Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷорҷ Даблю Буш, раисиҷумҳури Амрико, аз эъломияи деринтизори Кореяи Шимолӣ дар мавриди барномаи ҳастаии он истиқбол кард, вале...

Аммо Буш ба нигарониҳои боқимонда дар ин робита таъкид карда, исботи бештари иттилоъи марбут ба ғанисозии ураниум, таслиҳоти ҳастаӣ ва адами густаришро хостор шуд. Ӯ афзуд, ки дар посух ба изҳороти Кореяи Шимолӣ таҳримҳои калидии тиҷоратии зидди Пхенянро лағв ва номи онро аз феҳрасти кишварҳои пуштибонии терроризм хориҷ хоҳад кард.

Имрӯз вазорати хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ изҳор намуд, ки Кореяи Шимолӣ гузориши муфассал дар бораи барномаи ҳастаии кишварро ба раҳбари музокироти “шашгона”-и байнулмилалӣ пешниҳод кард. Ин гузориш дар робита ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ним сол дер расид. Шаш моҳ боз кишварҳои вориди музокирот оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ - Иёлоти Муттаҳида, Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ҷопон интизор буданд, ки Пхенян иттилоъи комил дар бораи ҳама бахшҳои барномаи ҳастаии кишвар, аз ҷумла, ғанисозии плутонийро дар ихтиёри онҳо мегузорад. Дар ивази қатъи барномаи ҳастаӣ ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба Кореяи Шимолӣ кумаку имтиёзҳои иқтисодиву сиёсӣ ваъда карда буд.

Имрӯз намояндаи вазорати умури хориҷаи Чин – кишвари мизбони охирин музокироти шашҷониба оид ба барномаи ҳастаии Пхенян эълом дошт, ки Кореяи Шимолӣ гузориши муфассал дар бораи барномаи ҳастаиро ба раиси музокироти шашгона ироа карда ва ба думболи ин Иёлоти Муттаҳида ин кишварро аз феҳрасти мамолики пуштибони терроризм хориҷ хоҳад кард. Интизор меравад, ки баъд аз ироаи гузориши муфассал дар бораи барномаи ҳастаӣ Кореяи Шимолӣ ба тахриби реактори тавлиди плутоний шурӯъ кунад.

Ва аммо бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд Пхенян ҳама бахшҳои барномаи ҳастаӣ, аз ҷумла, ҷузъиёти барномаи ғанисозии ураниумро ошкор насозад. Нобутака Мачимура, дабири кулли кобинаи вазирони Ҷопон, имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Токио гуфт, ки аз иқдоми нав дар баробари Кореяи Шимолӣ фақат баъд аз ошноӣ бо муҳтавои гузориши ироашуда кор гирифта хоҳад шуд: “Бисёр чизҳо бастагӣ ба он дорад, ки гузориш то куҷо комил аст ва мо бо он бояд пурра ошно шавем. Ва аммо ба ҳар ҳол ин ин қадаме ба пеш дар роҳи ҳадафи ниҳоии мо - аз байн бурдани силоҳи ҳастаист. Мо ба ҳайси узви комилҳуқуқи музокироти шашҷониба умедворем ҳама корҳои ба мо марбутро хуб анҷом диҳем”. Кондализа Райс, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида низ бо ин ақида мувофиқ аст.

Имрӯз Кореяи Шимолӣ ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи ҷумъа як бахши реактори ҳастаии Ёнгбонро тахриб месозад. Ин амал дар ҳузури мансабдорони Иёлоти Муттаҳида ва расонаҳои хабарии хориҷӣ сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG