Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян аз барномаи ҳастаияш даст мекашад


Музокироти барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар Пекин 3 рӯз идома кард
Музокироти барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар Пекин 3 рӯз идома кард

Музокироти барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар Пекин бо ризоияти Пхенян ба ҳузури нозирони хориҷӣ ҳини демонтажи таъсисоти ҳастаияш поён ёфт.

Кореяи Шимолӣ ҳамчунин розӣ шуд, фаъолияти корхонаҳои ҳастаияшро то моҳи октябр қатъ кунад. Ин тавофуқ рӯзи шанбе дар пайи 3 рӯзи музокироти намояндагони Амрикову Чин, Русияву Ҷопон ва ҳарду Кореяи ҷанубиву шимолӣ дар Пекин ба даст омад. Ҷузъиёти тавофуқоти бадастомада дар баёнияи муштараке омадааст , ки раҳбари ҳайъати Чин Ву Давей қироат кард.

Ву Давей гуфт, кишварҳои узви музокироти шашгона дар мавриди наҳваи назорат бар ҷараёни қатъи фаъолияти корхонаҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ тавофуқ карданд. Ин тавофуқ аз ҷумла боздиди коршиносони ин 6 кишвар аз таъсисоти ҳастаии Кореяи Шимолӣ, таҳқиқи аснод ва сӯҳбат бо кормандони фаннии корхонаҳои ҳастаии он кишварро дар бар мегирад. Ву Давей афзуд, дар сурати зарурат, аз Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ низ дархости кӯмак ва машварат хоҳанд кард.

Аммо тавофуқи ниҳоӣ дар мавриди наҳваи назорати нозирони хориҷӣ бар ҷараёни тахриби таъсисоти ҳастаии Кореяи Шимолӣ ҳанӯз ҳосил нашуд. Кристофер Ҳилл, раҳбари ҳайъати Амрико дар музокироти Пекин вале гуфт, дар роҳи расидан ба созиш дар ин мавзӯъ мушкили бузурге мавҷуд нест: “Пеш аз ҳама, ин протокол дар зарфи 45 рӯз ба даст хоҳад омад ва сипас, назорат дар зарфи 45 рӯзи дигар амалан ба роҳ андохта хоҳад шуд. Мо танҳо ҳаминро интизор дорем ва дар роҳи расидан ба ин кадом мониаеро намебинем.”

Аммо намояндаи Кореяи ҷанубӣ дар музокироти Пекин Ким Сук масоили бозмондаро нисбат ба масоили ҳаллшуда як кори содда арзёбӣ кардааст. Ин даври музокироти шашгона бар сари барномаҳои ҳастаии Кореяи шимолӣ дар Пекин рӯзи 10 июл, баъд аз 9 моҳи фосила, оғоз ёфта, баъди 3 рӯз бо тавофуқоти ёдшуда ба поён омад. Кореяи Шимолӣ баъд аз як муддати хеле тӯлонӣ дар поёни моҳи июн ризоияташ ба қатъи фаъолиятҳои ҳастаиии худро эълом кард ва ба дунбол, як манораи гармизудоро дар корхонаи ҳастаии воқеъ дар Ёнгбиён тахриб ҳам кард.

Эъломи чунин ризоият яке аз талаботи аслии тавофуқоти дар соли гузашта бадастомада дар музокироти шашгона буд. Бар асоси он тавофуқот, Кореяи шимолӣ розӣ шуда буд, дар ивази як силсила имтиёзоти дипломатӣ ва кӯмакҳои иқтисодӣ аз идомаи барномаҳои ҳастаияш даст бардорад.

XS
SM
MD
LG