Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон, рӯзи чоршанбе вазъияти Покистонро “як таҳдиди марговар ба амнияти Амрико ва ҷаҳон” номид.

Ҳилларӣ Клинтон, рӯзи чоршанбе дар кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Конгресс гуфт, Покистон бо онки қонунҳои шариъатро дар бахше аз қаламраваш иҷозат дод, дар баробари Толибон ақибнишинӣ кардааст ва акнун аз Покистон таҳдиди марговаре барои амнияти ҷаҳон бармехезад.

Манзури хонум Клинтон муомилаи давлати Покистон бо ҷангиёни толиб дар водии Свот аст, ки бар асоси он дар ин минтақа
Мо ҷиддияти таҳдиди мавҷуда ба давлати Покистонро таъкид накарда наметавонем...
қонунҳои шариъат ҷорӣ мешавад.

Бо ин ҳол, Толибон ба раҳпаймоии беисти худ дар Покистон идома медиҳанд. Бино ба хабарҳои расида, ҷангиёни Свот акнун ноҳияи ҳамҷавори Бунер, дар ҳамагӣ 110-километрии пойтахти Покистонро низ зери назорат оварда, ҳарчӣ бештар ба дохилтари қалби Покистон роҳ меҷӯянд.

Аммо бо ин ҳама, таърихи пуршебуфарози муносиботи мақомоти низомӣ ва ҷангиёни исломӣ шикаст додани таҳдидҳо ҳокист, ки ин ҷангиён дар стротежии низомии Покистон дар амри муқобила ба ҳар навъ таҳдид ҳамчунон нақши барҷаста доранд.

Клинтон гуфт: “Мо ҷиддияти таҳдиди мавҷуда ба давлати Покистонро таъкид накарда наметавонем. Феълан дар фосилаи ҳамагӣ чанд соат аз Исломобод гурӯҳҳои муттаҳиди террористӣ ва онҳое истодаанд, ки дар пайи суқути давлати Покистонанд ва ин кишвар тавре ҳамаи мо медонем, қудрати ҳастаист.”

Хонум Клинтон ҳамчунин ҳушдор дод, ки давлати Покистон бо ризоияташ ба ҷорӣ кардани шариъат дар водии Свот дар баробари Толибон ақибнишинии усулӣ кардааст.

Ин ҳушдори вазири хориҷаи Амрико дар ҳоле садо дод, ки бино ба хабарҳо, ҷангиёни толиб бо ишғоли ноҳияи Бунер қаламрави таҳти назорати худ дар ғарби Покистонро боз ҳам тавсиъа бахшиданд ва акнун дар фосилаи ҳамагӣ 110 километр аз пойтахт, шаҳри Исломобод ва дар мавзеъе сангар гирифтаанд, ки метавонанд Мардон, дуввумин шаҳри бузурги вилояти шимолуғарбиро ҳадаф бигиранд.

Ба дунболи солиёни хунрезӣ ва даъватҳо ба роҳҳои сулҳомези хатми низоъҳои дохилии Покистон, ин кишвар акнун бо ҷангиёни исломие, ки ба қалби Покистон – вилояти сарватманди Панҷоб чашм дӯхтаанд, дақиқан ба хотири бақои худ вориди набардҳо шудааст.
Бархе нозирони умур дар пасманзари таҳаввулоти ахир ба собиқаи дастикам се даҳсолаи охири таърихи Покистон ишора мекунанд, ки мақомоти низомӣ ва иктишофиаш аз нирӯи ҷангиёни исломӣ ибтидо дар Афғонистони ҳамсоя ва баъдан дар Кашмир, минтақаи баҳсии байни Покистону Ҳинд, фаровон истифода мебурданд.

Коршиносон мегӯянд, ин таҷруба ҳанӯз ҳам идома дорад ва бархе дар ниҳодҳои олии низомии Покистон бо ин бовар, ки
Онҳо воқеъан сиёсати зидди Толибонро пеш бурда наметавонанд, чунки онҳо феълан ҳатто ба тавонмандиҳои худ ва ба пуштибонии нирӯҳо ва афсарони сатҳи поёнӣ мутмаин нестанд...
султаҷӯиҳои Амрико дар минтақа дар ниҳоят Покистонро ба як кишвари фармонбардор дар паҳлуи рақиби қадимиаш Ҳинд табдил медиҳад, ҳамчунон рӯи нирӯи ҷангиёни исломӣ ҳисоб мекунанд. Генералҳои собиқи покистонӣ Мирзо Аслам ва Ҳамид Гул, ки охириро раисиҷумҳур Осифалӣ Зардорӣ боре “идеологи сиёсии террор” низ номида буд, ҳатто иддао мекарданд, ки ҳадафи Амрико зери назорат овардани таслиҳоти ҳастаии Покистон аст.

Аммо Марвин Вейнбаум, таҳлилгари масоили Покистон дар Пажӯҳишгоҳи Ховари Миёна дар Вошингтон мегӯяд, вазъи аслӣ хеле печидатар аз он чист, ки дар назари аввал менамояд: “Ман стратегияи бузургеро намебинам. Покистон ҳанӯз ба Амрико ниёз дорад. Ва ин ақида, ки Исломобод ба Толибон иҷозат медиҳад, қисматҳои бузурги Покистонро толибонӣ кунанд ва гумонҳо дар бораи тақвияти ҳузури Амрико барои ман аз ҳадсу гумон беш нест ва бофтаи хиёл менамояд. Вале ба назари ман, нирӯҳои мусаллаҳ дар воқеъ дар як вазъи мушкил гирифтор шудаанд. Онҳо воқеъан сиёсати зидди Толибонро пеш бурда наметавонанд, чунки онҳо феълан ҳатто ба тавонмандиҳои худ ва ба пуштибонии нирӯҳо ва афсарони сатҳи поёнӣ мутмаин нестанд.”

Равобити Амрикову Покистон ахиран замоне бад шуд, ки афсарони аршади амрикоӣ ICI, Хадамоти иктишофии Покистонро ба ҳифзи равобити наздик бо Толибон айбдор карданд. Масъала дар матбуот дар ҳамин авохир бархост, вале Вошингтон аз соли 2001 ба ин сӯ ҳамеша ба ислоҳи кори ICI даъват мекард.

Бо ин ҳол, Толибон бо ишғоли Бунер нафақат дар самти пойтахт – Исломобод пешрафт кардаанд, балки онҳо ҳамзамон нуфузи худ дар вилояти пурҷамъияттарин аз нигоҳи сисёсӣ хеле муҳими Панҷоб дар шарқи Покистон низ афзоиш медиҳанд.

Таҳлилгари амрикоӣ Марвин Вейнбаум бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта ки бахши аъзами афсарон ва сарбозони артиши Покистон аз ҳамин вилояти Панҷобанд, мегӯяд, пешрафтҳои ҷангиёни толиб дар ин самтҳо метавонад артишро дар як вазъи даҳшатовар қарор диҳад, зеро то кунун як қонуни нонавишта дар Покистон, ҳар навъ истифодаи артиши бахши аъзамаш панҷобиро дар муқобили мардуми панҷобӣ манъ мекард.

Интизор меравад, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар авоили моҳи май бо ҳамтоёни афғону покистонии худ Ҳомиди Карзай ва Осифалӣ Зардорӣ мулоқот кунад. Ва ғолибан як мавзӯъи аслии ин сӯҳбатҳо вазъи хатарноки пешомада дар Покистон ва ақибнишиниҳои ахири Исломобод дар муқобили ҷангиёни толиб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG