Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аргентина - қаҳрамони футболи олимпиадаи Пекин


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Аргентина қаҳрамони бозиҳои 29-ми тобистонаи олимпии Пекин гардид.

Ин даста дар бозии ниҳоӣ, рӯзи 23-юми август, дар варзишгоҳи миллии «Лонаи паранда»-и шаҳри Пекин баргузор шуд, тими Нигерияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голро дар дақиқаи 58-ум Анге Ди Мариа ба ҳадаф расонд. Барои ҷойи севвум дастаҳои Бразилия ва Белгия рақобат карданд. Бозӣ бо натиҷаи 3:0 ба нафъи бразилиҳо хотима ёфт ва бозигарони ҷавони бразилӣ бо медалҳои биринҷии олимпӣ сарфароз гардиданд.

Имрӯз, якшанбеи 23-юми август, мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳои олимпӣ дар 18 риштаи варзиш ҷараён дорад. Вале дар мусобиқот варзишгарони тоҷик ширкат намеварзанд. Онҳо, ки сабқати худро ба анҷом расондаанд, феълан ба маросими пушидашавии бозиҳо, ки рӯзи якшанбе, 24-уми август, соати 20.00 ба вақти Пекин ва соати 17.00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад, омодагӣ мебинанд.

Раиси кумитаи олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими пушидашавӣ паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило, интихоб шудааст.

Дар ҳамин ҳол дастаи Тоҷикистон бо касби як медали нуқра ва як медали биринҷӣ байни 85 кишвари соҳиби медалҳои олимпӣ гардида дар зинаи 61-ум қарор дорад. Инчунин дастаҳои Алҷазоир, Колумбия, Қирғизистон ва Сербия як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ Чин бо касби 90 медал, аз ҷумла 47 медали тило, дар ҷойи аввал аст. ИМА, бо 103 медал, аз ҷумла 31 тило, дар ҷойи дуввум аст. Бритониё бо 44 медал, аз ҷумла 18 тило, дар ҷойи севвум қарор дорад. Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо Туркманистон ягон медал ба даст наовардааст.

XS
SM
MD
LG