Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Маскав аз тасмими Вошингтон


Президенти Русия Дмитрий Медведев
Президенти Русия Дмитрий Медведев

Маскав қаноатманд аст, ки ИМА аз тақозои тақдими мақоми номзади узвият дар паймони НАТО ба Украинаву Гурҷистон даст мекашад.

Президенти Русия Дмитрий Медведев аз қарори ИМА дар мавриди худдорӣ аз ташвиқи узвияти Украинаву Гурҷистон дар паймони НАТО хушҳол аст. Ҳафтаи равон Вашингтон эълон кард, ки дар нишасти навбатии аъзои паймон талош нахоҳад варзид, ки ба Украинаву Гурҷистон мақоми номзад ба узвияти НАТО тақдим гардад.

Аснои сӯҳбат бо хатарнигорон Медведев гуфт: "Ман қаноатмандам, ки ақли солим пирӯз шуд ва мутаассифона фақат дар охири даври раёсатҷумҳурии маъмурияти кунунии ИМА ин қарор қабул шуд. Ин инъикоси вазъи воқеъӣ мебошад". Ба ақидаи президенти Русия, Украинаву Гурҷистон бояд худашон муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд.

ИМА яке аз пуштибонҳои асосии узвияти Украинаву Гурҷистон дар НАТО буд, вале баъзе аъзои аврупоии ин паймон мегӯянд, вуруди ду кишвар равобити НАТО бо Русияро боз ҳам бадтар хоҳад кард.

Рӯзи чоршанбе котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Кондолиза Райс гуфт, Вашингтон тақозои тақдими ба истилоҳ дастур-ул-амали узвияти Украинаву Гурҷистон дар паймони НАТО-ро мутаваққиф хоҳад кард. Ба гуфти мансабдори баландпояи ИМА, Британия пешниҳод кард, ки роҳҳои дигари даъвати онҳо ба паймон ёфта шаванд.

Русия шадидан мухолифи тақдими узвият ба ду ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ буда, баъди муноқишаи низомии Русияву Гурҷистон дар моҳи августи соли равон мухолифати Маскав таҳким ёфтааст.

XS
SM
MD
LG