Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама вазири берунаи Амрикоро таъин мекунад


Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон

Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон

Барак Обама, раисиҷумҳури мунтахаби Амрико, ба нақша гирифтааст, ки имрӯз дар як конфронси хабарӣ дар Чикаго гурӯҳи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии кобинаи худро эълон кунад.

Дар миёни онҳо хонум Ҳилларӣ Клинтон низ ҳаст, ки рақиби интихоботии вай дар Ҳизби демократи Амрико буд. Ҳилларӣ Клинтон дар кобинаи нави Обама мақоми вазири хориҷаи Амрикоро уҳдадор хоҳад буд. Дар миёни номзадҳо шахсиятҳое ҳастанд, ки бо Обама дар гузашта ҳамкории наздик доштаанд ва дар маъраки интихоботӣ бо вай як ҷо будаанд.

Вале Ҳилларӣ Клинтон ва Роберт Гейтс, вазири дифоъи кунунӣ, ки қарор аст дар кобинаи кунунӣ низ ин мақомро бар уҳда бигирад, аз рақибони Обама ба шумор мераванд. Бино ба иттилоъи манобеъи Ҳизби демократ, интизор меравад, ки Обама ҳуқуқдон Эрик Ҳолдерро вазири адлия ва Ҷанет Наполитано - волии аёлати Аризонаро вазири амнияти дохила таъйин кунад.

Имрӯз Обама ҳамчунин ду нафари дигарро, ки узви кобина нахоҳанд буд, вале дар давлати Обама нақши муҳим хоҳанд дошт, ба мақомҳои намояндаи Амрико дар СММ ва мушовири амнияти миллӣ муаррифӣ мекунад.

Сусан Райс мақоми намояндаи Амрико дар СММ ва генерали мустаъфӣ Ҷемз Ҷонз - мушовири амнияти миллии раисиҷумҳури мунтахаб хоҳад буд. Ҳафтаи гузашта Обама мақомҳои калидӣ дар гурӯҳи иқтисодии кобинаи худро эълон кард, ки дар миёни онҳо Тимотӣ Гатнер курсии вазири умури молиро ба даст овард. Муаррифии хонум Ҳилларӣ Клинтон ба моқоми вазири хориҷаи Амрико сафҳаи навест дар рақобатҳои интихоботии Ҳизби демократи Амрико.

Баъд аз он, ки Обама дар муборизаҳои интихоботии ҳизбӣ хонум Клинтонро шикаст дод, хонум Клинтон ба тарафи Обама гузашт ва онҳо як ҷо бар зидди Ҷон Маккейн - номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ муборизаро идома доданд. Хонум Клинтон дар яке аз суханрониҳояш ба ҷонибдорӣ аз Обама хитоб ба тарафдоронаш гуфт, ки Амрико ҳоло ба раисҷумҳури қавие, аз қабили Барак Обама, ниёз дорад.

Обама ва хонум Клинтон дар ҷараёни муборизаҳои интихоботӣ роҷеъ ба сиёсати хориҷӣ бо ҳам ихтилоф доштанд, бо вуҷуди ин ки сиёсати як ҳизбро муаррифӣ мекарданд. Масалан, хонум Клинтон ба ҷонибдорӣ аз ҷанги Ироқ раъй дода буд ва Обама вайро барои чунин тасмимаш интиқод мекард.

Ва ҳамин гуна баръакс, хонум Клинтон аз Обама интиқод мекард, ки аз камтаҷрибагӣ изҳор доштааст, ки мехоҳад бо раҳбарони Эрон ва Куба мулоқот кунад.

Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки ҷонибҳо роҷеъ ба масоили байнулмиллалӣ ақидаҳои худро ҳамоҳанг кардаанд ва сиёсатмадорон мегӯянд, ки хонум Ҳилларӣ Клинтон дар саросари ҷаҳон шахсияти шинохташудаест.

XS
SM
MD
LG