Пайвандҳои дастрасӣ

Эътимоди Обама ба барномаи иқтисодияш


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар як нишасти хабарӣ мардуми Амрико ва ҷаҳониёнро итминон дод, ки сиёсати давлати вай дар бораи дубора барқарор кардани иқтисоди Амрико натиҷа хоҳад дод.

Барномаҳои Обама дар бораи барқарорсозии иқтисод гоҳ-гоҳе аз тарафи на танҳо мухолифонаш ҷумҳурихоҳон, балки аз тарафи муттаҳидони демократаш низ барои масорифи бесобиқа мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст. Вай дар ин бора аз тарафи баъзе раҳбарони аврупоӣ низ ишораҳои интиқодӣ шунидааст, раҳбароне, ки қарор аст 2-юми апрел бо онҳо дар Лондон мулоқот кунад. Бо вуҷуди чунин душвориҳое, ки дар рӯ ба рӯи давлати вай қарор дорад, раҳбари Амрико гуфт, вай ба муваффақияти роҳи пешгирифтаи худ бовар дорад.

Барак Обама конфронси хабариро бо дархости сабру таҳаммул оғоз кард. Вай дар ин конфронс гуфт, равандҳои нодурусти молӣ солҳо давом кардааст ва ҳукумат дар ин муддат ин равандҳоро аз назар худ дур гузоштааст. Ба ин сабаб сатҳи иқтисод то дараҷае поин рафтааст, ки барқарории он барои ҳукуматҳо ва ҷаҳониён солҳоро дар бар мегирад.

Обама дар бораи стратегияи худ сӯҳбат кард ва гуфт, ки ба ин стратегия наҷоти бонкҳои нодори пули нақд, эҷоди ҷойҳои корӣ, беҳбуди хадамоти беҳдоштӣ ва ворид шудани пул аз бахши иқтисод дохил мешавад.

Ба ақидаи вай, чунин стратегия метавонад раванди рушдро таъмин кунад. Вай ба кормандони пулис ва муаллимон ишора кард ва гуфт, ки ҷойҳои кори худро тарк накунанд. Обама афзуд, танзими нархи хона нахустин нишонаҳои муваффақият аст. Ба гуфтаи Обама, аз ҳисоби 787 миллиард доллари барномаи танзими иқтисод ҷойҳои корӣ низ иҷод хоҳад шуд. Вай таъкид кард, ки ба 3 триллиону 600 миллиард доллар буҷаи Амрико эҷоди ҷойҳои корӣ низ дохил мешавад ва вай ин буҷаро ба Конгресс пешниҳод мекунад.

Дар ҳамин нукта президент Обама ба интиқоди мухолифонаш рӯ ба рӯ шудааст. Онҳо мегӯянд, ҳамаи ин масориф ба камбуди ноустувор боис мешавад. Ҳатто Дафтари ғайриҳизбии буҷа дар Конгресс мегӯяд, касри буҷа дар даҳ соли оянда ба 9 триллиону 300 миллиард доллар хоҳад расид. Аммо Обама таъкид мекунад, ки ин бартариҳои буҷа дақиқан ҷанбаҳое мебошанд, ки иқтисод ба он зарурат дорад.

Обама ҳамунин дар бораи 165 миллион доллар подошҳои пулии бузургтарин ширкати бимаи Амрико бо номи Эй Ай Ҷӣ сӯҳбат кард, ки ба раҳбарони иҷроии худ пардохт кардааст ва ин кор барои ба вуҷуд омадани бӯҳрони молӣ кумак кардааст. Ин ширкати бима даҳҳо миллиард доллар аз давлат гирифтааст, то бонкҳоро аз суқут наҷот диҳад. Обама дархост кард, ки барои ислоҳи ин кор хештандорӣ нишон диҳанд.

Дар ҳоле, ки давлати Барак Обама барои рафъи бӯҳрон бештар ба масорифи зиёди пул тамаркуз кардааст, баъзе кишварҳо, ба вижа кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла ҳукумати Ангела Меркел - нахуствазири Олмон талош доранд масорифи худро камтар кунанд.

Онҳо ҳамчунин аз равиши давлати Амрико интиқод кардаанд ва бар ин ақидаанд, ки мумкин аст чунин равиш боиси таварруми пул шавад. Обама дар робита бо мулоқоти раҳбарони кишварҳо дар Лондон гуфт, вай таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба он ҷалб хоҳад кард, ки чӣ тарз онҳо метавонанд роҳҳои расидан ба чанд ҳадафро муштаракан пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG