Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва НАТО


Aбдуқаюми Қаюмзод Созмони Паймони атлантики шимолӣ - НАТО тасмим гирифтааст дар ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, бозомӯзии афсарони марзбони тоҷик ва поксозии мавзеъҳои минкоришудаи сарҳадӣ ба Тоҷикистон кӯмак кунад.

Ин масоил дар дидор ва мулоқоти Яап де Ҳоуп Схефер-дабири кулли НАТО бо сардори идораи сиёсати хориҷаи Тоҷикистон дар ду рӯзи қабл дар Брюссел мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дабири кулли НАТО ҳамчунин аз ташаннуҷи авзоъ дар кишвари Афғонистон ва нооромиҳои ахир дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Аз сӯи дигар Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ташаннуҷёбии вазъ, бесуботӣ ва шиддат гирифтани ҷанг миёни гурӯҳи Толибон бо ҳукумати марказии Афғонистонро манбаъ ва омили аслии ноамнӣ ва бесуботӣ дар минтақа унвон карда ва ҳатто эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароро аз ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя истисно намедонад.



Аммо назароти коршиносони тоҷик дар мавриди баёнияҳои масъулин давлати Тоҷикистон ва раҳбарони НАТО ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои низомӣ дар марз мухталиф аст. Бархе бар ин боваранд, ки ба баҳонаи нооромӣ дар Афғонистон созмони НАТО батадриҷ мавқеъ ва нуфузи худ дар минтақаро бар рағми манофеъи Русия тақвият медиҳад, аммо бархеи дигар бо ишора ба бесуботии Афғонистон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир, ки сарчашмаи таъминоти гурӯҳҳои даҳшватафкан ва ифротӣ дониста мешавад аз ин ҳамкориҳо истиқбол карда, онро барои таъмини амният муҳимм мехонанд. Маҳдии Собир як коршиноси тоҷик дар масоили амнияти ва низомӣ мегӯяд даъвати мақомоти Тоҷикистон аз НАТО барои кӯмак дар ҳифозати марз далоили мухталиф дорад.




Тоҷикистон дар ҳоле аз созмони НАТО дархости кӯмак барои муҳофизати марзҳояш мекунад, ки дар ду соли қабл ба ҳангоми ихроҷи неруҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистону Афғонистон эълом карда буд, ки мустақилона аз ӯҳдаи назорат ва ҳифозати марз мебарояд. Шокирҷони Ҳаким - муовини раиси Ҳизби сосиал-демократ мегӯяд мавҷудияти неруи низомии як кишвари бегона ҳамеша барои мустақилият таҳдид боқӣ мемонад вале дар ҳоли ҳозир, ки вазъияти низомиву сиёсии Афғонистон норӯшан ва пешгӯинашаванда аст ва аз сӯи дигар Тоҷикистон аз лиҳози молӣ имкони мустақилона муҳофизат кардани сарҳадро надорад, бояд тақозои кӯмак аз кишварҳои мутараққиро кунад.





Аммо Маҳдии Собир-коршиноси умури амниятиву низомӣ мӯътақид аст,ки Тоҷикистон дар масоили амниятиву низомӣ шарики роҳбурдии Русия боқӣ хоҳад монд. Ва аз эҳтимол дур нест, ки дар мавриди дархости ҳамкорӣ ин кишвар бо НАТО низ бо Русия аз қабл ҳамоҳангӣ сурат гирифта бошад он гуна дар ҷараёни муборизаи Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон бо роҳбарии Амрико дар соли 2001 Тоҷикистон баъди мувофақа бо Русия ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳи худро барои истифодаи низомиёни НАТО вогузор карда буд.





Вагарна Русия ҳамоно дорои эҳроми зиёди фишор болои ҳукумати Тоҷикистон аст. Танҳо ихроҷи беш аз як миллион муҳоҷири кории тоҷик аз Русия мусаббаби бесуботӣ ва ноамнӣ дар Тоҷкистон хоҳад буд, ки ин омилро ҳарду кишвар ба хубӣ эҳсос мекунанд. Вале бо ин вуҷуд Тоҷикистон аз чанд сол бад ин сӯ дар дойираи барномаи ҳамкорӣ ба хотири сулҳ бо паймони Атлантики шимолӣ ҳамкорӣ мекунад ва ба таъйиди манобеъи вобаста ба давлати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир як барномаи махсуси ҳамкорӣ миёни НАТО ва Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз сӯи дигар дар ҳоли ҳозир як воҳиди низомии Фаронса ҷиҳати кӯмаки неруҳояш дар Афғонистон аз фурудгоҳи Душанбе истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG