Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба об нарх мегузорад


Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон
Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон

Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон, гуфтааст, ки Қазоқистон ва Узбакистон бояд ҳақи танзими оби сарбанди Тӯхтагулро ба Қирғизистон бипардозанд.

Ба гуфтаи Игор Чудинов, оби сарбанди Тӯхтагул дар фасли сармо захира мешавад ва ин об пеш аз ҳама барои таъмини шабакаҳои обёрӣ муқаррар шудааст. Вай афзуд, аммо аз соли 1992 ба ин сӯ кишварҳои ҳамҷавори Қирғизистон маводи сӯхти мавриди ниёзи нерӯгоҳҳои тавлиди барқ ва марказгармиҳои кишварашро мувофиқи қимати бозори ҷаҳонӣ мефурӯшанд.

Бар асоси суханони нахуствазири Қирғизистон дар ҳамин ҳол кишвараш барномаеро пиёда карданист, ки Қазоқистону Узбакистон ҳақи танзими оби сарбанди Тӯхтагулро бипардозанд, зеро Қирғизистон ин обро барои рафъи эҳтиёҷи ин ду кишвари ҳамҷавор низ захира мекунад.

Гуфта мешавад, соли 2001 Қирғизистон қонун «Дар бораи истифодаи байнидавлатии захоири об»-ро ба тасвиб расонидааст. Тибқи ин қонун, кишварҳои ҳамҷавори Қирғизистон пардохти ҳақи истифодаи оби сарбанди Тӯхтагулро, ки дар фасли зимистон захира мешавад, аз мадди назар дур намонанд.

Ба гуфтаи мутахассисон, харҷи солонаи шабакаҳои байнидавлатии обёрӣ дар ҳудуди 25 миллион доллари амрикоиро тақозо менамояд. Ин дар ҳолест ки пули ҷубронкардаи ҳамсояҳои Қирғизистон дар ҳудуди 15 миллион долларро ташкил мекунад.

Бозорбой Мамбетов, коршиноси байнулмилалӣ дар умури захоири обу барқ мегӯяд, ҳанӯз мақомоти Қирғизистон дифоъ аз манфиатҳои миллиро наомӯхтаанд, ин дар ҳолест, ки қонеъ сохтани манфиатҳои кишвар дар ҷои аввал меистад. Ба таъкиди Бозорбой Мамбетов, ҳамсояҳои Қирғизистон эътироз мекунанд, ки оби сарбанди Тӯхтагул фақат барои рафъи эҳтиёҷи Қирғизистон ва манофеъи миллии он нест.

Вай мегуяд, мақомоти ду кишвари ҳамҷавор - Қазоқистон ва Узбакистон - тақозо менамоянд, ки Қирғизистон аз 1 апрел то 1 октябр ҳаҷми анъанавии об аз сарбанди Тӯхтагулро сар диҳад, ки беш аз 7 миллиард метри мукаабро ташкил мекунад. Ӯ меафзояд, аммо мақомоти ин ду кишвари ҳамҷавор дар фикри он нестанд, ки оё дар обанбори Тӯхтагул ин миқдори об мавҷуд аст ё на. Бозорбой Мамбетов гуфт, мақомоти кишвараш ҳаргиз манифатҳои кишварҳои ҳамҷаворро нодида нахоҳанд гирифт. Гуфта шуд, ки агар Қирғизистон дар сарбанди Тӯхтагул ҳаҷми бештари обро захира нанамояд, маълум нест, ки зимистони оянда чи гуна паси сар хоҳад шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки апрели соли 2006 гурӯҳи кории чаҳор кишвари ҳамҷавор - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар мулоқоти худ лоиҳаеро пиромуни истифодаи захираҳои обу барқ пешниҳод карданд, ки гуфта мешавад, оби рӯдхонаҳои Норин ва Сиро ба танзим хоҳад даровард. Ба гуфтаи коршиносон, аммо дар ин самт ягон иқдом сурат нагирифт ва дар ҳамин ҳол вазъият беш аз пеш ба ташаннуҷ рӯ ба рӯст.

XS
SM
MD
LG