Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нигоҳ" ва "Овоза" нашр шуданд. "Фараж" дар навбат


Дар Тоҷикистон ду газетаи нав нашр шуд.

Ҳафтаномаҳои «Нигоҳ» ва «Овоза» газетаҳои шахсианд. Нуралии Давлат, сардабири ҳафтавори «Нигоҳ» гуфт, «Нигоҳ» як ҷаридаи сиёсӣ ва ҷамъиятист, ки дар саҳафоти хеш масоили сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишварро ҷо медиҳад.

Вале «Овоза» бар тибқи иттилоъи Саида Қурбонова, сардабири ҳафтанома як газетаи фароғатист, ки перомуни сару садоҳо акнофи зиндагиномаи ситораҳои санъату варзиш ва чеҳраҳои шинохтаи хориҷӣ ва ватанӣ матлаб нашр мекунад. Аз хонум Қурбонова пурсидам, ки оё овозаҳо дар мавриди ин ки сардабири пасипардагии «Овоза» Хуршеди Атовулло, журналисти шинохташудаи тоҷик аст, ба гӯши онҳо расидааст? Ӯ гуфт: «Ин овоза аз куҷо ба шумо расид? Ин овоза хатост ва ин газета аз худи ман аст!»

Хуршеди Атовулло ин овозаро такзиб кард ва афзуд, ки ҳамакнун ҳафтаи дигар газетаи худро бо номи «Фараж», ки сирф сиёсист, ба дасти чоп медиҳад:

«Мо тасмим гирифтем, ҳафтаи оянда газетаи худро бо номи «Фараж» нашр кунем. «Фараж» дар Фарҳанги тоҷикӣ доруест барои давои марази шикамдард. Мо мехоҳем, ба мардуме, ки танҳо дар фикри шиками хеш аст, дору таҳия кунем, то аз азоби алими шикамдард халос шаванд ва ба зиндагонии сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии хеш низ назар андӯзанд»

Хуршеди Атовулло гуфт, имконияти нашри газетаҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ баъд аз маъракаҳои интихоботӣ дар кишвар афзудааст ва теъдоди ин нашрияҳо ҳамакнун боз ҳам зиёд мегардад.
XS
SM
MD
LG