Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти донишҷӯёни Донишгоҳи Шероз


Дар ин муддат бояд намояндагони вазорати улуми ҷумҳурии исломӣ бо онҳо мулоқот кунанд, дар акси ҳол тазоҳурот аз нав шурӯъ хоҳад шуд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи Шероз замоне даст ба тазоҳруот заданд, ки чандин нафар аз шарикдарсони онҳо барои бозпурсӣ ба Додгоҳи инқилоб даъват шуданд. Инҳо ҷавононе буданд, ки дар моҳи апрели соли гузашта аз қоидаи либоси донишҷӯӣ эътироз карданд.

Дар бораи ин ҳодиса ва талаби донишҷӯён ҳамкорамон Салими Аюбзод гузориш дорад. Донишҷӯёни Донишгоҳи Шероз хостори озодиҳои бештар, шароити хуби зист дар хобгоҳҳо, дастрасӣ ба интернети дорои суръати баланд, таваҷҷӯҳ ба вазъи донишҷӯёни оиладор, қатъи фишор ба бархе аз устодону донишҷӯён ва ниҳоят, аз ҳама асосӣ, хостори истеъфои раиси донишгоҳанд.

Онҳо мегӯянд, танаффус дар тазоҳурот ба маънии даст бардоштан аз ин талабҳо нест. Ин талабҳост, ки наздик ба 3 ҳазор донишҷӯ таҳсилро қатъ карда, бо шиорҳои "Донишгоҳ сарбозхона нест!", "Зинда бод озодӣ!" ба майдон мебароянд ва ҳамсароӣ мекунанд.

Яке аз ширкаткунандагони тазоҳурот, ки аз руи эҳтиёт номи худро нагуфт, ба радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки бо вуҷуди баъзе кашокашҳо, тазоҳурот ба сурати умум осоишта ҷараён доштааст. Вай афзуд, ба истиснои инки бархе аз кормандони полис духтарони донишҷӯро дар марзҳои тазоҳурот латукӯб кардаанд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи Шероз мегӯянд, талабҳои онҳо сиёсӣ нестанд, вале маъмурияти донишгоҳ талош дорад, моҷароро сиёсӣ кунад. Донишҷӯён истеъфои раиси донишгоҳ Муҳаммадҳодии Содиқиро барои он талаб мекунанд, ки вай, ба гуфтаи тазоҳуркунандагон, донишгоҳро ба тамрингоҳи нерӯҳои амниятӣ ва полис табдил дода, чанде аз устодони донишгоҳро ҳамчун тарафдорони ислоҳот барканор кардааст.

Ба гуфтаи эътирозгарон зиёда аз 20 донишҷӯ барои ширкат дар тазоҳурот ба додгоҳи инқилоб даъват шуда, волидони даҳҳо донишҷӯ аз тарафи хадамоти амният мавриди интиқод ва фишор қарор гирифтаанд. Гуфта мешавад, дар асл зӯроварии ин нерӯҳо дар донишгоҳ яке аз сабабҳои сар задани тазоҳурот гаштааст.

Дар ҳамаи донишгоҳҳои Эрон хадамоти вижаи амниятӣ мавҷуд аст, ки яке аз вазифаҳои худро дар ташдиди назорат бар фаъолият ва сарулибоси донишҷӯён мебинад. Авҷи ин зӯроварӣ дар моҳи апрели соли гузашта низ эътирозҳои васеъи донишҷӯёнро ба вуҷуд оварда буд.

Дар даҳ моҳи гузашта, ба гуфтаи донишҷӯён авзоъ сангинтар шуд. Бар замми ин бо шубҳаву гумони даст доштан дар тазоҳурот ва майл ба ислоҳотталабӣ бархе аз устодони донишгоҳ аз кор ронда шуданд.

Узви иттиҳоди донишҷӯёни Донишгоҳи Шероз, Муҳаммадмеҳдии Аҳмадӣ мегӯяд, маҳдудиятҳои рӯзафзун дар донишгоҳҳо сабаби норозигиҳо мешавад. Дар ҳоле ки донишҷӯёни Донишгоҳи Шероз дар тазоҳуроти худ то рӯзи якшанбе танаффус эълон кардаанд, шогирдони Донишгоҳи тиббии Шероз ва аъзои Созмони исломии донишҷӯёни Эрон дар паёмҳои худ аз ин тазоҳурот ҳимоят кардаанд ва хабар мерасад, ки дар ду шаҳри дигари Эрон -- Караҷ ва Шоҳрӯд низ донишҷӯён даст ба тазоҳурот задаанд.
XS
SM
MD
LG