Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозҳои мардумӣ дар Муғулистон


Гирдиҳамоӣ дар Улан-Батор ба бенизомӣ ва ба оташ кашидани бинои ҳизби ҳукмрон печид

Гирдиҳамоӣ дар Улан-Батор ба бенизомӣ ва ба оташ кашидани бинои ҳизби ҳукмрон печид

Дар Улан-Батор, пойтахти Муғулистон, бар асари бенизомиҳои шаби гузашта панҷ кас кушта ва беш аз сесад нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Солҳои ахир Муғулистон ҳамчун ҷазираи орому босуботи демократӣ арзёбӣ мешуд, ки суқути режими шӯравӣ барои он паёмади сангин надошт. Ва аммо Улан-Батор, пойтахти кишвар шоми сешанбе ором набуд – ҳазорон намоишгарон ба нишони эътироз алайҳи, ба гуфтаи онҳо, тақаллубу қонуншиканӣ дар интихоботи порлумонӣ дар маркази шаҳр, дар майдони ба номи Сухэ Батор ҷамъ омаданд, ки он ба бенизомӣ ва ба оташ кашидани бинои ҳизби ҳукмрони Халқиву инқилобӣ печид.

Гуфта мешавад, ки баргузории интихобот ба порлумони Муғулистон зери суол қарор дошт, зеро ин маъракаи сиёсӣ дар ҳоле мегузашт, ки дар ҷомеъа дар робита ба ҳаққи баҳрабардорӣ аз захоири бойи ахиран кашфшуда, аз ҷумла, тилло, мис ва ангиштсанг баҳсҳои шадид идома доштанд. Ҳизби демократӣ - ҳизби мухолифи ҳукумат дар барномаи интихоботии худ таъкид мекард, ки истихроҷи ин захоир бояд аз сӯи ширкатҳои хусусӣ сурат бигирад ва аммо Ҳизби Халқӣ-Инқилобӣ барои назорати комили давлат дар баҳрабардорӣ аз ин ганҷи табиӣ пофишорӣ мекард.

Мақомот бегаҳи душанбе пирӯзии ҳизби ҳукмрон дар интихоботи порлумониро эълон карданд ва аммо аҳзоби мухолиф эълом доштанд, ки ин гуна натоиҷро қабул надоранд, зеро ҳукумат дар ҳисобу китоби баргаҳои раӣъ даст ба тақаллуб задааст. Пуревдорҷ Батмунх, як марди чиҳилсола, ки дирӯз ба эътирозгарон пайваст, ба хабаргузории Ройтерс гуфт: Ба ин одамон ва ба ин фазо бингаред. Дар мо ҳеҷ вақт ин гуна интихобот доир нашуда буд. Дар интихоботи имсола тақаллуб аз ҳад зиёд буд”.

Мақомоти Муғулистон тазоҳуротро саркӯб ва беш аз бист нафарро боздошт карданд. Дар пойтахти кишвар барои чаҳор рӯз вазъи изтирорӣ ва қуюди шабгардӣ эълон шуд - тайи ин муддат гирдиҳам омадан дар хиёбонҳо манъ ва пахши барномаҳои радиоҳои мустақил маҳдуд хоҳад буд. Низомиён ва пулис иҷоза доранд, ки алайҳи эътирозгарон аз нерӯ истифода кунанд. Субҳи рӯзи чаҳоршанбе вазорати адлияи Муғулистон хабар дод, ки бар асари задухурди дирӯзаи мухолифин ва полис дар Улан-Батор 5 кас кушта ва беш аз 300 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бертран Демулен, раиси дафтари UNICEF дар Муғулистон, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки маркази шаҳр аз субҳи чаҳоршанбе ором аст ва дар хиёбонҳо теъдоди зиёди низомиён ба чашм мерасанд.

Имрӯз Намбарын Энхбаёр, раисиҷумҳури Муғулистон, иқрор кард, ки дар интихоботи порлумонӣ тақаллуб ҷой дошт ва ҳамзамон аз аҳзоби мухолиф ва мардум даъват кард, ки оромиву суботро халалдор накунанд.

XS
SM
MD
LG