Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи «нохушоянди» Аҳмадинажод ва Медведев


Раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Эрон, Дмитрий Медведев ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҳошияи нишасти кишварҳои соҳили баҳри Хазар дар Боку дидор намуда ва аз матраҳ намудани «масоили нохушоянд» худдорӣ накардаанд. Равобити ду кишвар ба думболи ҳимояти Русия аз таҳримҳои СММ алайҳи Эрон ба сардӣ гароидааст.

Сергей Приходко, мушовири аршади раиси ҷумҳури Русия дар умури сиёсати хориҷӣ гуфтааст, "дар ин дидор тарафайн аз пардохтан ба ҳеҷ гуна масъалае, ҳатто масоили нохушоянд парҳез накардаанд".

Бино ба гузориши хабаргузории Фаронса ба нақл аз Сергей Приходко, Дмитрий Медведев дар ҳошияи нишасти сарони соҳили Хазар, ки дар пойтахти Озарбойҷон баргузор шуд, дар дидор бо Маҳмуди Аҳмадинажод хотирнишон кард, ки Эрон бояд дар масири сулҳомез ба фаъолияти ҳастаии худ идома диҳад. Медведев ба «идомаи барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон» таъкид кардааст.

Оқои Приходко афзуд, ки Медевдев дар гуфтугӯҳои худ бо Аҳмадинажод ба неругоҳи ҳастаии Бушаҳр низ ки тавассути мутахассисони русӣ сохта шуд, ишора кардааст.

Мушовири аршади раиси ҷумҳури Русия инчунин гуфт, ки «мо бояд аз ҷиддият ва тамоили раиси ҷумҳури Эрон барои идомаи музокироти ҳадафманд бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ итминон ҳосил кунем».

Бо ин ҳол, хабаргузории Фаронса менависад, ки Русия дар ин гуфтугӯ масири эҳтиёткоронаи дипломатиро дар пеш гирифт ва ҳини нишон додани тамоюли худ барои анҷоми гуфтугӯҳои бештар бо Эрон, аз нишон додани ҳимояти ошкор аз Маҳмуди Аҳмадинажод парҳез кард.

Пойгоҳи иттилорасонаии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ навиштааст, ки тарафайн «равобити дуҷониба, масоили марбут ба дарёи Хазар ва муҳимтарин масоили байналмилалиро марвиди баҳс ва табодули назар қарор доданд».

Дидори Аҳмадинажод ва Медведев дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳимояти Русия аз таҳримҳои Шӯрои Амнияти СММ ва ҳамчунин худдории ин кишвар аз фурӯши сомонаҳои зиддимушакии С-300 ба Эрон дар равобити ду кишвар то ҳадде таъсир гузоштааст.

Русия дар чанд моҳи пеш эълон кард, ки дар ҳамсӯӣ бо қатъномаи Шӯрои Амният СММ аз фурӯши сомонаҳои зиддимушакӣ ба Эрон, ки қарордоди он дар соли 2005 ба имзои тарафайн расида буд, худдорӣ хоҳад кард ва пешпардохти Эрон барои ин қарордодро низ пас хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки Эрон зимни интиқод аз ин тасмими Русия ва таъкид ба гирифтани ғаромат аз ин кишвар гуфтааст, ки ба кӯмаки Русия ниёзе надорад. Ва муддаъӣ шудааст, ки бо гирдоварии мушаххасоти беҳтарин сомонаҳои мушакии бурди дур аз кулли дунё навъи сомонаи мушкии бурди баландро тарроҳӣ ва сохти онро оғоз кардааст.

Русия агарчи аз чаҳорумин қатъномаи ША СММ алайҳи Эрон ҳимоят карда ва ба он ҳамсӯ шудааст, ҳамвора мухолифати худро бо таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG