Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷаллаи навбатии «Ҷаҳони варзиш» ба ҷараёни омодагиҳо ба Олимпиадаи Пекин ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти интихобии олимпӣ бахшида мешавад.

Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, мудири иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар робита ба ин мавзӯъ зимни сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ, аз ҷумла гуфт:

«Варзишгарони мо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 то имрӯз се роҳхат ба даст овардаанд. Аз байни онҳо нахустин шуда гурзандоз Дилшод Назаров, ки имсол дар мусобиқоти бози қаҳрамонии Укроин пирӯз шуда буд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гаштааст. Паҳлавони маъруф Расул Боқиев дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии дзюдо дар Бразил дар рақобатҳо дар вазни то 73 килограмм бо медали биринҷӣ мукофотонида шуда, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин сазовор шудааст. Чунин роҳхатро намояндаи дигари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов ба даст овардааст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод дар шаҳри Боку дар вазни зери 84 килограмм барандаи медали нуқра гардида буд.

Дар айни ҳол, ҳафт варзишгари кишвар барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс, ки аз 23-уми октябр то 4-уми ноябр дар шаҳри Чикагои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад, омодагӣ мегиранд. Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷаҳон Қурбонов, Шералӣ Достиев, Анвар Юнусов, Маъруфҷон Файзуллоев, Баҳодур Каримов, Шералӣ Маҳмадалиев ва Фирдавс Солеҳов барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин талош хоҳанд кард.»

XS
SM
MD
LG