Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод


Имсол ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод ба ду донишманди амрикоӣ Хонум Елинор Остром ва Оливер Вилямсон барои таҳқиқоти муваффақи онҳо дар роҳбарии иқтисод, яъне усули шевае, ки дар раҳбарии ширкатҳо ва иқтисод кор гирифта мешавад, тақдим шуд.

Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисоди ҷоизаи шашум ва ниҳоист. Таваҷҷӯҳ ба он хеле бузург буд, зеро ҷоиза дар ҳоле тақдим мешавад, ки ҷаҳон бӯҳрони саросарии иқтисодиро пушти сар мекунад.

Остром аввалин занест, ки ба ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод ноил мегардад. Аслан ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 1968 бо ташаббуси Бонки марказии Шветсия таъсис дода шуд. Аз як миллиону чорсад ҳазор доллари ин ҷоиза нисфи он ба хонум Остром ва нисфи дигар ба иқтисодшинос Вилямсон тақдим мешавад.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Остром бо ҳаяҷон гуфт, "аксуламали аввали ман ин буд, ки ман дар ҳайрат афтода, аз қадрдонӣ хушҳол шудам. Мардуми зиёде ҳаст, ки барои гирифтани ин ҷоиза қодир буданд, ва ин ҷоиза бароям ифтихор аст. Ва ман ҳанӯз ҳам дар ҳаяҷон ҳастам".

Раиси Кумитаи Нобел Бертил Ҳолмлунд аснои эълони номи барандаҳо гуфт, ки таҳқиқоти Остром ва Вилямсон имкон медиҳад, ки мардум сохтори муассисаҳои башариву ҷамъиятиро дарк намоянд.

Ӯ афзуд, "таҳқиқоти Элинор Остром ва Оливер Вилямсон нишон медиҳад, ки чӣ гуна таҳлили иқтисодӣ рӯи ниҳодҳои ғайрибозорӣ рӯшанӣ меафканад."

Кумитаи Нобел ба аҳамияти таҳлили хонум Остром дар мавриди идораи молу мулки ҷамъиятӣ ва ё дақиқтар гӯем, зери назорати ҷамъиятӣ, ишора кардааст.

Таҳқиқоти хонум Остром нишон медиҳад, ки моликияти зери назорати ҷамъиятӣ ҳатман зери назорати заиф намебошад ва ҳатмӣ нест, ки он хусусӣ ва ё зери раҳбарии ҳукумати марказӣ қарор гирад.

Вилямсон сохтори раҳбарӣ дар ширкатҳои тиҷориро таҳқиқ намудааст. Ӯ дар бораи сохторҳои зери назорати, ба истилоҳ, иерархӣ ва ё "мартаба ба мартаба" ибрози назар намуда, онро сохтори алтернативии раҳбарӣ унвон додааст.

Дар давоми сӣ соли гузашта ин баҳс хомӯш нашудааст. Бисёриҳо масъалаи раҳбарии иқтисодро мояи асосии бӯҳрони ҷаҳонии кунунӣ унвон медиҳанд. Ба гуфти онҳо раҳбарони шӯроҳои мудирони ширкатҳои бузург натавонистаанд, мудирони иҷроияро аз гирифтани риски бемаънӣ нигаҳ доранд. Бар илова ин риск бо ҷоизаҳои ҳангуфт тақдир карда мешавад, ки таҳдиди сар задани бӯҳронҳои навро аз байн намебарад.
XS
SM
MD
LG