Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон дар гуфтушунидҳои Путин ва Меркел


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти Русия Владимир Путин, 14 октябри соли 2007

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти Русия Владимир Путин, 14 октябри соли 2007

Барои як сафари дурӯза ва гуфтушунид бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел президенти Русия Владимир Путин вориди Олмон шуд.

Президенти Русия Владимир Путин ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар силсилаи гуфтушунидҳое, ки ду рӯз идома мекунанд, ба баррасии чанд масъалаи байнулмилалие мепардозанд, ки мавриди нигаронии ҳарду кишвар мебошанд. Ҳанӯз пеш аз парвози Путин ба Олмон, хонуми Меркел дар як паёми радиоӣ гуфт, баҳси ҳастаии Эрон яке аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқотҳои ӯ бо Путин хоҳад буд. Путин борҳо нишон додааст, ки дар масъалаи бархӯрд ба барномаи ҳастаии Эрон бо кишварҳои пешсафи Ғарб ҳамназар нест. Коршиносони умури сиёсӣ мегӯянд, Олмон ва Русия дар масъалаи Косово низ дидгоҳҳои мухталиф доранд ва Русия пуштибонии Ғарбро аз истиқлолияти вилояти асосан албанинишини Сербия танқид мекунад. Инчунин тахмин меравад, ки дар гуфтушуниди Меркел ва Путин тарҳи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо низ баррасӣ хоҳад шуд. Масъалаи дигари дастурикори нишастҳо ба амнияти инержии Аврупо ва ҳамкориҳои иқтисодӣ дахл хоҳад дошт. Меркел ин ишораро ҳам кардааст, ки мехоҳад, бо Владимир Путин вазъи ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои сиёсиро низ баррасӣ кунад.

Сафари Путин ба Олмон як рӯз баъд аз суханони вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Кондолиза Райс дар бора вазъият дар Русия ба амал омад, ки дар дидор бо ҳомиёни ҳуқуқи инсони гуфт, "агар Русия ҳамчун як кишвари демократӣ падидор шавад, ки аз ҳуқуқи одамон дифоъ мекунад ва солҳост, ин раванд идома дорад, шумо, ҳомиёни ҳуқуқи инсон бахши кӯмакрасон ба ин фароянд ҳастед. Иёлоти Муттаҳида, албатта, мехоҳад дар қомат кашидани Русияи демократӣ як коршарик бошад."

Райс дар сафари Маскав ҳамзамон аз тамакузи зиёди қудрат дар Кремлин, номустақилии комили низоми адлия, назорат ва фишор ба расонаҳои электронии Русия изҳори нигаронӣ кард. Райсро дар ин сафар вазири дифои Амрико Роберт Гейтс ҳамроҳӣ мекард ва онҳо дар талошҳои ҳалли ихтилоф рӯи сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо комёб нашуданд.

Дар афараи сафари Путин ба Олмон, дар Висбаден муколамаҳои солонаи Русияву Олмон шурӯъ шуданд, ки дар онҳо собиқ раҳбари шӯравӣ Михаил Горбачев аз нобоварии миёни Иттиҳоди Аврупо ва Русия изҳори таассуф кард. Муколамаҳои мазкур бо номи Мафҳили Санк-Петербург дар соли 2001 аз тарафи садри аъзами собиқи Олмон Герҳардт Шрудер таъсис ёфта буданд.

XS
SM
MD
LG