Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нави Теҳрон барои ҳалли мушкили ҳастаӣ


Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон
Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон

Қудратҳои ғарбӣ нисбат ба хушбинии вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ дар мавриди наздик будани тавофуқ бар сари пешниҳоди дар хориҷ анҷом додани ғанисозии бештари ураниуми лозим барои таъсисоти ҳастаии Эрон бо камоли эҳтиёт изҳори назар мекунанд.

ХУШБИНИИ ВАЗИРИ ХОРИҶАИ ЭРОН

Вазир умури хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ шоми ҷумъа дар анҷумани солонаи масоили амниятӣ дар Мюнхени Олмон гуфт, ки ӯ дар мавриди расидан ба тавофуқ дар ин масъала дурнамои хуберо дар пеш мебинад.

Қудратҳои ғарбӣ дар хориҷ анҷом додани ғанисозии бештари маводи сӯхти ҳастаии Эронро як замонате медонанд, ки битавонад имкони аз ураниумаш ба хотири тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ истифода кардани Теҳронро соқит кунад. Кишварҳои ғарбӣ бар ин назаранд, ки Эрон дар зери либоси фаъолиятҳои ҳастаӣ мехоҳад силоҳи ҳастаӣ бисозад. Иддаое, ки Теҳрон ҳамеша раддаш кардааст.

Дар ҳар сурат, Манучеҳри Муттакӣ, ки дар охирин лаҳза ба сафи ширкаткунандагони анҷумани Мюнхен пайваст, дар баробари аҳли ин ҳамоиш изҳори хушбинӣ кард, ки чунин тавофуқ метавонад дар ояндаи начандон дуре ба даст биояд ва гуфт, ки масъаларо бо раҳбари ҷадиди Ожонси байналмилалии назорати нерӯи ҳастаӣ Юкия Амано дар миён хоҳад гузошт.

Вале вазири корҳои хориҷии Эрон аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ варзид ва танҳо гуфт, ки миқдори ураниумеро, ки барои ғанисозии бештар ба хориҷ фиристода мешавад, бояд худи Эрон таъин бикунад.

ПОСУХИ КИШВАРҲОИ ҒАРБ

Аммо вазири хориҷаи Олмон Гвидо Вестервелл, ки рӯзи шанбе дар ифтитоҳи рӯзи дуввуми анҷумани амниятии Мюнхен сӯҳбат мекард, нисбат ба баёнияҳои ҳамтои эрониаш чунин хушбин набуд. Вестервелл гуфт, Эрон то кунун натавонистааст омодагиаш ба кадом як гузашти қобили мулоҳиза дар мавриди барномаҳои ҳастаии худро собит кунад.

Вай гуфт, “оғӯши мо ҳамоно боз аст, вале то ҳол мо истиқболе аз он сӯ надидем. Муттаассифона, аз дирӯз ба ин сӯ низ аломатеро надидем, ки ин дидгоҳро тағйир бидиҳад. Агар дар воқеъ азми наве ба сӯи ҳамкорӣ дар миён бошад, Эрон бояд дар пайи ҳарфҳое, ки ба забон меорад, даст ба иқдомоти мушаххас бизанад.”

Гвидо Вестервелл гуфт, қарордод бо Ожонси ҳастаӣ дар мавриди дар хориҷ анҷом додани ғанисозии маводи сӯхти лозим барои реактори таҳқиқотии Теҳрон ҳусни эътимодро таҳким хоҳад бахшид, вале барои рафъи куллия нигарониҳои Ғарб дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон кофӣ нест.

Посухи ҳам Амрико ва ҳам Иттиҳодияи Аврупо ба баёнияи ахири Муттакӣ низ хеле мӯҳтотона буд. Мушовири амнияти миллии Амрико Ҷеймс Ҷонс рӯзи шанбе ҳушдор дод, ки Эрон бояд талаботи ҷомеаи байналмилалиро иҷро кунад, вагарна ба таҳримоти нав рӯбарӯ хоҳад шуд.

Вазири дифои Амрико Роберт Гейтс, ки бо сафаре дар Туркия ба сар мебарад, гуфт, ки кадом аломати наздик будани тавофуқ дар масъалаи Эронро намебинад. Ӯ афзуд, Эрон ба хотири таскин додани ҷаҳон, ки барномаи сохтани таслиҳоти ҳастаиро пеш намебарад, коре то ҳол накардааст.

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Катерин Эштон дар анҷумани Мюнхен гуфт, Эрон бояд ба хотири эъмори ҳусни этъимоди, ба бовари хонум Эштон, “фавқулодда зарур” ба пешниҳодҳои СММ ҳарчӣ сареътар посух диҳад.
XS
SM
MD
LG