Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Барак Обама ба ниҳодҳои молии Амрико


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ниҳодҳои молии кишварашро ҳушдор дод, ки онҳо набояд дубора ба рафтори, ба гуфтаи ӯ, “ноандешида” ва “масрафоти беш аз ҳадд”-е баргарданд, ки бонкҳои амрикоӣ дар айни ҷӯши бӯҳрони молӣ доштанд ва ин ҳама ба пасрафти кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ овард.

Обама дар солгарди расвоии молии бонки маъруфи “Lehman Brothers” гуфт, ниҳодҳои молӣ наметавонанд рӯи кӯмакҳои бештари молӣ, ки аз ҷайби андозсупорандагон аст, ҳисоб кунанд. Ӯ афзуд, иқтисод ва низоми молӣ феълан аз дубора рӯ ба эҳё овардани худ аломат медиҳанд, вале “чунин оддӣ шудани вазъ набояд мояи ризоияти беш аз ҳадд шавад.”

Обама аз ислоҳоти, ба гуфтаи ӯ, лозим, аз ҷумла перомуни қоидаҳои нави дифоъ аз истеъмолкунандагон ва анҷоми шурути танзимкунандаи фаъолияти низоми молӣ сӯҳбат кард.

Варшикастагии “Lehman Brothers” , ки бузургтарин мавриди расвоии молӣ дар таърихи Амрикост, ҳассостарин марҳалаи бӯҳрони молӣ ба шумор меояд. Аммо акнун, ба эътиқоди Барак Обама, сахттарин мароҳил, тавре ба назар мерасад, пушти сар шудааст.

Сӯҳбатҳои раисиҷумҳури Амрико дар ҷараёни кори Волл Стрит таъсири чандоне надошт, вале натоиҷи назарсанҷие, ки Ассошиэйтед Пресс дирӯз нашр кард, ҳокист, ки 80 дарсади амрикоиҳо ҳанӯз мутмаинанд, ки иқтисод ҳамчунон дар як ҳоли заъф боқӣ мемонад.

Гузашта аз ин, бархе мушовирони аршади Обама дар умури иқтисодӣ, аз ҷумла барандаи ҷоизаи Нобел Ҷосеф Стиклитс ва раиси собиқи Бонки марказии Амрико Пол Воукер ҳушдор медиҳанд, ки низоми молӣ имрӯз метавонад дар вазъи хеле бадтар аз давраи қабл аз оғози бӯҳрон қарор бигирад. Онҳо мегӯянд, мушкил ин ҷост, ки давлат ё намехоҳад ва ё наметавонад ҳаҷм ва нуфузи ниҳодҳои молиро маҳдуд кунад.

Барак Обама низ дар суханрониаш ба ин паҳлӯи хеле сиёсишудаи масъала дахл кард. Ӯ гуфт, дар ҳоле ки зарурати дахолати давлат ба манзури ба ҳолати оддӣ баргардондани низоми молӣ побарҷост, ин зарурат батадриҷ кам мешавад. Обама гуфт, давлати Амрикоро лозим аст, маҳдудиятҳои ҷорикардаашроо аз байн бардорад, вале ин корест, ки на як давлат, балки бояд ҳамаи кишварҳо муштаракан анҷом диҳанд.

Ӯ афзуд, ки маъмурияташ вокунишҳои ҳамоҳангшуда ба хотири ташвиқи эҳёи иқтисод ва таъмини пешрафти иқтисодиро дар байни бузургтарин иқтисодҳои дунё ва бузургтарин иқтисодҳои дар ҳоли рушд раҳбарӣ мекунад.

Раисиҷумҳури Амрико ҳамчунин ба Волл Стритт ёдрас кард, ки аксари ширкатҳое, ки инак дубора ба пайроҳаи рушди назаррас бармегарданд, бояд қарзи худро дар назди мардуми Амрико фаромӯш накунанд. Мардуме, ки ба гуфтаи Обама, бори аслии ёриҳои ҳангуфти иқтисодиро бар дӯш дошт ва ҳанӯз ҳам бо аз даст додани ҷойи кору манзил ва имконоти худ заҷри пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳониро мекашад.

Обама гуфт, ширкатҳои рӯ ба рушд ниҳода бояд тавассути қарзҳои боимтиёз ба тиҷорати хурд ва қарзи боимтиёзи манзил ба хонаводаҳои мӯҳтоҷи сарпаноҳ ин қарзи худро ба мардум баргардонанд.
XS
SM
MD
LG