Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз нерӯҳои Гурҷистон ҳамлаи густурда болои Осетияи Ҷанубиро ба хотири таҳти назорати даровардани ин минтақаи ҷудоиталаб идома доданд.

Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили гуфт, то кунун бахши аъзами қаламрави Осетияи ҷанубӣ, ба таъбири ӯ, “озод карда шудааст.” Тифлис гуфтааст, амалиёти нерӯҳояш то истиқрори як сулҳи муҳкам дар Осетияи ҷанубӣ давом хоҳад кард.

Тифлис гуфтааст, амалиёти нирӯҳояш то истиқрори як сулҳи муҳкам дар Осетияи ҷанубӣ давом хоҳад кард. Даргириҳои сангин байни нерӯҳои гурҷиву осетин мояи нигарониҳо дар бораи эҳтимоли бурузи як ҷанги густарда дар ин минтақа ва дахолати Русия дар ин низоъро ба бор овардааст.

Мақомоти Гурҷистон рӯзи ҷумъа гуфтанд, ҷангандаҳои Русия пойгоҳи ҳавоии Гурҷистон дар Вазианӣ, воқеъ дар ҳошияи пойтахти ин кишвар, шаҳри Тифлисро бамбборон кардаанд. Раисиҷумҳур Михаил Саакашвили гуфт, нерӯҳои гурҷӣ рӯзи ҷумъа 2 ҷангандаи Русияро дар ҳарими ҳавоияш суқут додаанд. Михаил Саакашвили гуфт, ӯ фармон додааст, то кулли сарбозони эҳтиётӣ ба артиш басиҷ карда шаванд: “Ман дар Гурҷистон даъвати саросарӣ эълон кардам, даъвати саросарии сарбозони эҳтиётиро. Ҳама бояд ба марказҳои даъвати сарбозон ҳозир шаванд. Мо бояд кишвари худро муштаракан ҳифз кунем.”

Саакашвили ҳамчунин гуфтааст, як корвони зиреҳпӯшҳои артиши Русия, иборат аз 150 мошин, зӯҳри ҷумъа вориди қаламрави Осетияи ҷанубӣ шудааст. Вазорати дифоъи Русия ин хабарро таъйид карда, аммо бидуни ташхиси шумори ин нерӯҳо ва таслиҳоти онҳо гуфтааст, ин нерӯҳо ба хотири ҳимоят аз нирӯҳои ҳомии сулҳ ва сокинони маҳаллии Осетияи Ҷанубӣ эъзом шудаанд.

Гурҷистон мегӯяд, нерӯҳояш бо ду корвони, ба гуфтаи Тифлис, “зархаридон”, ки гуфта мешавад, аз Русия вориди Осетияи Ҷанубӣ шудаанд, низ вориди задухӯрд шудаанд. Вазорати умури дохилаи Гурҷистон шоми ҷумъа хабар дод, ки нирӯҳои Русия як бахши Тсхинвали, маркази Осетияи Ҷанубиро таҳти назорат даровардаанд. Сухангӯи ин вазорат Шота Утиашвили гуфтааст, ки бахши дигаре аз Схинвалӣ таҳти назорати нерӯҳои гурҷӣ қарор дорад ва нирӯҳои Русия бо истифода аз оташи тонкҳову ҳавопаймоҳо алайҳи нирӯҳои гурҷӣ оташ кушодаанд.

Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷаи Гурҷистон Екатерине Ткешелашвили гуфт, Тифлис мехоҳад раҳбарони ҷаҳон ба Маскав ба хотири қатъи, ба гуфтаи ӯ, “ҳамлаи мустақими низомӣ”-и Русия ба қаламрави Гурҷистон фишор биоваранд.

Вазъ дар Осетияи Ҷанубӣ дар ҳоле ба хушунат печид, ки шоми панҷшанбе Михаил Саакашвили ба Осетияи Ҷанубӣ пешниҳоди оташбаси билофосила ва шурӯъи низ билофосилаи музокироти мустақим карда буд. Аммо ҳамагӣ 2 соат баъд аз эълони оташбаси якҷониба, Тифлис ба ин далел, ки нирӯҳои осетин алайҳи рустоҳои гурҷинишини Тамарашени ва Приси аз тӯпхонаҳо оташ кушодаанд, нирӯҳояшро вориди қаламрави Осетияи Ҷанубӣ кард.

Мамука Курашвили, фармондеҳи нерӯҳои гурҷӣ дар Осетияи Ҷанубӣ гуфт, онҳо ба дунбол маҷбур шудаанд, ба хотири, ба гуфтаи ӯ, “истиқрори тартиботи конститутитсионӣ дар тамоми минтақа”иқдом кунанд.

Мақомоти Осетияи Ҷанубӣ эълони оташбас аз сӯи Михеил Саакашвилиро ба масхара кашида, ҳамлаи нерӯҳои Гурҷистон ба қаламрави ин вилояти ҷудоиталабро билофосила маҳкум карданд. Дмитрий Медоев, фиристодаи Осетияи Ҷанубӣ дар Маскав эълони оташбасро “хокпошӣ” номид. Вале оқои Медоев афзуд, Схинвали бо вуҷуди ин ки хуни зиёде рехта шуд, умедвор аст, ки Тифлис пушти мизи музокирот бармегардад.

XS
SM
MD
LG