Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи душанбе, дар нахустин рӯзи фурӯши баъд аз Соли нав, нархи нафти хом дар бозорҳои байналмилалӣ аз марзи 80 доллар барои ҳар бушка гузашт.

Як омили таъсиргузор дар чунин болоравии нархҳо, ба гуфтаи таҳлилгарон, тасмими ахири Русия аст, ки бино ба хабарҳо, ба далели баҳси бархоста миёни Маскаву Минск бар сари нархи нафт мехоҳад интиқоли ин навъи маводи сӯхтро ба Беларус қатъ кунад.

Музокироти нокоми Русия ва Беларус

Дирӯз давлати Беларус Русияро ба он айбдор кард, ки хотири таҳти шароити барои Маскав муфид имзо кунондани қарордоди содироти нафт алайҳи Беларус аз фишори, ба гуфтаи Минск, “ғайриқобилиқабул” истифода мекунад.

Кишварҳои қораи Аврупо дидаи таваҷҷӯҳ ба Маскаву Минск дӯхтаанд, ки дар пайи ба нокомӣ анҷомидани музокироти тамдиди қарордоди содироти нафт, ки замони эътибораш дар таърихи 31 декабр ба поён расид, акнун ба чӣ қароре хоҳанд омад?

Хабаргузории Ройтерс ҳанӯз рӯзи якшанбе аз қавли фурӯшандагони нафт навишт, ки Русия ба қатъи интиқоли нафт ба ду корхонаи тасфияи нафти Беларус оғоз кардааст. Вале “Транснефт”, ширкати монополисти лӯлаҳои нафти Русия, ва “Белнефтехим”, ширкати давлатии нафти Беларус ҳамчунон мегӯянд, ки интиқоли нафт ба Беларус халале надидааст.

Нигарониҳои кишварҳои Аврупо

Ҷараёни баҳс барои қораи Аврупо хеле муҳим аст, чунки ба маҷрои нафт дар лӯлаи аз замони шӯравӣ бозмондаи “Дружба” рабт дорад. Ду сол пеш айни баҳс миёни Русияву Беларус мунҷар ба қатъ шудани интиқоли нафт ба корхонаҳои нафтӣ дар Олмону Лаҳистон шуда буд.

Русия мегӯяд, ин баҳс ба интиқоли нафташ ба Аврупо таъсире нахоҳад расонд, вале дар айни замон Беларусро ба он айбдор мекунад, ки нафтеро, ки барои кишварҳои Аврупост, худсарона аз лӯлаи “Дружба” берун мекашад.

Русия дар рӯз тавассути ин лӯла беш аз як миллион бушка нафт содир мекунад. Олмон 15 дарсад нафти барояш лозимро тавассути “Дружба” ба даст меорад. Аммо вобастагии Лаҳистон, аз лӯлаи “Дружба” бамаротиб бузургтар буда, беш аз 75 дарсади нафти лозим барои Полша аз ҳамин лӯла мерезад.

Нархномаи нави Маскав барои Минск

Русия то кунун нафташро ба Беларус бо нархи аз бозори ҷаҳонӣ арзонтар ва бар пояи ёронаҳое мефурӯхт, ки ба гуфтаи Маскав, мероси замони Шӯравист. Соли гузашта барои мисол, Русия аз Беларус танҳо сеяки боҷу хироҷи барои содироти нафт ҳатмишударо тақозо карда буд.

Беларус ба навбаи худ бахши аъзам аз нафти хомеро, ки аз Русия бо нархи аз қимати бозори ҷаҳонӣ арзонтар ворид мекард, дар пайи тасфия боз ҳам ба кишварҳои Аврупо мефурӯхт, вале бо қимати баланди бозорӣ. Як миллиард доллар фоидае, ки аз ин муомила ҳар сол ба ҷайби Минск меомад, як такяи муҳими молӣ барои режими худкомаи раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка маҳсуб мешуд.

Кремл акнун мегӯяд, баъд аз солиёни кӯмак ба Беларус дигар мехоҳад нафташро бо нархи бозор бифурӯшад.

Аммо Минск бар ин назар аст, ки набояд ягон навъ молиёт ё боҷу хироҷ пардохт кунад, чунки чунин тақозо мухолифи созишномаҳои имзошуда дар чаҳорчӯби Иттиҳоди гумрукиест, ки Беларусу Русия ҳамроҳ бо Қазоқистон, яке дигар аз кишварҳои Шӯравии собиқ, ташкил додаанд. Беларус таҳдид кардааст, ки дар посух қимати транзити нафти Русия тавассути қаламравашро то 10 маротиба боло хоҳад бурд.

Фишангҳои Беларус дар «ҷанги нафтӣ»

Беларус мегӯяд, Русия ба хотири ба дайн кардани шартҳои худ аз фишори, ба эътиқоди Минск, “ғайриқобилиқабул” истифода мекунад. Ин иддао ба оташи даъвоҳое равған мерезад, ки Маскавро қаблан ҳам ба истифодаи бепарда аз манобеи саршори энержиаш ба ҳайси аҳроми сиёсӣ ба манзури тарсондани кишварҳои ҳамҷавор айбдор мекарданд.

Таҳлилгар Андрей Суздалтсев мегӯяд, “ҷониби Беларус талош дорад, ба мавзӯъ бо роҳҳои пропагандӣ таъсир расонад. Як масъалаи иқтисодӣ ба ин тартиб аҳамият ва ранги сиёсӣ мегирад ва ин ҳама батадриҷ ба як ҷанги одатии нафтӣ байни Русияву Беларус табдил меёбад. Беларус метавонад худро ба дом биандозад ва дар ҳолати асабоният масоили хеле ҷиддитарро хароб кунад. Минск ҳоло мехоҳад ба ин баҳс Украина, Иттиҳодияи Аврупо ва ҳатто Амрикоро ҳамроҳ кунад, вале чунин амал метавонад мунҷар ба барҳам хӯрдани Иттиҳоди байни Русияву Беларус ҳам шавад.”

Дар соли 2006 Русия нархи газро барои давлати ҷадиди рӯ ба Ғарб овардаи Украина якбора 4 маротиба боло бурд. Ва он ҳам ҳамагӣ як моҳ баъд аз имзо шудани қарордоди панҷсолааш бо он кишвар. Ба дунбол ба қатъи интиқоли газ иқдом кардани Маскав мунҷар ба эҷоди ихлоли ҷиддӣ дар таъмини гази Аврупо шуд. Дар зимистони соли пеш низ айни қазия пеш омад ва миллионҳо нафарро дар чандин кишвари Аврупо дар айни сармо аз гармӣ маҳрум кард.

Дӯстии "мушкили" Русия ва Беларус

Бо вуҷуди ин танишҳо, Русия наздиктарин муттаҳиди Беларус боқӣ мемонад. Маскаву Минск солҳост, ки пиромуни таъсиси як иттиҳоди сиёсӣ байни ин ду кишвар музокирот пеш мебаранд, вале баҳсҳои бархоста миёни онҳо бар сари масоили энержӣ ва рӯ ба гармӣ овардани равобити хеле муддатҳо яхбаста байни Беларусу кишварҳои Аврупо иҷрои ин барномаро ба ҳоли таълиқ овардааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, музокироти миёни ҳарду ҷониб идома дорад, вале баъид аст, ки ба зудӣ натиҷа диҳад. Бино ба гузоришҳои расида, он корхонаҳои тасфияи нафти Беларус, ки бар асари таниши ахир осеб диданд, ҳанӯз захираи кофии нафт доранд, ки то як ҳафтаи дигар фаъолият кунанд.

Аммо хабари қатъ шудани интиқоли нафти Русия ба Беларус алакай дар рӯзи душанбе, дар нахустин рӯзи кори бозорҳои байналмилалӣ дар соли нав, ба нархи ҷаҳонии нафт таъсир гузошта, боис шуд, ки қимати як бушкаи нафти хом дар бозорҳо аз марзи 80 доллар убур кунад.
XS
SM
MD
LG