Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳнои паймони НАТО васеътар мешавад


Масъалаи густариши НАТО мавзуъи марказии нишасти навбатии вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин паймон аст, ки дар Брюссел ифтитоҳ шуд.

Дар нишасти намояндагони кишварҳои узви НАТО омодагии се кишвари нимҷазираи Балкан – Албания, Хорватия ва Македония барои пайвастан ба Паймон арзёбӣ мешавад. Яап Де Ҳуп Схеффер, дабири кулли НАТО, ҳини ифтитоҳи нишаст изҳор дошт, ки ҳар се ин кишвар барои пайвастан ба паймони НАТО заҳмати зиёд кашиданд ва сазовори онанд, ки омодагияшон ҷиддӣ баррасӣ шавад.

Дипломатҳо ҳадс мезананд, ки аз се кишвари Балкан фақат Хорватия шонси бидуни мушкил шомили НАТО шуданро дорад ва Албанияву Македония дар ин роҳ шояд ба саддҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шаванд. Аз ҷумла Юнон таҳдид кардааст, ки ба вуруди Македония ба Паймон вето мегузорад, зеро ин кишвар ҳамноми як вилояти шимолии Юнон аст ва дар Афина ҳарос доранд, ки рӯзе ин минтақа боиси баҳси миёни ду кишвар мешавад.

Дар нишасти НАТО дар Брюсел ҳамчунин мавзӯъи даъват шудан ё нашудани ду кишвари собиқ шуравӣ - Укроин ва Гурҷистон ба барномаи муқаддамотии пайвастан ба НАТО матраҳ мешавад. Яаап Де Ҳуп Схеффер гуфт, Укроин ва Гурҷистон аз хоҳишашон барои пайвастан ба НАТО хабар доданд ва мо бояд равобити худ бо ин ду кишварро баррасӣ кунем.

Аммо миёни аъзои НАТО дар мавриди қаробати бештар бо ин ду кишвари собиқ шуравӣ низ назари воҳид мавҷуд нест. Бархе аз кишварҳои узви НАТО аз заъиф шудани робитаҳои Паймон бо Русия нигаронанд. Гуфта мешавад, ихтилофи назар дар робита ба истиқлоли Косово ва тарҳи мустақарсозии сипари мушакии Амрико дар Полшаву Ҷумҳурии Чех нобоварию беэътимодӣ миёни Маскав ва НАТО-ро бештар кардааст. Ва ин дар ҳолест, ки Русия густариши НАТО ба манотиқи дар гузашта таҳти назорати шуравиро чун таҳдид ба амнияти худ арзёбӣ мекунад.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, мавзӯъи амалиёти низомии НАТО дар Афғонистон ҳам ба рӯзномаи нишаст ворид шудааст ва аммо ин дафъа интиқоли неруҳои иловагӣ ба ин кишвар мавриди баҳс қарор нахоҳад гирифт. Вазирони хориҷа эъломияеро хоҳанд пазируфт, ки дар он мақоми калидии Афғонистон дар ҷанг бо террор ташреҳ ва ба тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти НАТО бо дигар созмонҳои байнулмилалӣ дар роҳи эҳёи Афғонистон таъкид мешавад.

XS
SM
MD
LG