Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба марги фаҷеъи рӯзноманигори рус


утоқи хабари Озодӣ Ҷасади Анна Политковская, аз рӯзноманигорони саршиноси Русия ва аз мунтақидони ошкоргӯи ҷанг дар Чеченистон, дишаб дар маркази шаҳри Маскав кашф шуд. Вай ба зарби гулӯла кушта шудааст. Маъмурони пулис гуфтанд, ки ҷасади ин хабарнигори рӯзномаи "Новая газета"-ро як ҳамсояаш дар болобар (лифт)-и сохтмони маҳалли иқоматаш пайдо кардааст. Гузориш шудааст, ки дар маҳалли ҳодиса як таппонча ва чаҳор гулӯла низ кашф шудааст.

Гузоришҳои расида аз Маскав ҳокист, ки ҳаводорони Анна Политковская дар муҳавватаи хонаи вай гирди ҳам омадаанд ва дар маҳалли ҳодиса дастаҳои гул гузоштаанд.

Анна Политковская ба хотири диди интиқодомез ва жарфаш дар бораи корзори давлати Русия дар Чеченистон мавриди эҳтироми бисёре буд. Григорий Явлинский, аз ҳизби либероли мухолифи давлат мавсум ба Яблоко ба Озодӣ гуфт, ки қатли Анна Политковская "як беъадолатӣ ва фоҷеъа" аст:

"Анна Политковская беҳтарин рӯзноманигори сиёсӣ буд, зеро ба ҳар чизе, ки меандешид ва ҳар чизеро, ки медид, рӯи коғаз пиёда мекард. Вай ҳамеша дар буҳронитарин ҷойҳо буд - дар Чеченистон, Беслон. Навиштаҳои вай сиришти ҳамаи рӯйдодҳо дар арсаи сиёсии Русия ва куллан дар зиндагии русҳоро ошкор мекард. Вай инсоне буд, ки метавонист розҳоро ошкор кунад. Қатли Анна Политковская, аз байн бурдани як чунин инсоне, рӯйдоди бисёр намодин ва рамзӣ барои Русия аст."

Пӯшиши рӯйдодҳои Чеченистон тавассути Анна Политковская маъмулан аз кори гузоришгарии одӣ фаротар мерафт. Вай дар китобҳояш ба номҳои "Ҷанги касиф" ва "Гӯшаи кӯчаки дӯзах" аз мавориди густардаи нақзи ҳуқуқи башар дар Чеченистон мегӯяд. Вай Владимир Путинро низ ба хотири нақшаш дар корзори Чеченистон сарзаниш мекард.

Игор Яковенко, дабири кулли Иттиҳодияи Рӯзноманигорони Русия, мегӯяд, ки ба бовари вай, мавзеъи интиқодомези Анна Политковская дар қиболи Кремлин ва ҷанг дар Чеченистон боъиси марги ӯ шудааст:

"Бегумон қатли Анна Политковская бо шуғли вай, ки як рӯзноманигор буд, муртабит аст. Ин ҳодиса ба вузӯҳ як қатли супоришист ва шароити вуқӯъи ҳодиса ин иддаъоро собит мекунад. Ин ки як нафарро дар дами дари манзилаш бикушанд ва таппончаро дар маҳалли ҷиноят ҷо бигзоранд, нишонаҳои равшане аз кори як қотили муздури ҳирфаист."

Кремлин ба ин ҳодиса фавран вокуниш нишон надод. Аммо расонаҳои байнулмилалӣ ва нозирони ҳуқуқи башар бедиранг ҳодисаи қатлро маҳкум карданд.

Карел де Гухт, вазири хориҷаи Белжик ва раиси даврии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо низ дар ин бора изҳори назар кард ва Анна Политковскаяро "яке аз барҷастатарин рӯзноманигорони таҳқиқгар ва аз беҳтарин муфассирони сиёсии Русия" номид. Оқои де Гухт аз мақомоти Русия хост, ки ҳар чи зудтар масъулони қатлро радёбӣ кунанд.

Анна Политковская соли 2003 ҷоизаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар заминаи рӯзноманигорӣ ва демукросиро дарёфт карда буд.

Эйдан Вайт, дабири кулли Федеросиюни Байнулмилалии Рӯзноманигорон мустақар дар Бруксел ба Озодӣ гуфт, ки қатли Анна Политковская ба вузӯҳ як "сӯъиқасди ҳадафманд" будааст:

"Барои Федеросиюни Байнулмилалии Рӯзноманигорон комилан равшан аст, ки чунин қатли рӯзноманигоре муътабар ҳокӣ аз беқонунист, ки журнолизми Русияро таҳдид мекунад. Комилан равшан аст, ки ин як сӯъиқасди ҳадафманд буд. Хеле муҳим аст, ки давлати Владимир Путин бедиранг қотилонро ба сазои аъмолашон бирасонад."

Оқои Вайт бону Политковскаяро "аз далертарин намояндагони навъи тозаи гузоришгарони далери Русия" унвон кард.

Кумитаи Ҳимоят аз Рӯзноманигорон дар Нйу Йорк ин ҳодисаи қатлро "як иттифоқи вайронгар барои журнолизми Русия" номид. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар Порис гуфт, ки "Русия як кишвари хашин аст ва бар рӯзноманигорон хушунат раво мебинад."

Ҳодисаи қатли Анна Политковскаяро ҳамчунин созмони Афви Байнулмилал ва Михаил Горбачёв, раисиҷумҳурии пешини Шӯравӣ тақбеҳ карданд. Оқои Горбачёв аз саҳомдорони рӯзномаи "Новая газета" аст.

Тери Дейвис, дабири кулли Шӯрои Урупо, зимни изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаи Анна Политковская гуфт, ки вай "ба хотири дурусткорию садоқаташ душманони бисёре дошт":

"Ин як хабари ваҳшатнок аст. Мусалламан, ман амиқан такон хурдаам ва нигарони иттифоқе ҳастам, ки рух дод. Вай зане буд бо далерии васфнопазир ва садоқату истиқлоли ӯ дар кораш ва дар гузоришҳояш аз Чеченистон ба ӯ эътибори ҷаҳонӣ дода буд. Дили ҳамаи мо барои ӯ хеле танг хоҳад шуд."

Лев Пономарев, раиси гурӯҳи "Барои Ҳуқуқи Башар", гуфт, ки аз даст рафтани Анна Политковская барои мудофеъони ҳуқуқи башар зоеъаи бузург аст:

"Як рӯзноманигори дурахшон. Касе, ки ҳамеша дар хатти муқаддам буд. Мо корҳои зиёде кардем, ба монанди созмондиҳии тазоҳуроти эътирозию ғайра. Вале вай дар Чеченистон буд. Кори вай даҳчанд бештар аз кори мо арзиш дошт. Чеченистон хатти муқаддами ҷабҳа аст ва ӯ ҳамеша худашро дар маърази хатар қарор медод. Ба ӯ як бор заҳр дода буданд. Албатта, дуруст нест, ки занон сипари мардон шаванд. Вале дар мавриди Анна Политковская ҳамин тавр шуд."

Анна Политковская 48 сол дошт ва модари ду фарзанд буд. Ба гуфтаи масъулони рӯзномаи "Новая газета", вай дар рӯзҳои қабл аз маргаш матлаберо дар бораи шиканҷа дар Чеченистон таҳия мекард.
XS
SM
MD
LG