Пайвандҳои дастрасӣ

Комёбиҳои Барак Обама дар Порт оф Спейн


Барак Обама дар ин ҳамоиш истиқболи мунаққиди шадидуллаҳни Амрико дар минтақа Ҳуго Чавесро ба даст овард

Барак Обама дар ин ҳамоиш истиқболи мунаққиди шадидуллаҳни Амрико дар минтақа Ҳуго Чавесро ба даст овард

Раҳбарони кишварҳои Амрикои Лотинӣ нишасти сарони 34 кишвари узви Созмони кишварҳои Амрико дар Порт оф Спейн, пойтахти Тринидад ва Тобагоро муваффақ хонда, раисиҷумҳури Амрико Барак Обамаро ҳамчун ҳамкори мусбат тавсиф карданд.

Нишасти серӯзаи Порт оф Спейн, ки рӯзи якшанбе ба поён мерасад, раҳбарони Амрико ва кишварҳои Амрикои Лотиниву ҳавзаи Кариб, ба истиснои танҳо Кубаро, ки аз узвияти ин созмон ҳанӯз соли 1962 ихроҷ шудааст, гирди ҳам овард.

Барак Обама дар ин ҳамоиш истиқболи бисёре аз мунаққидини шадидуллаҳни Амрико дар минтақа, бо шумули ҳамтои венесуэлиаш Ҳуго Чавесро ба даст овард. Обама ва Чавес дар толори нишаст дасти ҳамдигарро фишурданд ва Чавес ба ҳамтои амрикоияш як китоб низ тӯҳфа кард, ки роҷеъ ба таърихи мустамликадорӣ дар Амрикои Лотинӣ будааст.

Раҳбари Венесуэла ба хабарнигорон гуфт, ӯ дар андешаи эъзоми сафири нав ба Вошингтон аст, то равобити комили дипломатӣ бо Амрикоро барқарор кунад:

“Пешбарии сафири нави мо дар дасти баррасӣ қарор дорад ва, ман субҳи ҳамин рӯз ба вазири хориҷа Николас Мадуро чунин дастур додам. Мо бо вазири собиқи хориҷа Рой Чадертон гуфтугӯ кардам ва ӯро ҳамчун сафири нав дар Амрико пешбарӣ кардам. Акнун мо мунтазири Амрикоем, ки номзадии Чадертон ба ин мақоми муҳимро тасвиб ва даврони ҷадидеро дар равобити мо оғоз кунад.”

Вазорати хориҷаи Амрико низ ба дунбол гуфт, рӯи бозгашти фиристодааш ба Венесуэла кор хоҳад кард.

Ҳуго Чавес фиристодаи Амрико дар Каракасро моҳи сентябри соли гузашта ба нишони ҳамраъйӣ бо Боливия ихроҷ карда буд. Вошингтон дар пай аз айни иқдом кор гирифт.

Аҳли нишасти Порт оф Спейн аз азми Барак Обама барои эҳёи равобити Амрико бо Куба низ истиқбол карданд. Барак Обама дар ин нишаст дар мавриди Куба гуфт, “ман омодаам, ки маъмурияти ман бо давлати Куба рӯи як силсила масоил – аз қочоқи маводи мухаддиру масоили иқтисодӣ сар карда то ба масоили ҳуқуқи башар, озодии баён ва ислоҳоти демократӣ- вориди гуфтугӯ шавад. Ва як нуктаро бояд рӯшан кунам: Ман ҷонибдори музокирот танҳо ба хотири музокирот нестам. Аммо мутмаинем, ки мо метавонем равобити Амрикову Кубаро дар як масири ҷадид биандозем.”

Амрико аз замони инқилоби коммунистии соли 1960, ки Фидел Кастроро ба раҳбарии Куба нишонд, равобити дипломатиаш бо Ҳаванаро қатъ карда, 49 сол боз болои Куба таҳримоти шадиди тиҷоратӣ низ андохтааст. Куба аз соли 1962 аз узвияти Созмони кишварҳои Амрико ихроҷ шуда, ба ин далел дар нишасти Порт оф Спейн ҳузур надошт. Аммо раисиҷумҳури Бразил Лула да Силва гуфт, нишасти баъдии ин созмон бидуни ширкати Куба ғайриқобилиқабул мебуд.
XS
SM
MD
LG