Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Обама ба олами ислом чӣ хоҳад дошт?


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, рӯзи 4-уми июн, аз Қоҳира, пойтахти Миср бо як паём ба мусулмонони ҷаҳон муроҷиат хоҳад кард.

Дар арафаи паёми Обама дар бораи мӯҳтавои нутқи ӯ ҳадсу тахминҳои зиёде нашр мешаванд.

Росс Колвин, таҳлилгари Ройтерз, мегӯяд, Обама дар ин нутқаш талош хоҳад кард, вартаи бегонагиро, ки сиёсатҳои ҳукумати пешинаи Амрико дар байни ин кишвар ва олами ислом ба вуҷуд овардааст, аз байн барад.

Бархе аз коршиносон бар инанд, ки паёми Обама агар дар ибтидо ба зиёда аз 1 миллиард мусулмони ҷаҳон нигаронида шуда буд, ба
Инчунин интизор меравад, ки вай дидгоҳи рӯшани ҳалли сиёсии қазияи Фаластинро, ки мояи низоъи Ховари Миёна шумурда мешавад, пешниҳод мекунад...
иллати тамаркуз ёфтанаш ба низоъи Ховари Миёна бештар вижагии арабӣ пайдо хоҳад кард. Аммо ташвиқ ба Ховари Миёнаи босуботтар ва шукуфон на танҳо ба манфиати дарозмуддати амниятӣ ва иқтисодии Амрикост, балки мояи хушбинии мусулмонони ҷаҳон низ буда метавонад.

Колвин менависад, президенти Иёлоти Муттаҳида ҷӯёи кӯмаки давлатҳои мӯътадили исломӣ, ки аксариятро ташкил медиҳанд, гашта, талошҳои пешинаи рӯёрӯӣ бо барномаи ҳастаии Эронро тақвият хоҳад дод. Вай паёми худро ба тармими равобит бо ҷаҳони ислом истифода хоҳад кард, ки зимни ишғоли Ироқу Афғонистон аз тарафи эътилофи таҳти сарварии Амрико, бадрафторӣ бо гумонбаршудагони терроризм дар Гуантанамо ва маҳбаси Абуғрейби Ироқ тахриб дидаанд.

Аммо оё интизороти худи мусулмонон аз паёми Обама чӣ буда метавонад? Имод Ёд, коршиноси Маркази омӯзишҳои стратегӣ ва сиёсии Ал-Аҳром дар Қоҳира мегӯяд: "Интизороти густардае ҳаст, ки сафари президент Обама аз тариқи паёми ӯ сафҳаи наверо дар муносибатҳо бо ҷаҳони араб ва ислом боз мекунад. Ҳамчунин интизор меравад, президент Обама дидгоҳи рӯшани оштӣ ва қатъи корбасти истилоҳотеро монанди "ҷанги зидди террор" ба миён хоҳад гузошт. Инчунин интизор меравад, ки вай дидгоҳи рӯшани ҳалли сиёсии қазияи Фаластинро, ки мояи низоъи Ховари Миёна шумурда мешавад, пешниҳод мекунад."

Чунин интизорот тақрибан дар ҳамаи кишварҳои мусулмон ба гӯш мерасад.

Бархе аз коршиносон нутқи Обамаро мушкилтарин паёми президенти Амрико дар тӯли таърих меноманд ва изҳори шубҳа мекунанд, ки он хоҳад тавонист, ба вазъият тағйире ворид кунад. Аз сӯи дигар ин паём дар арафаи ду интихоботи муҳим дар олами ислом, яке дар Эрон ва дигаре дар Лубнон садо хоҳад дод. Шумориши таъсири эҳтимолии он ба ин маъракаҳо низ ҷои каме барои гардиш боқӣ мегузорад.

Намояндаи Кохи Сафед ин хабарҳоро, ки гӯё дар паёми Обама аз муҳимтарин нукоти барномаи Амрико дар сулҳи Ховари Миёна пардабардорӣ хоҳад шуд, рад кард. Вале коршиносон мегӯянд, Обама бе намоиши ҷиддияти худ дар ин масъала ва бе эълони ҷузъиёти қавии барномааш дар Ховари Миёна гумон аст, ба аҳдофи худ дар паём ба олами ислом расида тавонад.
XS
SM
MD
LG