Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои даври севвуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 бо ширкати 20 дастаи миллии кишварҳои қорраи Осиё дар 5 гурӯҳ баргузор шуданд.

Дар гурӯҳи аввал Австралия бар Ироқ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Бозии Қатар ва Чин бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Дар ин гурӯҳ Австралия бо 7 имтиёз дар ҷои аввал ва Қатар бо 4 имтиёз дар ҷои дуввум мебошанд.

Дар гурӯҳи 2-юм Ҷопон Уммонро бо ҳисоби 3:0 ва Баҳрайн Тайландро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карданд. Дар ин гурӯҳ Баҳрайн бо 9 имтиёз дар зинаи аввал ва Ҷопон бо 6 имтиёз дар зинаи дуввум ҷойгир шудаанд.

Дар гурӯҳи 3-юм ҳарду бозӣ байни дастаҳои Туркманистон - Куриёи Шимолӣ бо ҳисоби 0:0 ва Куриёи Ҷанубӣ - Урдун бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфтанд. Дар ин гурӯҳ Куриёи Ҷанубӣ ва Куриёи Шимолӣ бо 5-имтиёзӣ пешсафанд.

Дар гурӯҳи 4-ум Узбакистон дар меҳмонӣ бар Сингапур бо ҳисоби бузурги 7:3 ва Арабистони Саъудӣ бар Лубнон бо ҳисоби 4:1 пирӯз гардиданд. Дар ин гурӯҳ Узбакистон бо 9 имтиёз дар ҷои аввал ва Арабистони Саъудӣ бо 6 имтиёз дар ҷои дуввум қарор доранд.

Дар гурӯҳи 5-ум Сурия дар майдони худ Кувайтро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт. Дидори тими Эрон бо дастаи меҳмон – Аморати Муттаҳидаи Араб бо натиҷаи 0:0 ба анҷом расид. Дар ин гурӯҳ Аморат ва Сурия бо 5-имтиёзӣ пешсаф мебошанд.

Бозиҳои даври 4-уми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 рӯзи 7-уми июн баргузор мешаванд. Охирин бозии ин давр байни тимҳои миллии Кувайт ва Сурия 8-уми июн доир мегардад.

Вале тими миллии футболи Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли гузашта дар бозиҳои интихобӣ аз дастаи Сингапур шикаст хӯрда буд, аз ҳаққи ширкат дар даври севвуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 маҳрум гардидааст.

XS
SM
MD
LG