Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон: Марҳилаи ниҳоии набарди интихоботӣ


Набард барои пурқудраттарини ниҳоди сиёсии Покистон – курсии раёсатҷумҳурӣ вориди марҳалаи ниҳоияш мешавад.

Абӯбакри Сиддиқӣ

Ҳарду маҷлиси парлумони Покистон ҳамроҳ бо маҷолиси чаҳор вилоят рӯзи шанбе, 6-уми сентябр, дар як Маҷмаъи интихобкунандагон гирди ҳам омада, раисиҷумҳури ояндаи Покистонро интихоб хоҳанд кард.

Аммо номзадҳои умда ба ин симмат киҳоянд, дар ин бозӣ чӣ бурде насиби ғолиб хоҳад шуд ва умуман чи авомиле мавҷуд ҳаст, ки метавонад ба натоиҷи интихоботи рӯзи шанбеи Покистон таъсир бигузорад?

Оне ки рӯзи шанбе бар ҳарики қудрати Покистон менишинад, дар курсии раёсати он ҷумҳурӣ Парвиз Мушаррафро иваз хоҳад кард. Мушарраф, ки соли 1999, дар натиҷаи як кудатои бехун ба қудрат расида буд, рӯзи 18 августи соли равон ба хотири ҳифзи обрӯ ва ҷилавгирӣ аз импичмент ё худ адами раъйи эътимод аз мақоми президентии Покистон истеъфо дод. Акнун номзадҳои умда ба ҷойнишинии Мушарраф онҳоеянд, ки ин ҳама сол мухолифи сарсахти давлати ӯ буданд.

Барои ин курсӣ се номзад - Осиф Алӣ Зардорӣ, шавҳари фақид Беназир Бҳутто ва раҳбари Ҳизби мардумӣ, қозии собиқ Саидуззамон Сидиқӣ, аз Лигаи мусалмонони сарвазири пешин Навоз Шариф ва Мушаҳид Ҳусайн Саид аз ҷиноҳи Қоъиди Аъзами Лигаи мусалмонон - вориди рақобат хоҳанд шуд. Аммо шонси Зардорӣ дар ин миён бештар дониста мешавад. То кунун аз 700 вакили Маҷмаъи интихобкунандагон беш аз нисфаш пуштибонии худ аз ин номзадро изҳор доштаанд.

Таҳлилгари тоҷик Саъдии Юсуфӣ, ки чандин сол дар Покистон зиндагӣ ва таҳсил кардааст, мегӯяд, танҳо рақиби билқувва барои Зардорӣ Навоз Шариф буд, вале ҳизби ӯ нафареро пешбарӣ кард, ки ба ҳеҷ сурат ҳамсатҳи Зардорӣ нест.

Манзури таҳлилгари тоҷик ҳамон 11 солест, ки Зардорӣ бо иттиҳоми фасод, аз ҷумла шустушӯи пул ва дар Инглистон ғайриқонунӣ харидани қасру кӯшк, пушти панҷараи зиндон ба сар бурдааст. Аммо ҳизби Зардорӣ ин ҳама иттиҳомоти воридаро ҷузъе аз маъракаҳои ифлоси давлат ба хотири рехтани обрӯи раҳбарони мухолифин мешиносад.

Таъқиби додгоҳии Алӣ Зардорӣ бар асоси қарори дар моҳи октябри гузашта содиркардаи Парвиз Мушарраф қатъ карда шуд. Зардорӣ сипас ҳамроҳи ҳамсараш Беназир Бҳутто ба Покистон баргашт ва ҳизби мардумии онҳо, бо вуҷуди қатли раҳбараш Бҳутто дар як сӯъиқасд, тавонист дар интихоботи парлумонии моҳи феврал пирӯз шавад ва бо Лигаи мусалмонони Навоз Шариф ташкили эътилофи ҳоким карда ва намояндаи худ Юсуф Ризо Гелониро ба курсии сарвазирӣ бинишонад.

Эътилофи мухолифин Парвиз Мушарраф, собиқ раисиҷумҳури Покистонро маҷбур сохт, то истеъфои худро эълон кунад

Ин эътилоф дар пайи таҳти назорат овардани кобинаи вазирон, ба таҳияи шароити импичменти президент Парвиз Мушарраф пардохт, ки дар ниҳоят дар таърихи 18 август Мушаррафро маҷбур ба истеъфо кард. Зоҳид Ҳусайн, шореҳи масоили сиёсии Покистон мегӯяд, акнун муҳим ин аст, ки Зардорӣ баъд аз расиданаш ба симати раёати ҷумҳурӣ чӣ хоҳад кард:

Дар ҳоли ҳозир, ӯ эътибори чандоне надорад. Аслан, дар сурати ба курсии раёсатҷумҳурӣ расидани ӯ, ҳама дар атрофи ӯ хоҳанд чархид, ки ин дар амал метавонад мунҷар ба коҳиш ёфтани қудрати парлумон шавад. Ин барои низоми парлумонии давлат чизи хуб нест”.

Қонуни асосии соли 1973 тасвибшудаи Покистон низоми сиёсии ин кишварро монанд ба демократияи парлумонии Бритониё сохтааст, ки дар он раҳбари мақомоти иҷроия сарвазир буда, раисиҷумҳур бештар як раҳбари рамзист. Аммо генерал Мушарраф тавонист бар салоҳиятҳои худ хеле афзуда, аз ҷумла ҳаққи таъйини вазирони калидӣ, мунҳал кардани парлумон ва ҳам назорат бар таслиҳоти ҳастаии кишварро дар дасти худ мунсаҷим кунад.

Мушкили дигаре, ки ба раисиҷумҳури нави Покистон мерос хоҳад монд, рӯёрӯиҳои давомдор байни нирӯҳои амниятии он кишвар ва ҷангиёни исломист, ки минтақаҳои қабиланишини Вазиристону Хуррам ва Боҷауру дараи Свотро фаро гирифтааст. Таҳлилгар Зоҳид Ҳусайн мегӯяд, кобинаи таҳти назорати ҳизби Зардорӣ дар масоили мубориза бо террор то кунун сиёсати давлати пешинро идома медод ва тавре ба назар мерасад, ба идома ва ҳатто густариши ҳамкориҳо бо Амрико дар ин мубориза содиқ хоҳад монд.

Масъалаи дигар интизороти зиёдест, ки мардуми аз президенти собиқ Парвиз Мушарраф сахт хасташуда акнун аз раисиҷумҳури ҷадид доранд. Мушаҳид Ҳусайн Саид, хабарнигори собиқ ва яке аз 3 номзад ба ин мақом ниҳоди раёсати ҷумҳуриро дар оянда чунин мебинад:

Ин ниҳод бояд ҷараёнҳои демократиро раҳнамоӣ ва қавитар кунад. Он бояд мардуми Покистонро мутмаин созад, ки президент онест, ки мо метавонем бо ӯ ифтихор кунем, президент онест, ки дар воқеъ як фардои беҳтар барои Покистон ва заминаи қавитари демократия дар ин кишварро сохта метавонад”.

Аммо баъид ба назар мерасад, ки Осиф Алии Зардорӣ ҷавобгӯи чунин меъёрҳои баланд шуда тавонад. Зардорӣ, ки феълан 52 сол дорад, дар ҷавонӣ нафаре буд, ки беш аз ҳама аспсавориву чавгонбозиро дӯст медошт ва тайи ду давраи сарвазирии ҳамсараш Беназир Бҳутто дар солҳои навадум борҳо ба ришвахорӣ муттаҳам шуда, ба ин далел ҳатто “Оқои 10 фоиз” лақаб гирифта буд.

XS
SM
MD
LG