Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди низомиёни Покистон ба ИМА


Низомиёни Покистон таҳдид кардаанд, ки агар ИМА дар қаламрави Покистон амалиёти низомӣ анҷом диҳанд, онҳо ба сӯи нерӯҳои амрикоӣ оташ хоҳанд кушод.

Ин изҳороти низомиёни Покистон бар зидди нерӯҳои Амрико таҳдиди воқеъист ё онҳо барои аз даст надодани эътибори худ дар кишварашон ба чунин изҳорот тавассул ҷустаанд?

Коршиносон мегӯянд, ки дар ҳар ду ҳолат аз ин изҳорот бӯи хатар меояд. Агар ин нукта дар назар гирифта шавад, ки баъд аз изҳороти низомиён шоми рӯзи якшанбе нерӯҳои амниятии Покистон дар минтақаи қабиланишини Покистон ба сӯи ду чархболи амрикоӣ оташ кушоданд, пас суханони коршиносони минтақа дар бораи хатар ба ҳар ду ҷониб то андозае таъйиди гуфтаҳост.

Рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" дар шумораи рӯзи душанбеи худ навиштааст, тасмими Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Амрико, дар бораи таъқиби шӯришиён дар минтақаҳои қабиланишини Покистон иқдоми мантиқӣ нест. Дар авоили моҳи ҷорӣ дарёсолор Майк Мулен - раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико изҳор дошт, ки Амрико ва муттаҳидонаш барои наҷоти Афғонистон вақтро аз даст медиҳанд. Албатта, намешавад аз ин суханон сарфи назар кард, чунки Покистон ҳам дар манотиқи қабиланишини наздик ба марзи Афғонистон барои шикасти шӯришиён ё муттаваққиф сохтани амалиёти онҳо камтар даст ба кор мезананд.

Вале оқои Буш ва муттаҳидонаш ҳангоми тасмимгирӣ набояд имкони вуқуъи ҳодисаҳоеро аз қабили инфиҷори ваҳшатбор дар назди меҳмонсарои "Марриот"-и Исломобод аз ёд бибаранд. Мубориза ва аз реша пок сохтани шӯришиёну тундравҳо бояд ба дасти худи низомиёни Покистон анҷом бигирад ва Амрико бояд Покистонро муътақид созад, ки мубориза бо тундравҳо ба суди амнияти худи Покистон ва ба суди демократия дар ин кишвар аст. Ҳукумат ин нуктаро бояд ба мардуми кишвараш бифаҳмонад.

Агар Осиф Алӣ Зардорӣ натавонад ин корро анҷом диҳад ва инфиҷорҳое аз қабили инфиҷори назди меҳмонсарои «Марриот» идома ёбад, дар он сурат Осиф Алӣ Зардорӣ президенти заъифе ба назар хоҳад омад. Худи Осиф Алӣ Зардорӣ 20-уми сентябр баъд аз тақрибан ду ҳафтаи интихобаш ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ чунин гуфт:

"Ман аз ҳукумат мехоҳам, ки дар тасмимгириҳои худ ҷиддӣ бошад. Ба террористҳо имкон надиҳад, ки барои анҷоми амалиёт бар зидди кишвари дигаре аз хоки Покистон истифода кунанд. Мо дахолат бар тамомияти арзии худро аз сӯи ҳар қудрате ба баҳонаи анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ таҳаммул нахоҳем кард".

Аз сӯи дигар, Чоудрӣ Аҳмад Мухтор, сухангӯи вазорати дифоъи Покистон, бо ишора ба инфиҷори назди меҳмонсарои Марриот ба рӯзноманигорон гуфтааст, онҳо бовар доранд, ки дар ин инфиҷор хориҷиён даст доранд: "Ман мехоҳам бигуям, ки дар ин инфиҷор воқеъан ҳам дасти хориҷиён ҳаст. Узбекҳо ва чеченҳое, ки мо бар зидди онҳо мубориза мекунем, покистонӣ нестанд".

Чоудрӣ Аҳмад Мухтор афзуд, нурӯҳои ҳукуматии Покистон дар манотиқи қабиланишини наздик ба марзи Афғонистон бар зидди узбекҳо, чеченҳо ва арабҳо амалиётро шуруъ кардаанд. Коршиносон мегӯянд, вазорати дифоъи Амрико низ бояд ба зудӣ стротегияи муносиберо барои мубориза бо шӯришиён интихоб кунанд. Фармондеҳони Амрикоӣ мегуянд, ваъдаи Ҷорҷ Буш дар бораи фиристодани 4- ҳазору 500 нафар нерӯ ба Афғонистон ба таъвиқ афтодааст ва барои анҷоми амалиёти густурда дар ҳар ду тарафи марз вақти муносиб аз даст меравад.

XS
SM
MD
LG