Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури дохилии Русия дар Тоҷикистон


Вазирони умури дохилии Тоҷикистон ва Русия Маҳмадназар Солеҳов ва Рашид Нургалиев дар вилояти Суғд се санади ҳамкории дуҷониба имзо карданд.

Рашид Нургалиев, вазири умури дохилии Русия, гуфт, муборизаи якҷоя алайҳи ҷиноёти муташаккил, терроризм, экстремизм, кочоқи инсон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир самтҳои аслии фаъолияти якҷояи вазоратҳои дохилаи Русия ва Тоҷикистон мебошанд.

Ӯ ба ҳайси як нерӯи хатарангез ва на танҳо барои Тоҷикистон ва Русия аз «Ҳизб–ут–таҳрир» ном бурд ва гуфт, «имрӯз мебинем, ки яке аз ингуна хатарҳоро созмони тундгарои «Ҳизб–ут–таҳрир» эҷод мекунад, ки чанголҳои он на танҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, балки то кишварҳои Аврупо низ расидааст. Дар фаъолияти ин ташкилот нишонҳои суиқасд ба сохтори қонунии давлатӣ ва истифодаи инсон барои ҳадафҳои тундгароёнаи худ ба мушоҳида мерасад».

Аммо Нургалиев дар бораи ин ки ба бовари бисёр таҳлилгарон ва рӯҳониёни маъруфи тоҷик, ҷараёни «Салафия» аслан дар Русия аз ҷониби рӯҳониёни ин кишвар ба муҳоҷирини кории тоҷик ҳамл ва ба Тоҷикистон интиқол карда мешавад, гуфт, дар ин маврид иттилоъе дар даст надорад .

Маҳмадназар Солеҳов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар мавриди ҳамкориҳо бо ҷониби Русия афзуд, ки ин ниҳодҳо барои тақвиййати дар қаламрави якдигар ошкорсозии ҷиноёти вазнин ва махсусан вазнин ва боздошти афроди таҳти пайгард муштаракан чораҳое рӯи даст хоҳанд гирифт.

Нишасти ҳайъатҳои муштараки вазоратҳои дохилаи Русияву Тоҷикистон барои бори даҳум ва аммо дар Суғд барои маротибаи аввал сурат мегирад .

Сарони вазоратҳои умури дохилии Русияву Тоҷикистон дар Суғд гуфтанд, ки масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати кори тоҷикон дар Русия, мақом, сабти ном, мушкилоти муҳоҷиринро дар нишасти худ дар соли оянда мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG