Пайвандҳои дастрасӣ

Дарвозабонҳо дар Ҷоми Аврупо мегӯянд ҳаракати тӯби европасси истеҳсоли ширкати Адидас ғайри қобили пешбинӣ мебошад.

"Тӯб гирд ё худ мудаввар аст". Ин истилоҳи футбол маънои онро дорад, ки бозӣ ва бештар аз он: ҳаёт, ғайри қобили пешбинӣ мебошад.

Вале дарвозабонҳои шарик дар Ҷоми Аврупо баъди қуваозмоиҳои аввал бо истифода аз тӯби европасси истеҳсоли ширкати Адидас мегӯянд, дар ҳақиқат тӯб гирд асту ҳаракати он ғайри қобили пешбинӣ мебошад.

Одатан дар арафаи ҳар сабқати ҷаҳонӣ ва ё аврупоӣ ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ тӯбро нав ихтироъ намуда, таъкид мекунанд, ки он беҳтарин аст. Вале футболбозон дар ин бора баъзан фикри комилан дигар доранд. Муаллифони тӯб мегӯянд, он доимо гирд аст, аз зарбву об шакл ва вазни он тағйир намеёбанд ва ғайриаву ҳоказо. Вале дарвозабони мунтахаби Хорватия Стипе Плетикоса иброз дошт, ки ҳаракати ин тӯб ғайри қобили пешбинӣ буда, ҳар лаҳза самташро тағйир дода метавонад, ба вижа агар зарба аз масофаи дур бошад.

Одатан дарвозабонҳо таъкид мекунанд, ки ин тӯбро махсус барои аҳмақ намудани онҳо ихтироъ кардаанд.

Петер Чех: дарвозабони Ҷумҳурии Чех ва Рикардо: дарвозабони Португалия мегӯянд, тӯб хеле аҷиб аст. Ҳар ду дарвозабон таъкид мекунанд: Ҳаро чизе, ки солҳои ахир дар футбол ихтироъ мешавад, бар зидди дарвозабонҳост, на ба нафъи онҳо.

Соли 2006-ум дар арафаи Ҷоми ҷаҳонӣ дар Олмон футболбози машҳур Зайниддин Зидан тӯби нав бо номи: Тим гетсро озмуда, хушҳол шуда буд, ки ҳаракати он мустақим аст.

Дарвозабони мунтахаби Шветсия Андреас Исаксон тӯбҳои дар соли 2006-ум ва 2008-ум ихтироъ намудаи Адидасро муқоиса карда, мегӯяд, ҳаракати тӯби имсола нисбат ба тӯби ду соли пеш суръати бештар дорад.

Хулоса, голкиперҳо аз тӯб метарсанд ва тарҷеҳ медиҳанд, ки баъди зарба онро бо мушт баргардонанд.

Дарвозабони мунтахаби Олмон Йенс Леҳман мегӯяд, беҳтар аст, ки баъди зарбаҳои шадид тӯбро бо мушт баргардонем. Ӯ меафзояд, барои қапидани тӯб ҷасортаи зиёд лозим аст.

Вале шореҳон тахмин мекунанд, ки тавлиди тӯбҳои босуръат бо назардошти ҷаззобияти футбол роҳандозӣ шудааст. Голи зиёд бозиро ҷолибтар мекунад.

Ширкати Адидас ваъда додаст, ки дар арафаи ҳар як мусобиқаи ФИФА ва УЕФА тӯбу таҷҳизоти нав ихтироъ мекунад. Хуллас, даҳшати дарвозабонҳо ҳоло дар пеш аст.

XS
SM
MD
LG