Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бӯҳрони молӣ - бори гароне бар души Обама


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама аз тирамоҳи гузашта, ки ҳанӯз барои курсии раёсати ҷумҳурии Амрико мубориза мебурд, медонист, ки дар сурати пирӯзӣ ба ду ҷанг – дар Афғонистон ва Ироқ - ва ба касри афзояндаи буҷа рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар рӯбарӯи чунин чолишҳо Обама маҷбур аст, роҳҳои аз чанголи бӯҳрони иқтисодии аз замони Бӯҳрони бузурги солҳои 1929-1933 бесобиқа наҷот додани Амрикоро биҷӯяд.

Шаби сешанбе, панҷ ҳафта баъд аз адои савганди раёсатҷумҳуриаш Барак Обама нахустин паёмаш ба ҳарду маҷлиси Конгресс ва ба мардуми Амрикоро ироа кард. Ин суханронӣ перомуни то куҷо амиқ рафтани мушкил ва ҳам иқдомоте буд, ки давлати ӯ ба хотири муқобила ба бӯҳрон рӯи даст хоҳад гирифт. Аммо Обама хушбинона гуфт, ӯ мутмаин аст, ки мардуми Амрико ба хотири бунёди ояндаи қавии иқтисодии кишвар дӯшодӯш талош варзида, аз худ дареғ нахоҳанд дошт.

Барак Обама суханрониаш дар Конгрессро билофосила аз мағзи масъала оғоз кард ва гуфт, дар вартаи як бӯҳрони шадиди иқтисодӣ уфтодани иқтисоди Амрико ҳақиқати маълум аст ва ниёз ба тавҷеҳ надорад. Аммо ӯ хушбинона афзуд, ки мушкил ҳарчанд содда нест, вале ба андозае амиқ нарафта, ки ҳаллуфаслаш ғайримумкин бошад.

Аммо расидан ба ин ҳадаф корест хеле мушкил ва хеле пурхарҷ. Вазорати дороии Амрико аз 700 миллиард доллари барои кӯмак ба бонкҳои бӯҳронзада ҷудошуда нисфашро масраф карда ва Обама ҳафтае қабл ба қонуне имзо гузошт, ки иттихози 787 миллиард доллари дигар ба хотири муқобила бо асароти бӯҳрони молиро дар бар мегирад.

Барак Обама гуфт, масрафоти бештар, аз ҷумла барои афроди бидуни бимаи тиббӣ, беҳбуди низоми маориф ва коҳиш додани вобастагии Амрико аз нархи нафт ҳанӯз дар пеш аст. Дар ҳоле ки бӯҳрони молӣ барои бисёриҳо ғайричашмдошт ба назар мерасид, Обама гуфт, ин бӯҳрон батадриҷ тайи қариб як даҳсола бар асари ҳарисии бархе бонкдорон ва назорати бади давлат пухта расидааст.

Обама бо ишора ба интиқоди вакилони ҷумҳурихоҳи Конгресс гуфт, албатта, барномаи кӯмак ба иқтисоди Амрико пурҳазина аст, вале дар дар шароите, ки тайи 14 моҳи охир дар кишвар беш аз 3,5 миллион нафар аз ҷойи кор маҳрум шудаанд, танҳо чунин барномаи амиқу фарогир ва пурҳазина метавонад иқтисоди Амрикоро наҷот бидиҳад.

Боббӣ Ҷиндал, волии аёлати Луизиана, ки бино ба гузоришҳо, ба эҳтимоли ғолиб дар интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии Амрико дар соли 2012 номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ хоҳад шуд, дар посух ба президент гуфт, барномаи пешниҳодии ӯ марбут ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ нест, балки ба гуфтаи ӯ, “хароҷоти беҳуда”-ест, ки бозпардохташ чанд даҳсоларо тақозо хоҳад кард.

Барак Обама дар суханрониаш ба масоили сиёсати хориҷии Амрико низ пардохт ва аз ҷумла гуфт, маъмурияти ӯ ба ҷангиёни Ал-Қоида иҷоза нахоҳад дод, ки паноҳгоҳҳои амни худ дар Покистонро ба хотири анҷоми ҳамалот алайҳи Амрико истифода баранд. Аммо ҳатто зимни баррасии масоили байналмилалӣ ҳам Обама ба мавзӯъи асароти бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бармегашт. Дар поёни суханрониаш, раисиҷумҳури Амрико такя ба тақвияти иқтисоди Амрикоро заминаи пешрафту шукуфоии ҷаҳон ва ҳамин тавр, такя ба тақвияти иқтисоди ҷаҳонро заминаи пешрафту шукуфоии Амрико номид.
XS
SM
MD
LG