Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори раиси давраии САҲА аз Қирғизистон


Александр Стубб, раиси давраии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо
Александр Стубб, раиси давраии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо

Александр Стубб, вазири хориҷаи Финландия ва раиси давраии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, рӯзи душанбе вориди Қирғизистон шуд.

Ба иттилоъи манбаъҳои расмии қирғиз, Александр Стубб дар ин кишвар ду рӯз ба сар хоҳад бурд. Дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Қирғизистон дар ин маврид мегӯяд, ки сафари Александр Стубб ба Бишкек дар чаҳорчӯби сафари раиси давраии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо сурат гирифт, ки вай ҳар сол дар соири кишварҳои узви ин созмон анҷом медиҳад.

Бурул Усмоноалиева, корманди масъули дафтари САҲА дар Бишкек, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки мулоқотҳои Александ бо президент Боқиев, раиси порлумон Айтибой Тағоев ва вазири хориҷа Эднан Қаробоев барои рӯзи сешанбе муқаррар шудааст. Ба гуфтаи хонум Усмоналиева, ин мулоқотҳо бидуни ширкати хабарнигорон ва пушти дарҳои баста сурат хоҳанд гирифт.

Мавсуф афзуд, иҷрои ӯҳдадориҳои Қирғизистон дар назди САҲА, ҳифзи марз, амнияти экологӣ, риояи ҳуқуқи башар, таҳкими ҳамкориҳо ва амнияти минтақавӣ аз масъалаҳое маҳсуб мешаванд, ки дар мулоқотҳои Александ Стубб бо мақомоти раҳбарии Қирғизистон матраҳ хоҳанд шуд.

Толуқон Исмоилова, раиси созмони ғайридавлатии «Мубориза бо фасод», мақараш дар Бишкек, зимни як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки ба Қирғизистон омадани раиси давраии САҲА рамзист ва он дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳуқуқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми кишвар ба бӯҳрони шадид мувоҷеҳ шудааст. Ҳамсӯҳбатам афзуд, аз ин лиҳоз муҳим аст, Қирғизистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи САҲА битавонад, ки ин бӯҳронро аз роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл намояд.

Раиси созмони «Мубориза бо фасод» гуфт, ки қонунгузориҳои Қирғизистон дар мавриди манъи шиканҷа мусоидат наменамоянд, ба далели ин мубориза бо шиканҷа ягон натиҷаи мусбат ба бор наовардааст. Толуқон Исмоилова даъвои Қазоқистонро ба мақоми раиси давравии САҲА фоли нек шумурд. Ба гуфтаи ӯ, аммо ҳаками асосӣ вақт аст ва вақт нишон хоҳад дод, ки Қазоқистон ба ҳайси раиси давравии САҲА пазируфта хоҳад шуд ё на.

XS
SM
MD
LG