Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Барак Обама аз ниҳодҳои амниятии ИМА


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, эътироф кард, ки дар талоше барои мунфаҷир сохтани ҳавопаймои Амрико дар рӯзи Милоди Масеҳ "холигоҳи феҷеаовари амниятӣ" вуҷуд доштааст.

25-уми декабри соли ҷорӣ Умар Фаррух Абдуматаллаб -шаҳрванди 23-солаи Нигерия тавонист бо моддаи мунфаҷира аз фурӯдгоҳи Лагоси Африқо то ба шаҳри Амстердами Голландия парвоз кунад ва аз Амстердам ба ҳавопаймои Детройти Амрико нишинад. Дар ин ду фурӯдгоҳ пеш аз нишасти вай ба ҳавопаймоҳо касе аз кормандони амниятӣ ва гумрук моддаи мунфаҷираро кашф накардаанд.

Раисиҷумҳури Амрико роҳ додани як бомбгузори машкук ба дохили ҳавопаймои амрикоиро "иштибоҳи инсонӣ ва мунтазам" арзёбӣ кард. Дар ду рӯзи ахир Обама ду дафъа дар телевизиёнҳо зоҳир шуд ва дар ин бора изҳорот дод.

Умар Фаррух Абдумуталлаб бо вуҷуди иртибототи шубҳабарангезаш бо шабакаи террористии Ал-Қоида ва ҳушдори падари вай савори ҳавопаймои амрикоӣ шудааст. Абдумуталлаб, ки ҳоло дар як боздоштгоҳи Амрико ба сар мебарад, барои талоши инфиҷори як дастгоҳи оташзо дар дохили ҳавопаймо муттаҳам дониста мешавад.

Ин рӯйдод боиси ташдиди мунозираҳо роҷеъ ба тавоноии нируҳои амниятӣ дар ифшо ё пешбинии чунин ҳодисаҳо дар Амрико шудааст. Ҷумҳурихоҳон низ, ки аз мухолифони демократҳо мебошанд, аз ин нокомӣ дар ифшои талоши бомбгузорӣ интиқод кардаанд.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ вақте, ки падари Абумуталлаб дар бораи иртиботи писараш бо шабакаи Ал-Қоида дар Яман ба сафорати Амрико дар Нигерия хабар дод, бори аввал ин хабар ба ниҳодҳои кашфи Амрико расонда шуда буд.

Умар Фаррух Абдулмуталлаб, ки мехост ҳавопаймои хатсайри Амстердам-Детройтро мунфаҷир созад, ба шабакаи террористии Ал-Қоида марбут дониста мешавад
Бино ба хабари "Нию Йорк Таймс", сафорати Амрико дар Нигерия ин хабарро ба вазорати умури хориҷаи Амрико дар Вошингтон фиристод ва номи Умар Фаррух Абдумуталлаб ба феҳристи 550 000 афроди дорои иртибот бо
ал Қоида ворид карда шуд.

Вале номи вай ба феҳристи афроде, ки ба парвозҳо роҳ дода намешаванд, ворид нашуда буд. Дар ин феҳрист номи 4 000 нафар ворид шудааст. Маълумот дар ин бора ба ниҳодҳои дигари ҳукумати Амрико низ фиристода нашуда буд.

Дар ҳамин ҳол, мақомот ба "Ню-Йорк Таймс" гуфтаанд, ниҳодҳои кашфи давлатӣ аз Яман маълумот доштаанд, ки раҳбарони бахши Ал-Қоида дар Яман як шаҳрванди Нигерияро барои анҷоми амали террористӣ омода мекунанд.

Барак Обама зимни сухунони худ изҳор дошт, ки нафиристодани чунин маълумот ба ниҳодҳои кашф имкон додааст, ки шахси шубҳабарангез ба ҳавопаймо роҳ ёбад. Обама гуфт, "вақте, ки ҳукумати мо дар бораи ифротии шинохта маълумот дорад ва он маълумот ба якдигар фиристода намешавад ва он гуна, ки зарур аст, чора андешида намешавад, дар он сурат ифротӣ бо дастгоҳи хатарноки мунфаҷира ба ҳавопаймо менишинад. Дар он сурат чунин кор ба баҳои ҷони тақрибан 300 нафар сарнишинони ҳавопаймо анҷом меёбад. Ин натиҷаи нокомии мунтазам аст ва ман онро комилан ғайриқобили қабул медонам".

Аз сӯи дигар мухолифон аз ҷиноҳи ҷумҳурихоҳон дар ин рӯзҳо барои масъалаҳои амнияти миллӣ давлати Обамаро мавриди интиқод қарор додаанд. Ин интиқодҳо, ба вижа ба хонум Ҷанет Наполитано-вазири амнияти дохилӣ дахл дорад, ба вазире, ки маъмулан мегӯяд, "низом кор мекунад".
XS
SM
MD
LG