созмонҳое нестанд, ки мақомоти давлатиро ба риояи пурраи қонунҳо маҷбур карда тавонад.”

Аммо Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасод мегӯяд: “Ман дар як масъала аз худи шумо, журналистон, гиламандам. Барои чӣ дар тӯли 10 соле, ки Бобохонов додситони кулл буд, ва дар ин 4-5 соле, ки фарзандаш прокурори яке аз калонтарин ноҳияҳои ҷумҳурӣ буд, як бор ҳам ман нашунидам, ӯро суол диҳед, ки оё ин аломати коррупсионӣ нест? Фақат як писараш не, боз як писари дигараш ҳаст, домодаш ҳаст, духтараш ҳаст, додараш ҳаст. Чаро як бор напурсидед аз ӯ? Тибқи қонуни мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ин мумкин нест. Нафақат писар, ҳатто хешу табори наздикаш ҳаққ надорад зердасти ӯ бошад.”

ШАБАҲИ РОҲИ ПУЛАКӢ ДАР ҲАМА ҶОСТ


Ожонсии мубориза бо фасод тайи севуним соли фаъолияташ бештар маҳдуди боздошти устодони донишгоҳҳову кормандони кумиссариатҳои низомӣ шуда буд. Коре ки маъмурони милиса ҳам бидуни таъсиси чунин як Ожонси бузурги иборат аз қариб 500 муфаттиш метавонистанд анҷомаш диҳанд. Ожонси зиддифасод аз ин лиҳоз бо парвандаи Файзуллоҳ Бобохонов мехоҳад, аҳамияти худро ба гунае дигар ба ҷилва дарорад.

Аммо бархе мӯътақиданд, ки қазияи писари Бобохонов аз ҷанҷоли пулакӣ шудани шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва чаро ба як ширкати то ҳол гумноми он ҳам дар Бритониё сабтиномшуда супурдани масъулияти ситонидани ҳаққи ин роҳ низ маншаъ мегирад. Бархе дар Душанбе хеле мехостанд, ки хашми баландшудаи мардум ба як самти дигар гардад ва ин фурсат барои онҳое муносиб омад, ки мехостанд ҳисоби худро бо Бобохонов баробар кунанд. Дар ҳар сурат, баъд аз рў задани қазияи писари додситони собиқ достони роҳи пулакӣ як каме "фаромўш" шудааст. Ҳадди ақал барои як муддат.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG