Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии шайхҳои араб аз нархи нафт


Мақомоти Арабистони Саъудӣ дар робита ба болоравии қимати нафт хостори баргузории нишасти оҷили байнулмилалӣ шудаанд.

Ва аммо ҳанӯз рушан нест, ки дар ин нишаст Арабистони Саъудӣ - бузургтарин содиркунандаи нафти ҷаҳон мавзӯъи афзоиши тавлид ва содироти нафтро ба миён мегузорад ё на. Аз ин пеш ОПЕК – Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт эълом дошт, ки то нишасти ин созмон дар Вена дар авоили моҳи сентябри соли равон мавзӯъи афзоиши тавлиду содироти нафтро баррасӣ нахоҳад кард.

Ҳафтаи гузашта қимати нафт, ба истилоҳ, рекорди нав гузошт ва дар бозори электронӣ як бушкаи он бо қимати 139 доллар фурӯхта шуд. Ахиран Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Чин, Ҷопон, Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ аз ОПЕК дархост кардаанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши бештари қимати нафт тавлиду содироти ин маводи сӯхтро афзоиш диҳанд. Ва аммо кишварҳои дорои захираи бузурги нафт мухолифи боло бурдани тавлидоту содиротанд, зеро ба гуфтаи онҳо, бозор ба таври кофӣ бо нафт таъмин аст.

Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон мегӯянд, ки содироти нафт бо талабот аз сӯи кишварҳое чун Ҳиндустон ва Чин ба ин, ба истилоҳ, “тиллои сиёҳ» мутобиқ нест ва агар ин раванд идома ёбад, тайи 18 моҳи оянда қимати нафт бо 200 доллар барои як бушка боло меравад.

Бо ин ақида Семён Новопрудский, таҳлилгари масоили иқтисодӣ ва муовини сардабири нашрияи “Время новостей”, чопи Маскав, низ мувофиқ аст ва аммо мегӯяд, сабаби афзоиши қимати нафт на фақат дар боло рафтани талабот ба ин маводи сӯхт аст:

«Ман фикр мекунам, ки рушди иқтисодӣ дар кишварҳои сернуфус ва бузург - Ҳиндустон ва Чин талабот ба нафтро афзоиш медиҳад ва ин, албатта, омили муҳим аст ва аммо омили муҳими дигар он аст, ки дар ҳақиқат нафт ба мол ва мояи сармоягузорӣ табдил шудааст ва ҳоло сарватмандон нафтро захира мекунанд тавре, ки қаблан тилло ва биноҳоро харидорӣ мекарданд. Ва ин яке аз сабабҳои аслии болоравии қимати нафт аст ва бо итминон метавон гуфт, ки имрӯз нафт василаи сармоягузорӣ ва ҳамзамон василаи фиребу корчаллонӣ шудааст».

Гуфта мешавад, ки коршиносон нооромӣ дар Ховари Миёна, аз ҷумла, дар Ироқ, хушунат дар Нигерия, коҳиш ёфтани захираҳои нафти Сибири Русия ва коҳиши қурби долларро аз сабабҳои аслии афзоиши қимати нафт арзёбӣ мекунанд. Семён Новопрудский мегӯяд, ки таҳдиди ахири рӯшоди Исроил ба Теҳрон низ ба қимати нафт бетаъсир намондааст. Охири ҳафтаи гузашта Шоул Мофаз, вазири нақлиёт ва муовини сарвазири Исроил дар сӯҳбат ба як нашрияи маҳаллӣ изҳор дошт, ки чун таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид барои қатъи пажуҳиши барномаи ҳастаии Эрон муассир нестанд, ҳамла болои ин кишвар ногузир ба чашм мерасад.

Гуфта мешавад, ки болоравии бесобиқаи қимати нафт боиси коҳиш ёфтани саҳмияҳо дар биржаҳои Осиё гардид. Рӯзи душанбе, аз ҷумла, шохиси саҳҳоми Nikkei (Ҷопон) ду дарсад поин рафт, саҳмияҳои Sensex (Ҳиндустон) чаҳор дарсад арзонтар шуданд.

XS
SM
MD
LG