Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи маъмурӣ алайҳи раҳбари мухолифони Путин


Раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний як рӯз баъд аз боздошташ, ба додгоҳ ҳозир карда шуд. Алексей Навалний ва садҳо тани дигар аз мухолифони ҳукумати Русия рӯзи 26 март зимни тазоҳуроти зидди фасод, дар Маскав боздошт шуданд.

Ба иттилои бахши русии Радиои Озодӣ, Алексей Навалний субҳи 27 март ба додгоҳ ҳозир карда шуд ва қарор аст ба суолҳои додрас дар мавриди ташкили тазоҳуроти густурдаи рӯзи якшанбеи 26 март, ки ба хушунат печид, посух бигӯяд. Раҳбари мухолифони Русия ба ташкили ғайриқонунии тазоҳурот муттаҳам мешавад ва имкон дорад то ба 15 рӯзи зиндон, маҳкум шавад.

Амрико боздошти эътирозгарон дар Русияро маҳкум кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боздошти садҳо тан аз мухолифони ҳукумати Русияро маҳкум кард ва аз боздошти Алексей Навалний -- пешвои мухолифон ибрози нигаронӣ намуд. Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 26 март бо нашрия як баёния гуфтааст, "мо аз ҳукумати Русия мехоҳем то ҳамаи эътирозгарони боздоштшуда дар тазоҳуроти мусолиматомезро озод кунад."

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико афзудааст, ки Вашингтон аз шунидани хабари боздошти Алексей Навалний "нигарон" шудааст. Вай гуфтааст, ки "боздошти раҳпаймоёни мусолиматҷӯ, нозирони ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон, бо арзишҳои асосии демократия дар мухолифат ва тазод қарор дорад."

Боздошти Алексей Навалний ва идомаи тазоҳурот дар Русия

Мақомоти интизомии Русия Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлатро рӯзи 26-уми март ҳангоми як раҳпаймоӣ дар маркази Маскав дастгир кардаанд. Дар ин бора Роман Рубанов, раиси Фонди зидди фасоди Навалний дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод.

Ӯ дар ин раҳпаймоӣ аз мардум даъват кардааст, ки ба зидди фасодкорӣ дар Русия эътироз кунанд. Роман Рубанов, аксҳо ва видеоҳоеро дар Твиттер нашр кард, ки нишон медиҳад, тарафдоронаш саъй доранд, монеи маъмурони пулисе шаванд, ки Навалнийро ба самти мошини пулис мебаранд.

Пеш аз тазоҳурот ӯ дар як суханронии сабтшуда гуфт: “Ман бисёр хушҳолам, ки бахше аз ин ҳастам, чун мебинам, ки мардум ба зидди фасодкорӣ ба кӯчаҳо баромадаанд, чун аз он безор шудаанд. Ҳоло ҳама медонад, ки фасодкорӣ камбизоатӣ аст. Онҳо ҳарду як чизанд. Мо барои он мехоҳем тазоҳурот кунем, ки зиндагиамон беҳтар шавад.

Боздошти тазоҳургарон дар Маскав
Боздошти тазоҳургарон дар Маскав

Мақомоти пулиси Маскав даҳҳо нафарро, ки ба раҳпаймоии беиҷоза ба Майдони Пушкин дар кӯчаи Тверская баромада буданд, дастгир карданд.

Ҳазорон нафар дар майдон ҷамъ омаданд ва “шарм бар шумо” ва “муҳофизони дуздон” шиор медоданд. Яке аз тазоҳургарон ба пояи ҳайкали Александр Пушкин баромад ва навиштаи “Путин 666” – ро гузошт, вале зуд боздошт шуд.

Александр Навалний, ки соли 2013 дар интихоботи шаҳрдори Маскав ширкат кардааст ва гуфтааст, қасд дорад, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2018 ширкат варзанд, аз тарафдоронаш хост, тазоҳуротро бе ӯ ҳам идома бидиҳанд.

Тавре мегӯянд, моҳӣ аз сараш мепӯсад ва мо инҷоем то сари ӯро бигирем.

Юрий Костюки 28-сола ва корманди як ширкати мухобиротӣ гуфт, барои он дар тазоҳурот ширкат мекунад, ки дар кишвар “”фасодкориву дуздии ваҳшатнок” вуҷуд дорад.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тавре мегӯянд, моҳӣ аз сараш мепӯсад ва мо инҷоем то сари ӯро бигирем.”

Дар маҷмӯъ тазоҳуроти зидди фасодкорӣ дар шаҳрҳои Русия дар рӯзи 26-уми март аз тазоҳуротҳои азиме дар Русия ба шумор меравад, ки баъди солҳои 2011-2012 сурат мегирад. Дар он замон баъди пирӯзии ҳизби ҳокими Русия ва Владимир Путин дар интихоботҳои порлумонӣ ва президентӣ ҳазорон нафар ба кӯчаҳо баромада тазоҳурот карданд.

Бо вуҷуди онки дар Русия ҷазо барои ширкат дар тазоҳуроти ғайриқонуниро сахт кардаанд, вале дар рӯзи 26-уми март теъдоди зиёде аз мардум дар раҳпаймоиҳои бидуни иҷоза ширкат доштанд.

Тазоҳурот дар Владивосток
Тазоҳурот дар Владивосток

Тазоҳурот баъд аз он баргузор мешавад, ки Алексей Навалний рӯзи 2-уми март бо нашри як гузорише, Дмитрий Медведев, нахуствазири Русияро ба он муттаҳам кард, ки бо истифода аз муассисаҳои хайрия ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз афроди сарватманду бонкҳои давлатӣ пули зиёде гирифта ва хона ва дигар моликияти гаронбаҳо харидааст.

Навалний дар вебсайташ гуфт, ки тазоҳурот дар 99 шаҳри Русия баргузор мешавад, вале мақомот дар 72 шаҳр иҷозаи гирдиҳамоӣ надоданд. Бо вуҷуди ин дар баъзе аз шаҳрҳо шумораи тазоҳургарон аз садҳо то ба ҳазорон нафар мерасидааст. Ба гуфтаи матбуоти Русия, дар раҳпаймоӣ дар Владивосток 1000 нафар ширкат доштанд ва маъмурони пулис 30 нафарро дастгир кардаанд.

Дар шаҳри Новосибирск, ки мақомот иҷозаи раҳпаймоӣ доданд, 2000 нафар гирд омада ва “Нест бод фасодкорӣ” шиор додаанд. Дар Южно-Сахалинск 5 нафар ҳангоми раҳпаймоӣ ва 9 нафар баъди он дастгир шудаанд. Дар шаҳри Комсомолоск дар Амур 6 нафарро боздошт кардаанд.

Алексей Навалний моҳи декабр гуфт, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи марти соли оянда ширкат мекунад. Қарор аст, Владимир Путин барои шаш соли дигар мондан дар қудрат дар интихобот ширкат варзад.

Мақомоти Русия гуфтаанд, дар сурати собит шудани иттиҳомот дар бораи ҷиноятҳои молии Алексей Навалний ӯ ҳаққи ширкат дар интихоботро нахоҳад дошт. Навалний мегӯяд, ду парвандаи ҷиноӣ ба зидди ӯ, ангезаҳои сиёсӣ доранд ва фақат барои мухолифаташ бо Путин боз шудаанд.

XS
SM
MD
LG