Пайвандҳои дастрасӣ

Обамапарастӣ дар қораи Аврупо


Суханронии Барак Обама дар Берлинро як издиҳоми бузурги мардум истиқбол кард

Суханронии Барак Обама дар Берлинро як издиҳоми бузурги мардум истиқбол кард

Сафари Барак Обама ба Олмон дар ҳоле сурат мегирад, ки қораи Аврупоро як мавҷи боварнокардании парастиши шахси ӯ фаро гирифтааст.

Ва аммои мояи чунин маъруфияти бемисли сенатор аз аёлати Иллинойс, ки соле пеш кам касе ӯро мешинохт, чист ва аз куҷо маншаъ мегирад?

“Шпигел”, аз мӯътабартарин маҷаллаҳои чопи Олмон муқоваи шумораи ин ҳафтаи худро бо як акси Барак Обама ва бо чунин зернавишт, ки “Олмон як ситораи бузургро пешвоз мегирад” оро додааст. Шоми панҷшанбе, вақте Барак Обама дар рӯбарӯи Пояи Пирӯзӣ, дар паси Рейхстаг ва дарвозаи Бранденбурги Берлин сухан хоҳад ронд, ӯро истиқболи гарму ҷӯшоне мунтазир хоҳад буд. Мақомоти пойтахти Олмон интизор доранд, ки то 1 миллион нафар барои шунидани паёми Барак Обама ба майдон бирезад.

Чун дар соъири Аврупо, Барак Обама дар Олмон низ маъруфият ва маҳбубияти бемислумонанд касб кардааст. Ба назари таҳлилгарон, чунин мизони баланди пуштибонӣ ва ҳимоят аз Обама қисман ба раисиҷумҳури кунунии Амрико Ҷорҷ Буш низ марбут аст, ки эътибори сиёсат ва шахсияташ дар қораи Аврупо хеле камранг шудааст. Аммо доманаи парастиши шахсияти Обама дар Аврупо хеле фаротар аз танҳо камрангии эътибори Буш будааст.

Барак Обама нахустин амрикоии африқоитабор аст, ки барои курсии раёсати ҷумҳурии Амрико вориди мубориза мешавад. Ва ба эътиқоди таҳлилгарон, ҳамин иттифоқ ончиро, ки дар Амрико ва мардумаш аврупоиҳоро ҳамеша ба ваҷд меовард, дубора ба ёди онҳо андохта, ва оғӯши онҳоро ба сӯи Амрико аз нав боз мекунад. Ҷозеф Брамл, коршиноси равобити фаро-Атлас ва сиёсати Амрико дар Шӯрои равобити хориҷии Олмон мегӯяд, таърихчаи акнун ҷаҳонгиршудаи зиндагии Барак Обама – аз марди сиёҳпӯсти кениёӣ ва зани сафедпӯсте аз як гӯшаи назарногир ва фақири аёлати Канзас ба дунё омадани ӯ - дар Олмон ва саросари Аврупо танин андохтааст.

Бар асоси натоиҷи як назарсанҷие, ки Бунёди Геллап дар ҳафтаи равон дар кишварҳои Аврупо анҷом дод, 64 дарсади мардум дар Фаронса, 62 дарсад дар Олмон ва 60 дарсади бритониёиҳо гуфтаанд, ки агар ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар моҳи ноябрро медоштанд, ба фоидаи сенатор аз аёлати Иллинойс райъ медоданд.

Ва ин дар ҳолест, ки Ҷозеф Брамл ва таҳлилгарони дигар мегӯянд, аврупоиҳо дар бораи хатти машши сиёсии Барак Обама, ба ҷуз аз мухолифати ӯ ба ҷанги Ироқ ва ин ваъдааш, ки гуфтааст, дар сурати пирӯзӣ ба ҷон ҷанг поён хоҳад дод, чизи зиёде намедонанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, мардуми Аврупо ду улгуеро аз Амрико барои худ кашидаанд, ки яке он кишварро ҳамчун як ҷомиъаи худбини пур аз рақобати бераҳмона тасвир мекунад ва якеи дигар – ҳамчун як майдони озодиву имконоти бепоён. Ва Барак Обама, дар зеҳни аксари аврупоиҳо ҳамон улгуи дуввумро ба намоиш даровардааст. Мисли Ҷон Кеннеди, раисиҷумҳури Амрико дар солҳои шаст.

Аммо Ҷозеф Брамл аз Шӯрои равобити хориҷии Олмон мегӯяд, Барак Обама, ба далели аз як хонаводаи хеле оддӣ бархестанаш, назар ба Ҷон Кеннеди, ки ба ҳар сурат, аз як хонаводаи маъруфи таъмин ва сарватманд буд, аз худ дар зеҳни мардуми Аврупо таъсири хеле амиқтаре барҷой гузоштааст.

XS
SM
MD
LG