Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернети бесим барои туркманҳо


Ширкати русии МТС нахустин ширкате хоҳад буд, ки робитаи бесими интернетӣ дар Туркманистонро ба роҳ мемонад.

Айни ҳол ин ширкат аксари шаҳрҳои Туркманистонро бо робитаи телефони мобайл ё дастӣ таъмин мекунад. Ва аммо, ба гуфтаи коршиносон, ҳанӯз равшан нест, ки МТС дастрасии комили сокинони ин кишвар ба иттилоъ дар Интернетро таъмин хоҳад кард ё на.

Ҳоло ширкати “Туркмантелеком” ягона васлгари мардум бо Интернет аст ва бо истифода аз ин мақом дастрасӣ ба сомонаҳои мухолифини ҳукумат ва чандин сомонаҳои мустақили дигарро маҳдуд кардааст. Аз сӯи дигар, дар кишвар хатҳои робитаи телефонӣ фарсуда шудаанд ва ҳамзамон фақат 20 ҳазор компутар тавони пайвастшавӣ ба Интернетро доранду халос.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, баъди соҳиб шудан ба курсии сарвари Туркманистон дар моҳи феврали соли гузашта ваъда дода буд, ки Интернет ба як бахши рӯзгори мардуми кишвар табдил хоҳад ёфт. Баъди ин изҳорот дар Ашқобод ва дигар шаҳрҳои кишвар интернет-кафеҳо ташкил шуданд ва ҳоло мардум нобаста ба касбу корашон ба ин шабакаи ҷаҳонӣ ворид шаванд. Замони қудрати раисиҷумҳури пешин Сафармурод

Ниёзов фақат мансабдорони ҳукуматӣ, дипломатҳо ва кормандони намояндагиҳои созмону ширкатҳои байнулмилалӣ дар Ашқобод ба Интернет дастрасӣ доштанду халос. Ба иттилоъи расмӣ, айни ҳол дар сартосари Туркманистон 15 интернет-кафе фаъолият мекунад. Ва аммо Холмурод Қличдурдиев, як хабарнигори муқими Ашқобод, мегӯяд, ки айни ҳол дар роҳи дастрасӣ ба интернет монеъаҳои зиёд мавҷуданд.

Ба иттилоъи гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон, дар Турманистон чун солҳои пеш дастрасӣ ба чанд сомонаи минтақаиву байнулмилалӣ, аз ҷумла Фергана. ру, Сентразия. ру, Евразия.нет ва ҳамчунин сомонаҳои интернетии аҳзоби мухолифи ҳукумат, ғайримумкин аст.

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз”, мақараш дар Порис, дар гузориши ахири солонааш Туркманистонро дар баробари Эрон, Зимбабве, Кореяи Шимолӣ ба феҳрасти 15 кишвари, ба истилоҳ “душмани Интернет”, шомил кардааст.

Гуфта мешавад, ки истифода аз Интернет барои ҳама қишрҳои ҷомеъа дастрас нест. Маоши миёна дар Туркманистон дар сатҳи тақрибан 200 доллар муқарар шудааст ва барои пайвастан ба Интернет дар манзил бояд 42 доллар пардохт кард. Ҳамчунин ҳаққи пардохти якмоҳаи хизматрасонӣ 8 доллар ва ҳар соати истифода аз Интернет як доллар муқаррар шудааст.

Ва дар ҳамин ҳол, тавре як истифодабари интернет аз вилояти Тошҳавз дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иброз дошт, ки “суръати Интернет он қадар заъиф аст, ки фақат барои тафтиши почтаи электронӣ ва навиштани се-чаҳор нома дасти кам як соат вақт зарур хоҳад шуд”. Мардум ҳамчунин аз он шиква доранд, ки бештари интернет-кафеҳо фақат рӯзона кор мекунанд ва рӯзҳои истироҳат низ дарҳояшон баста аст.

Тибқи хабарҳо, айни ҳол ҳудуди 2 ҳазор сокинони Туркманистон барои пайваст шудан ба Интернет дар манзилашон интизори навбатанд. Вале ширкати давлатии “Туркментелеком” мегӯяд, ки бино ба фарсудагии таҷҳизот ва набудани кормандони варзидаи фаннӣ дар як рӯз ҳамагӣ 20 нафарро метавонад бо Интернет пайваст кунад.

Ҳанӯз маълум нест, ки ширкати МТС-И Русия дастрасии озоди мардуми Туркманистон ба иттилоъро таъмин мекунанд ё не. Ва аммо, ба ҳар ҳол, ба гуфтаи коршиносон, таъмини мардум бо робитаи бесими интернетӣ як падидаи мусбат дар ин кишвари Осиёи Марказист, дар кишваре, ки як-ду сол пеш аз дарбастатарин кишварҳои олам маҳсуб мешуд.

XS
SM
MD
LG