Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин низоми феодалии Аврупо аз байн рафт


Ҷазираи Сарк аз хурдтарин кишварҳои Аврупо мебошад
Ҷазираи Сарк аз хурдтарин кишварҳои Аврупо мебошад

Дар моҳи марти соли ҷорӣ охирин низоми феодалӣ дар қораи Аврупо, ки дар Ҷазираи Сарк барҷой монда буд, ба низоми порлумонӣ гузашт.

Ҷазираи Сарк, хурдтарин ҷазира аз 4 ҷазираи воқеъ дар гулӯгоҳи Ла-Манш, ки ба маликаи Бритониё итоат мекунад, эълон кард, ки ба низоми порлумонӣ мегузарад. Вале 14 курсӣ аз 28 курсии ин ҷазира ҳамчунон ба Шӯрои мӯйсафедонаш, ки то кунун муштаракан бо сенйор – ҳокими мамлакат бар ин қаламрав идора мекард, тааллуқ хоҳад дошт.

Ислоҳоти низом дар ҷазираи Сарк бо тақозои Иттиҳоди Аврупо сурат гирифтааст. Бруксел низоми ҳоким дар ин давлатро муноқиз бо меъёрҳои ИА номида буд. Албатта, ҷазираи Сарк ба маҳзи ҳамагӣ 5 километр тӯл ва дуввуним километр бару наздики 600 нафар аҳолӣ доштанаш, дар низоми сиёсии Аврупо нақши дидание надорад, вале дар ҳар сурат, аз низоми феодалӣ ба низоми порлумонии роиҷ дар боқии қаламрави Аврупо гузаштани Сарк ба раванди чандсадсолаи гузариши ин қора ба низоми демократӣ нуқтаи таммат гузошт.

Низоми муосири порлумонӣ, қарори маълум, аз Бритониё оғоз мегирад. Бори аввал ҳанӯз дар соли 1215 подшоҳи вақти Бритониё таҳти фишори раъияташ маҷбур шуд, ба Маншури бузурги озодиҳо, ки ҳукумати шоҳро маҳдуд ва барои атбоъи ӯ, баръакс як силсила ҳуқуқу озодиҳо фароҳам месохт, имзо кунад. Ин маншур, албатта, амалӣ нашуд, вале роҳи тӯлонӣ ва тавре баъдан маълум шуд, чандасра ва бебозгашти Аврупо ба сӯи низоми мардумсолорӣ ва парлумониро оғоз бахшид. Ба сӯи низоме, ки акнун як меъёри қабулшудаи ҷаҳонист.

Шаҳрон Табарӣ, хабарнигори Радиои Фардо ва бахши форсии радиои Озодӣ, чанд сол боз аз минтақаи Вестминстери Лондон, пойтахти Бритониё, вакили шӯрои шаҳрист ва бо шеваву низоми кори парлумони ғарбӣ мустақиман ва аз наздик ошност. Хонум Табарӣ мегӯяд, парлумон дар кишварҳои Ғарб ниҳоди дар воқеъ мунтахаб аст ва ба ин далел, дар назди онҳое, ки интихобаш мекунанд, посухгуст.

Албатта, низоми порлумони аврупоӣ аз Бритониё оғоз мегирад ва дар Амрико мебинем, ки Конгресс ягон паҳлуи ҳаёти кишвар – чӣ аз масоили резаи дохилӣ ва то ҷанги Амрико дар Ироқу Афғонистонро аз мадди назар дур намемонад. Конгресс 10 сол қабл дар тӯли чандин моҳ ҳатто ба муҳокимаи достони ишқварзии президенти вақти Амрико Билл Клинтон бо таҷрубаомӯзи Кохи Сафед Моника Левински низ пардохта буд ва қариб буд Клинтонро импичмент ё худ радди эътимод кунад.

Вале ҳузур ва нақши порлумон дар ҷомеъа дар Итолиё, яке дигар аз кишварҳои Аврупо, пуршӯртар ва ба ин далел барҷастатар эҳсос мешавад. Дар моҳи апрели соли равон интихоботи порлумонии Итолиёро эътилофи Силвио Берлускони бурд ва ин миллиардерро дубора бар ҳарики қудрат нишонд.

Аз оғози ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ин сӯ, яне дар 69 соли охир, ин бори 62-юм буд, ки ҳукумати Итолиё тағйир мекард. Дар аксари кулли маворид кобинаи вазирони Итолиёро парлумонаш ба истеъфо фиристода, худ низ мунҳал мешуд. Дар Итолиё ҳатто хурдтарин мавриди ба фасод ва нақзи қавонин муттаҳам шудани ҳатто яке аз аъзои ҳукумат метавонад бӯҳрони нави сиёсиро ба бор биёварад ва дар ниҳоят мунҷар ба истеъфои ҳам ҳукумат ва ҳам мунҳал шудани маҷлис шавад.

Худи Силвио Берлускони низ 2 соли пеш ба дунболи чунин як қазия интихоботро бохт ва дигар интизори пеш омадани як фурсати нав, манзур бӯҳрони наву интихоботи нав, нишаст. Ин аст, ки ӯ ба дунболи эъломи пирӯзиаш дар моҳи апрел гуфт, акнун барои хидмат ба мардум аз худ дареғ нахоҳад дошт.

Силвио Берлускони илоҷи дигаре ҳам ба ҷуз аз чунин ҷонфидоӣ надорад, чунки дар кишварҳое назири Итолиё ҳар як қадами ҳукумат зери заррабини ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандист, аз ҷумла таҳти назорати порлумон. Ва ҳар як қадами ноҷо ва ҳатто як иштибоҳи мақоми давлатӣ метавонад ӯро ба хатари барканорӣ аз ҳарики қудрат рӯбарӯ кунад.

Шаҳрони Табарӣ, вакили шӯрои шаҳрӣ аз ноҳияи Вестминстери Лондон, мегӯяд, чунин шеваи назорати фарогир бар фаъолияти мақомот хоси тақрибан ҳама порлумонҳои ғарбист ва дар роҳи чунин назорат барои парлумонҳо ҳеҷ навъ табу ва ҳеҷ навъ “хатти сурх” вуҷуд надорад.

Шаҳрон Табарӣ, хабарнигори Радиои Фардо ва вакили шӯрои шаҳрӣ аз ноҳияи Вестминстери Лондон, афзуд, албатта, низоми раҳбарии кишварҳо ва ҳамин тавр доираи салоҳиятҳои порлумонҳо дар ҳар кишвар мутафовит аст, вале ба сурати умум, дар Ғарб куллия масъулини давлатӣ – чӣ нахуствазир ва чӣ президент – маҷбур ҳаст ба ҳарфи порлумон гӯш диҳад ва сиёсатҳои давлаташро вобаста ба мавзеъгириҳои вакилони маҷлис, ки мунъакисгари назари мардуманд, матраҳ кунад.

Шаҳрон Табарӣ, хабарнигори Радиои Фардо дар Лондон, ки собиқаи чандсолаи фаъолият дар шӯрои шаҳрӣ ба намояндагӣ аз минтақаи Вестминстери пойтахти Бритониёро дорад, мегӯяд, кишварҳои ғарбӣ барои расидан ба чунин шароити муназзами сиёсӣ, ки тамоми иқдомот ва ҳаракатҳои давлатро таҳти назорати ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла зери заррабини вакилони мардум дар порлумон қарор медиҳад, роҳи тӯлонӣ ва пур аз шебу фарози таърихиро тай задаанд, то ба ин марҳала бирасанд. Ба эътиқоди хонум Табарӣ, дар кишварҳои худкома, назири Русия ё Тоҷикистон, бояд пеш аз ҳама худи мардум ба дифоъ аз ҳаққи хеш бархезад ва ончиро, ки давлатҳо дар Қонунҳои асосии он кишварҳо бо хутути заррин навиштаанду иҷро намекунанд, талаб кунанд.

Аз ҷумла ба ҳарфи ниёзи мардуме, ки вакилони порлумонро интихоб мекунад, гӯш фаро додани ин вакилонро. Вагарна, ба гуфтаи Шаҳрони Табарӣ, порлумон дар кишвари диктотурӣ ва дар шароити адами ҳукумати қонун танзе ба демократия бештар нест.

XS
SM
MD
LG