Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадшоҳ, Нурӣ, Ораш, Раҳмонов ва Тӯраҷонзода. Ин афродро чӣ ба ҳам мепайвандад?


Зуҳури дубораи чеҳраи сиёсӣ ва мавқеъгириҳои Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳур, сафари Ораш ба Душанбе ва бетартибиҳои мухлисони ӯ дар кӯчаҳои ин шаҳр, пешниҳоди номзадии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон, панҷумин солгарди қатли Аҳмадшоҳи Масъуд ва инчунин амали террористӣ дар Амрико ва ба мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ роҳхат гирифтани дастаи наврасони футболи Тоҷикистон аз мавзӯъҳои аслии шумораҳои тозаи нашрияҳои чопи Душанбе буд.

Ҳафтаномаи «Вақт» дар матлабе бо унвони «Се Тӯраҷонзода» менависад: «...Дар зиндагиномаи баъдиҷангии Тӯраҷонзода се ҳолатеро дарёфт намудан мумкин аст, ки ӯ бевосита ба воқеаҳои сиёсии мамлакат мавқеъгирии ҷиддии худро ошкор намуд. Ин се ҳолат кадомҳоанд ва чаро ба вуҷуд омаданд? Чаро ин се ҳолат имконоти Тураҷонзодаро ба ҳайси як «чеҳраи кашфношуда» ба сифр баробар карданд?»

Ва хулоса мекунад: «...Мавқеъи як шахсияти ба ақидаи баъзеҳо кашфношуда фикр мекунам барои ҳамеша кашф гардид. Акнун Тӯраҷонзода шахсияти сиёсие нест, ки барои доираҳои сиёсӣ мавқеаш нокушода монда бошад ва аз ин хотир аз ӯ «ҳарос» ба миён биёяд. Вале ин маънои онро надорад, ки мардуми Тоҷикистон дар баробари фаъолиятҳои сиёсии Тураҷонзода ба ҳама саволҳои худ посухи дуруст пайдо кардаанд. Аз ҷумла, ба саволи «Чаро дар ҳолатҳои зарурӣ даст «ба фаъолиятҳои сиёсӣ» мезанад ва чаро як пайдо мешаваду як нафарро таблиғ мекунаду боз барои 5-7 соли дигар паси соягиҳо мегардад?».

Дар ҳамин ҳол, нашрияи «Миллат» сӯҳбати ихтисосӣ бо оқои Тӯраҷонзодаро ба нашр расонида, хулоса кардааст, ки Тӯраҷонзода орзу дорад, шахси аввали ҳукумати Тоҷикистон дар ҳашт-даҳ сол иваз шавад, вале Эмомалӣ Раҳмонов истисност.

Ва ҳамзамон «Миллат» баҳси зиёӣ, ҷомеа ва динро бо нашри посухи бародари Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Маҳмудҷон Тӯраҷонзода ба сӯҳбати нашрия бо Зиё Абдуллоҳ идома додааст. Оқои Маҳмудҷон дар ин андешарониҳои худ чунин хулоса мекунад: «Шояд Зиё Абдулло бо истифода аз ҳаққи озодандешӣ, ки имрӯз тибқи низоми мавҷуда дар ихтиёр дорад, ҳақ дорад Худо ва биҳишту дӯзахро инкор намояд, вале баъд аз инкор дигар ҳақ надорад на аз назари шариъати муқаддаси ислом ва на аз назари мантиқ, ки худро мусалмон бихонад».

Ин дар ҳолест, ки «Адолат», нашрияи Ҳизби демократии Тоҷикистон ба вазъи низоми сиёсии кишварҳои Осиёи марказӣ пардохта дар матлабе зери унвони «Ҳамеша бошӣ, Ҷаноби Олӣ!» суол додааст: «Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ақидаҳо дар бораи дар заминаи ҷумҳуриҳои мавҷуда барпо намудани давлатҳои шоҳигарӣ авҷ мегирад. Оё Тоҷикистон метавонад дар бораи шоҳигарӣ андеша дошта бошад?»

Ва нашрия дар паи ин суоли худ аз фаоълияти ҳукуматҳои ин кишварҳо чунин натиҷагирӣ кардааст: «... Сарварони ин кишварҳои демократисоз меъёри асосии демократия-интихоботро умуман сарфи назар мекунанд. Ин аст, ки дар ҳеҷ кадоме аз ин кишварҳои Осиёи Марказӣ ягон раҳбари давлат таи 15 соли ахир аз мансаб нарафтаанд. Истисно фақат ду нафар буда метавонад: Қурмонбек Боқиев, ки баъди 14 соли сарварии Аскар Акаев ӯро иҷборан аз сари мансаб дур кард ва Эмомалӣ Раҳмонов, ки собиқаи роҳбариаш танҳо соли оянда ба 15 сол мерасад».

Аммо нашрияи «Зиндагӣ» аз сафари Ораш, сарояндаи маъруфи иронитабори муқими Шведсия ба Душанбе ва аз бетартибиҳои мухлисон дар паи рӯзи аввал баргузор нашудани барномаи консертии эъломдоштаи ӯ хабар додааст. «Зиндагӣ» матлаби худро «Буру-буру», ки «тике-тике» мешавӣ» унвон гузошта, менависад «Шояд Ораш ба ҷои узрхоҳӣ ба ҳаводоронаш чунин мегуфт мувофиқтар буд» ва меафзояд, «Зеро тибқи баъзе маълумотҳо дар ин бетартибӣ беш аз 20 воситаҳои нақлиёти шаҳрӣ-автобусу троллейбусҳо хароб карда шудаанд, миқдори машинаҳои хусусии зарардида беш аз 200 адад арзёбӣ мешавад. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи баъзе маълумотҳо то 30-40 нафар ҷавонони авбош боздошт гардиданд».

«Наҷот», нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси собиқи ин ҳизб дар матлабе корномаи сиёсии ӯро ба таҳлил кашида ва пешниҳод кардааст, ки оқои Нурӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон қадр шавад: «Шахсияти бедори миллат амсоли устод Нурӣ ҳаргиз барои унвону мукофот кору зиндагӣ накардаанд, балки дидгоҳ ва аҳдофи онон фаротар аз ин масъалаҳо буду ҳаст. Қадршиносӣ ва накӯдошти ин гуна чеҳраҳои таърихсоз ва муслиҳ барои худи мо лозим аст, то хешро дар оинаи осору афкори созанда ва ибратбахши онон хубтар бишиносем ва ба қадри бузургони воқеӣ ва Ватану миллати азизамон бирасем».

Ҳамчунин, дар ин шумораи худ нашрияҳои чопи Душанбе аз баргузории тантанаҳои ҷашни 15 - солагии истиқлолияти Тоҷикистон ва 2700 - солагии шаҳри бостони Кӯлоб, панҷумин солгард аз рӯзи марги қаҳрамонии миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва бузургтарин амали террористии қарн дар Амрико хабар дода, назари худро ба ин воқеот баён кардаанд.

Аммо шояд ҷолибтарин хабари варзишӣ барои Тоҷикистон ин буд, ки барои бори аввал дастаи футболи наврасони то 17 солаи тоҷик барои ширкат дар мусобиқоти ҷоми ҷаҳонӣ роҳхат гирифт ва соли 2007 дар Куриёи Ҷанубӣ шарафи кишвар ва қитъаи Осиёро дар ин мусобиқот дифоъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG