Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммадзамони Солеҳ, насрнависи тоҷик, дар синни 58-солагӣ бар асари сактаи дил чашм аз ҷаҳон пӯшид.

Дили нависандаи мутафаккир ва нозукбаёни тоҷик дар ҳоле аз задан монд, ки бо вуҷуди мушкилоти сахти зиндагӣ ва ноқаноатмандии комил ӯ бо илҳоми бузург ва шӯридагӣ сари дастнависҳои бешумор кор мекард. Орзу дошт, дар бораи пайғамбар Муҳаммад ва Куруши Кабир роман нависад ва солҳои охир ба таври амиқ ба омӯзиши таърихи Ислом машғул буд.

Муҳаммадзамони Cолеҳ соли 1952 дар деҳаи Падрохи ноҳияи Масчо таваллуд шудааст. Аввалин достони кӯтоҳи ӯ дар матбуот дар охири солҳои 1970 таваҷҷӯҳи адабиётшиноси маъруф Муҳаммадҷон Шакуриро ба худ кашида буд. Шакурӣ дар сарсухани китоби нахустини Муҳаммадзамони Солеҳ "Сарви Кишмар" навишта буд, "ин нависанда, ки бо меҳнати шоқа машғул аст, ба адабиёти мо бозёфтҳои бузурге хоҳад овард." Дар солҳои баъд қисса ва романҳои нави ӯ "Ардавирафнома", "Оҳанги шаҳри ишқ", "Ишқи актёри пир", "Девори Хуросон", "Ганҷи сӯхта", "Кобуси Кобус ё бозори пашшаҳо" симои Муҳаммадзамони Солеҳро ҳамчун як нависандаи борикбаён ва амиқандеш барафроштанд.

Муҳаммадзамони Солеҳ дар бюрои Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе, 24-уми сентябри соли 2008
Романи "Девори Хуросон"-и Муҳаммадзамони Солеҳ аз тарафи хонандагон ва мунаққидони адабиёт истиқболи гарм дид ва ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ пешбарӣ шуд, аммо аз даври ниҳоӣ нагузашт. Қарор буд, аз рӯи ин роман филми ҳунарӣ ба навор гирифта шавад, вале дар ниҳоят камбуди сармоя ин тарҳро баҳам зад.

Адабиётшиносон "Девори Хуросон"-ро "романи марҳилавӣ" номиданд ва навиштанд, ки он давраи наверо дар адабиёти тоҷик боз мекунад. Дар асл ҳар достони Муҳаммадзамони Солеҳ ба сари худ барои насри тоҷик ба маънои болотар рафтани сатҳи сабқат буд.
Солеҳ яке аз беҳтарин донандагони адабиёти гузаштаи форсу тоҷик ва ҷаҳони имрӯз буд. Дар ҳама гуна баҳс бо адабиётшиносон бартарии худро нишон медод ва ба ҳар андешаи худ бе гузаште пойфишорӣ мекард. Ба ин сабаб, муносибати бисёре аз сардамдорони адабиёт чи дар замони шӯравӣ ва чи баъд ба ӯ ҳамвор набуд. Бисёриҳо ғурури адабӣ ва ҳунарии ӯро ба ҳайси тавҳини хусусӣ мепазируфтанд ва дар натиҷа нашри осори ӯ низ барояш осон даст намедод.

Худи Солеҳ аз ин мушкилот кина намегирифт, аммо дарк мекард, ки ин ҳолат барояш роҳ намедиҳад, зиндагии мураффаҳи хонаводаи худро таъмин кунад. Вай ҳамеша орзу дошт, вазъи иҷтимоӣ ӯро машаққат надиҳад ва имконе дошта бошад, ки шабурӯз ба кори дӯстдоштааш -- нависандагӣ машғул гардад. Ҳамчун шахси миллатдӯст аз истиқлоли кишвар бо сурур истиқбол карда буд, аммо ҷанги шаҳрвандӣ ва душвориҳои баъдинаи зиндагӣ, авҷ гирифтани беадолатиҳои иҷтимоӣ ӯро афсурда ва амиқан андӯҳгин карда буд.

Муҳаммадзамони Солеҳ ба шӯҳрати нависандагӣ бетафовут буд, аммо нописандӣ нисбати ҳеҷ эҷодкорро қабул надошт. Ба ҳамовардонаш Баҳманёр, Сайфи Раҳимзод, Фарзона ва дигарон арҷ мегузошт, аммо эҷодиёти худро дорои хосияте медонист, ки ҳамзамононаш ҳанӯз дарк ва ҳазм накардаанд. Мегуфт, вай барои наслҳои оянда менависад ва шӯхиомез меафзуд, "ҷаҳон рӯзе хоҳад донист ва ба ман рӯ хоҳад овард."

XS
SM
MD
LG