Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машварати Русия: "Ба тоқиву ҷомаи тоҷикон нахандед"


Вазорати умури хориҷии Русия ба шаҳрвандоне, ки хориҷ сафар мекунанд, машварат додааст, ки бо назардошти фарҳанги мардуми ҳамон кишвар рафтор кунанд, то мушкил пеш наояд.

Вазорати умури хориҷии Русия ба шаҳрвандоне, ки хориҷ сафар мекунанд, машварат додааст, ки бо назардошти фарҳанги мардуми ҳамон кишвар рафтор кунанд, то мушкил пеш наояд. Дар тавсияномаи вазорат нишон дода шудааст, ки шаҳрвандони Русия дар кадом кишвар аз чӣ кадом кор парҳез кунанд, то сабаби нороҳатӣ ва хашми сокинони муқимӣ нашаванд.

Дар бахши марбут ба Тоҷикистонии ин гузориш гуфта шудааст, ки русҳо бояд нисбат ба арзишҳои миллӣ ва динии шаҳрвандон эҳтиром гузошта, нисбат ба китоби “Қуръон” сухани бад нагӯянд.

Ҳушдор аз муошират бо занон

Тибқи машварати Вазорати умури хориҷии Русия шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон ба арзишҳои мазҳабӣ, сару либоси миллӣ бо тамасхур нигоҳ накунанд. Ҳамчунин ба шаҳрвандони рус ҳушдор дода шудааст, ки ҳар сухани носазо вобаста ба тоқиву ҷомаи мардон, рӯймоли занон ва дар ҳаққи адабиётӣ исломӣ бахусус китоби “Қуръон” метавонад хашми сокинони маҳаллиро ба бор орад.

Аксари аҳолии Тоҷикистон бо либоси боз оббозӣ кардани занонро қабул надоранд.

Инчунин тибқи ин машварат русиягиҳо набояд дар Тоҷикистон нисбат ба занони бегона ҳатто ҳарфҳои тавсифомез бигӯянд. Зеро ба гуфтаи мақомоти рус тоҷикон ҳаргуна суханҳо дар мавриди хешованди наздики худ бахусус модар, ҳамсар ва духтаронашонро бо ҳассосият қабул доранд.

Дар идома мақомоти рус ба шаҳрвандонашон машварат додаанд, ки дар Тоҷикистон бо исми ҳайвонҳое ба мисли хук, саг, хар ба сокинони маҳаллӣ хитоб накунанд. Чун ин кор аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун таҳқир пазируфта мешавад.

“Сокинони солхӯрдаи Тоҷикистон ба сигоркашии занони ҳатто хориҷӣ бо нафрат нигоҳ мекунанд. Аксари аҳолии Тоҷикистон бо либоси боз оббозӣ кардани занонро қабул надоранд”- омадааст дар гузориш.

Тоҷикистон ба шаҳрвандонаш кай машварат медиҳад?

Тоҷикистон то ҳол барои шаҳрвандони оддӣ машваратномаи махсусе нашр накардааст, то сокинон аз рӯи дар хориҷи кишвар амал кунанд. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди ҳудуди як миллион нафар шаҳрвандон ба хориҷ сафар мекунанд. Коршиносон мегӯянд, бо тақозои зиндагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои зиёде мераванд ва бо сабаби надонистани урфу одати мардуми маҳаллӣ нофаҳмиҳои зиёд рух медиҳад.

Муҳаммад Эгамзод, дипломати собиқадори тоҷик мегӯяд, тибқи қоида кормандони сафоратхонаҳои Тоҷикистон пеш аз оғози кор таъриху фарҳанг ва урфу одати кишвари мизбонро меомӯзанд. Вале ба гуфтаи ӯ вақте расидааст, ки барои шаҳрвандони оддии Тоҷикистон низ машваратномаи махсусе таҳия шавад, то онҳо тавонанд дар хориҷ низ ба мушкил ё нофаҳмӣ дучор нашаванд.

Муҳаммади Эгамзод
Муҳаммади Эгамзод

Ҷаноби Эгамзод рӯзи 25 март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “вазъи мунтазам тағйирёбандаи ҷаҳон мақомоти русро водор кард, ки чунин муроҷиатро барои шаҳрвандонашон пешниҳод кунанд. Ҳоло замоне расидааст, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон чунин машваратҳо дар шакли роҳнамо таҳия шаванд. Мо дар бисёр ҳолатҳо шоҳид будем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар надонистани урфу одат ва надоштани этикаи сафар дар ҷои дигар гирифтори мушкилиҳо шудаанд.”

Ин ҳамсуҳбати мо мисол овард, ки агар дар Тоҷикистон ба китфи як нафар задан маънои офарин гуфтанро ифода кунад, пас ин амал дар Ҷопон ҳамчун таҳқир қабул мешавад. Инчунин ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон баланд суҳбат кардан ва хандидан агар як амри маъмулӣ бошад, пас дар хориҷ ин кор ба миллатҳои таҳҷоӣ сахт мерасад.

Намунаҳо дар Русия

“Дар бисёр ҳодисаҳо ҳатто муноқишаҳои иҷтимоӣ дар Русия як рафтор ё гуфтори ноҷои шаҳрвандони хориҷӣ ба ин сабаб мешавад. Ҳарчанд русҳо низ “моҳи беайб” нестанд. Буданд ҳолатҳое, ки ба духтарони роҳгузар бо овози баланд луқма партофта, дасташонро меқапиданд. Шояд дар Тоҷикистон ин роиҷ бошад ва дар ҷавоб духтар метавонад як ноз карда равад. Лекин дар Русия агар мехоҳӣ бо духтар шинос шавӣ, бояд рафта бо ӯ салом кунӣ ва гӯи, ки духтари хушру ман мехоҳам бо шумо шинос шавам.” –мегӯяд, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Ба назари бархе аз таҳлилгарони дигари тоҷик рафтори тоҷикон дар хориҷ танҳо бо як машваратнома хуб намешавад, чун мушкил дар ҷои дигар аст. Хуршед Атовулло, сардабири ҳафтаномаи “Фараж” аз мушоҳидаҳояш ҳангоми сафар ба хориҷ мегӯяд, таҳияи машваратнома барои шаҳрвандони Тоҷикистон мушкилро шояд камтар мекунад.

Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовулло

Хуршед Атовулло афзуд, “Чунин машваратнома албатта масъаларо ҳал намекунад, зеро ин ба заҳмати шаҳрвандон барои омӯзиши забон ва маданияти кишвари мизбон вобаста аст. Мушкили асосии ҳар нафаре, ки аз Тоҷикистон бори аввал берун мешавад ин надонистани забон ва маданияти суханронӣ аст. Ҳамчунин эрод гирифтан ба рафтору амали дигарон дар хориҷ қобили қабул нест. Мутаасифона баъзе ҳамватанони мо ҳатто маданияти дар навбат истоданро риоя намекунанд.”

Ҷанҷоли хӯрдани қурутоб дар Душанбе

Тавсияномаи вазорати умури хориҷии Русия дар бораи рафтори шаҳрвандон дар хориҷа аввалан ба сайёҳон равона шудааст. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, дар гузашта ҳолатҳое ба қайд гирифта нашудаанд, ки миёни сайёҳон ва аҳолии маҳаллӣ ба хотири нақзи урфу одат нофаҳмиҳо сар зада бошад. Аз ҷумла нодуруст истеъмол кардани қурутоб ва таҳқиромез сухан кардани як рӯзноманигори украинӣ дар бораи ин хӯрок баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён оварда буд.

XS
SM
MD
LG