Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони НАТО бузургтар ва васеътар шуд


Раҳбарони 28 кишвари узви Паймони низомии Атлантики шимолӣ рӯзи ҷумъа, 3 апрел, дар Страссбурги Фаронса ва Кели Олмон ҳамоиши дурӯзаи тантанавӣ бахшида ба солгарди шастуми таъсиси ин паймонро оғоз мекунанд.

Муаллиф: Аҳто Лобякас

Аммо мавзӯъи ин ҳамоиш танҳо таҷлил аз шастсолагии НАТО нест. Аъзои ин эътилоф, ки шуморашон ахиран боз ба 2 кишвари дигар афзуда, ба 28 расид, чолишҳои ҷадиди истода дар назди НАТО-ро низ баҳс хоҳанд кард. Аз ҷумла чолишҳои умдае, чун маъмурияти низомии дар таърихи НАТО бесобиқаи ин паймон дар Афғонистон ва дубора оддӣ сохтани равобиташ бо Русия, мавзӯъҳои аслии матраҳ дар ҷараён ва ҳошияи нишастҳои Страссбург ва Кел хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳамоиш Фаронса баъди 43 сол дубора ба сохторҳои фармондеҳии ин эътилофи низомӣ бармегардад ва Хорватияву Албания, ҳамчун ду узви тозаи НАТО истиқбол хоҳанд шуд.

Шастсолагии НАТО пеш аз ҳама як нуқтаи атф аст - ҳам барои натиҷагирӣ аз роҳе, ки дар ин 60 сол пушти сар гузошт ва ҳам барои нигоҳе ба оянда, ки оё ин паймон давоми роҳашро аз кадом масир хоҳад паймуд ва кораш ба куҷо хоҳад кашид.

Ҳамоиши Келу Страссбург нахустин мавриди зуҳури раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар нишасти сарони 28 кишвари узви НАТО аст ва муттаҳидини аврупоӣ мехоҳанд дидгоҳи бузургтарин узви НАТО дар бораи ояндаи эътилофро аз забони худи ӯ шунаванд.

Дар ин саммит стротежии нави НАТО низ бояд баҳс шавад. Стротежии феълӣ, ки соли 1999 тасвиб шуда, моҳияти авросентристӣ дошт, дар ин муддат, ба хусус дар пайи ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр ва ба фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон пардохтани НАТО аҳамияташро гум кард ва НАТО бояд акнун байни масоили дифоъ аз кишварҳои узв ва аҳдофи ҷадиде, ки ба хориҷ аз қаламрави Аврупову Амрико доман мегустурад, як ҳадди тавозунро пайдо кунад.

Маъмурияти Обама пинҳон намекунад, ки оддӣ сохтани вазъ дар сарзаминҳои паштунишини Афғонистону Покистон, ки паноҳгоҳи аслии шабакаи Ал-Қоида шинохта мешаванд, ба як ҳадафи умдаи сиёсати хориҷии Вошингтон табдил меёбад.

Таҳлилгари амрикоӣ Стивен Ларрабӣ мегӯяд, муносибати Вошингтон ба НАТО-ро маҳз комёбӣ ё шикасти ин паймон дар Афғонистон таъин хоҳад кард: “Бале, яқинан ҳамин тавр аст, чунки аксари чолишҳои Амрико хориҷ аз марзҳои НАТО-ст ва агар НАТО масъулияташро иҷро накунад ва ба ин чолишҳо расидагӣ карда натавонад, он гоҳ дар зеҳни бисёриҳо суоле пеш меояд, ки пас НАТО барои чист?”

Вошингтон ахиран ҷиҳати эъзоми 21 ҳазор сарбози изофӣ ба Афғонистон тасмим гирифт ва айни иқдомро аз муттаҳидини аврупоияш мехоҳад. Вале феълан баъид менамояд, ки кишварҳои Аврупо дар амри ирсоли нирӯи бештар ба Афғонистон кадом гоми бузурге бардоранд.

Дигар дарди сари бузурги НАТО ба Русия марбут мешавад. НАТО дар моҳи гузашта баъд аз ҳафт моҳи таваққуф равобити баъди ҷанги Гурҷистон сардшудааш бо Маскавро дубора барқарор кард. Вале аъзои НАТО дар Аврупои шарқӣ боз ҳам ба паймон фишор меоваранд, то ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолии Русия тадбирҳои бештари дифоъӣ бияндешад.

Аз 1-уми апрел расман ба узвияти НАТО пайвастани Албанияву Хорватия шумори аъзои ин эътилофро ба 28 расонд. Феълан танҳо кишвари номзад Мақдуния аст, ки танҳо ба далели мухолифати Юнон ба исми расмии он кишвар монеи ба оғӯши НАТО омадани Приштина шудааст. Дар ин нишаст Фаронса ҳам, ки ҳанӯз соли 1966 аз сохторҳои фармондеҳии НАТО хориҷ рафта буд, дубора ба ин сохторҳо бармегардад. Мавзӯъи дигари баҳс дар Кел ва Страссбург ҳатман марзу буми амалиётҳои НАТО хоҳад шуд.

Амрико хостори нақши бузургтари НАТО дар ҳалли масоили ҷаҳонист ва зоҳиран Фаронса низ аз чунин равиш ҳимоят мекунад. Аммо садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфта, ки НАТО набояд ба як созмони ҷаҳонӣ бадал шавад. Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер дар ин маврид боз ҳам фаротар рафта, гуфт, НАТО набояд “пулиси ҷаҳонӣ” шавад.
XS
SM
MD
LG