Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаҳиши Обама аз рӯди Потомак


Суханронии Барак Обама дар Александрия, аёлати Вирҷиниё дар 10 феврали соли 2008.

Суханронии Барак Обама дар Александрия, аёлати Вирҷиниё дар 10 феврали соли 2008.

Пирӯзии Барак Обама дар интихоботи ибтидоии се ҳавзаи дигар шонси ӯро ба номзадӣ дар интихоботи президентии Амрико ҷиддан тақвият дод.

Онҳое ки аз сароғоз интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳидаро ҳаяҷоновартарин сабқати Амрико дар даҳсолаҳои ахир номида буданд, маълум мешавад, иштибоҳ накардаанд.

Вале онҳое, ки монанди президенти феълии Амрико Ҷорҷ Даблю Буш дар тобистон соли гузашта, пешгӯӣ карданд, ки презденти ояндаи Иёлоти Муттаҳида зан хоҳад буд, шояд имрӯз дудила ҳастанд. Зеро рӯзи сешанбе дар ин сабқат як ҳодисаи вижа ба амал омад.

Ҷавонмарди сиёҳпӯст, Барак Обама, сенатор аз Иллинойс, на танҳо бештарини раъйҳои се ҳавзаи дигар, балки пуштибонии тарафдорони рақибаш Ҳилларӣ Клинтонро ба даст овард. "Тағйироте, ки мо дар орзуяш ҳастем, саросари Чизпикро фаро гирифта, аз рӯдхонаи Потомак убур кард ва Мэриленду Вирҷиниёро пӯшонд. Дар Вошингтон ҳам мо пирӯз шудем ва ин ҷунбиш то замоне ки худи пойтахтро тағйир надиҳад, боз нахоҳад истод."

Дар ҳоле ки гуфта мешуд, аксарияти занон аз номзади худ, хомуни Ҳилларӣ пуштибонӣ мекунанд, ин бор бештарини онҳо мафтуни Обама шуданд. Ва дар ҳоле ки мегуфтанд, афроди таҳсили олӣ тарафдори Обама ҳастанд, ин бор синфи коргари сафедпӯст низ ба Обама раъй дод ва ҳатто испонитаборони Амрико дар ин манотиқ акнун байни Обама ва Клинтон ним ба ним тақсим шуданд, ки дар гузашта дида намешуд. Ба таври умум, 80 дарсади демократҳо ин бор аз Обама пуштибонӣ карданд.

Бисёре аз таҳлилгарон инро як чархиши муҳим меноманд. Обама нишон дод, ки бо ҷазабаи шахсӣ ва даъватҳои қавӣ ба ваҳдати миллӣ, гузашт аз тафриқаҳои нажодиву ҷинсӣ, илҳоми нав дар тақвияти Амрико ва монанди инҳо метавонад, ба дастгириии аксарияти анвои гуногуни интихобкунандаҳо ноил гардад. Ба ин тартиб, Обама метавонад, аз Ҳизби демократи Амрико номзади интихоботи президентӣ шавад.

Аммо хонуми Клинтон низ ором нанишастааст. Ҳарчанд вай раҳбари маъаракаи интихоботии худро барканор кард, ба наӯзар намерасад, малул ва ноумед гашта бошад. Баракс умед дорад аввали моҳи март дар ду аёлати бузург -- Оҳайо ва Тексас пирӯз мегардад, ки шумори вакилонашон дар Анҷумани умумиҳибӣ аз аёлатҳои дигар бештар аст. Оҳайо макони синфи коргар аст ва аксариятро дар Тексас испонитаборон ташкил медиҳанд.

Клинтон аллакай дар Тексас аст ва шаби гузашта тарафдоронашро дар ин ҷо рӯҳбаланд мекард.Хонуми Клинтон мегӯяд, дар се ҳафтаи оянда ба ҳар гӯшаи Тексас сар хоҳад зад, то паёми худро бирасонад, ки Амрико ба чи эҳтиёҷ дорад.

Як пурсиши маъмулии журналистони амрикоӣ имрӯзҳо ин аст, ки аз нахустин президенти зан ҳимоят мекунед ё аз аввалин президенти сиёҳпуст? Барои посухдиҳанда ҳифзи одоби сиёсӣ дар баробари чунин суол мушкил аст ва аксарият посухи бомудоро медиҳанд. Рушан шудани мавзеъи онҳо номзади ояндаи демократҳоро муайян хоҳад кард ва ончи рӯзи сешанбе дар Мэриленд, Вирҷиниё ва шаҳри Вошингтон ба амал омад ба эҳтимоли зиёд ба тасмими ниҳоии онҳо таъсири амиқ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG