Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини ҳукумати Қирғизистон гирдиҳам меоянд


12 апрел дар шаҳри Бишкек таҳти унвони «Қирғизистон: дирӯз, имрӯз ва фардо» Анҷумани умумимардумӣ баргузор шуд.

Дар анҷуман намояндагони 15 ҳизби сиёсӣ, ҷунбишҳои мардумӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ширкат карданд. Он дасти кам 1500 вакилонро гирди ҳам овард. Вакилони анҷуман, ки аз соири вилоятҳо ва шаҳри Бишкек омада буданд, соати 10-и субҳи рӯзи шанбе дар назди муҷассамаи Максим Горкий, воқеъ дар шаҳри Бишкек, гирди ҳам омаданд. Дастандаркорони анҷуман хостанд, ки ба манзури ҷалби ҳар чи бештари мардум консерт баргузор кунанд. Аммо шаҳрдории Бишкек ба ташкил кардани консерт роҳ надод.

Соати 12-и рӯз Анҷумани умумимардумӣ ифтитоҳ ёфт. Омурбек Тикебоев, раиси ҳизби «Ата мекен» гуфт, ки кишвараш бӯҳрони шадидеро паси сар менамояд. Ба гуфтаи Омурбек Тикебоев, дар кишвараш теъдоди афроде, ки даст ба худкушӣ мезананд, сол аз сол меафзояд ва фақат дар соли 2007 485 нафар ба ҷони худ қасд кардаанд. Ба қавли Омурбек Тикебоев, дар таи се моҳи соли равон 137 нафар даст ба худкушӣ задаанд. Мавсуф таъкид кард, ки ҳазорҳо шаҳрванди кишвараш Қирғизистонро тарк намудаанд ва ин раванд идома дорад. Омурбек Тикебоев ҳукумат ва порлумони вақти кишварашро ғайриқонунӣ хонд ва афзуд, ки ин ҳукумат ва порлумон бояд ба истеъфо биравад.

Темир Сариев, яке аз раҳбарони мухолифин, гуфт, кишвараш ба се мушкилоти ҷиддӣ - ришватхорӣ, бекорӣ ва камбизоатӣ мувоҷеҳ аст, ки дар натиҷаи бемасъулиятии ҳукумати вақт рӯи кор омадааст. Вай ҳамчунин изофа кард, ки агар порлумон хусусигардонии пуроҷаҳои тавлиди нерӯи барқро ба тасвиб расонад, миссияи торихии худро адо менамояд. Ба гуфтаи оқои Сариев зеро ин парлумон маҳз барои расидагӣ ба чунин аҳдофи муғризона арзи вуҷуд намудааст. Темир Сариев гуфт, ки аз манобеъи оби Қирғизистон бештар ҳамсоякишварҳои он истифода мекунанд. Ин дар ҳолест ки Қирғизистон метавонад бо истифода аз манобеъи оби рудхонаҳояш соҳиби қудрати бузург шавад.

Ба гуфтаи Абдуғанӣ Эркабоев, раиси порлумони иҷтимоъии Қирғизистон, кишварашро фақат як нафар идора мекунад. Вай афзуд, ки дар даврони президенти собиқ Оқоев низ як ҳизб ҳоким буд ва имрӯз низ ҳизби «Оқ жол» ба ҳизби ҳоким табдил ёфтааст.

Аликбек Ҷекшенқулов, ҳамоҳангсози ҷунбиши «Барои адолат» ва собиқ вазири хориҷаи Қирғизистон, мегӯяд, ки вазъияти сиёсии кишвараш то тирамоҳи соли равон ба бумбасти ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ фақат мавҷи тазоҳуроти мардум мақомотро водор хоҳад кард, ки дар мавриди хусусигардонии манобеъи барқ, таъини марз ва беҳбуди вазъи иҷтимоъву иқтисодӣ тасмими дуруст гиранд.

Анҷумани умумимардумии мухолифини Қирғизистон қатъномаеро ба тасвиб расонд. Тибқи ин қатънома фаъолияти ҳукумат ғайриқаноъатбахш дониста шуда ва натиҷаҳои ройдиҳии 21 октябр низ берун аз доираи қонун мебошад. Ҳамчунин оппозисиюн натиҷаҳои интихоботи парлумонии 16 февралро низ ғайриқонунӣ меҳисобад. Дар қатънома омадааст, ки бояд ба хусусигардонии манобеъи барқ, захираҳои зеризаминӣ, мактабу донишгоҳҳо, ки аз ҳадафҳои президент Боқиев аст, хотима дода шавад. Гузашта аз ин васоити ахбори умум бояд озод бошад ва дигарандешон аз маҳбас раҳо карда шаванд.

Гуфта мешавад, агар президент ва ҳукумат ин талаби намояндагони Анҷумани умумимардумиро иҷро накунанд, дар саросари кишвар тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо таъсис дода хоҳанд шуд. Дусали Эсеналиев, сухангӯи раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар вокуниш ба Анҷумани умумимардумии оппозисиюн гуфт, баргузории чунин анҷуманҳо дар давлатҳои низомаш демократӣ ҳодисаи маъмулист, ки аз ин раванд Қирғизистон орӣ намебошад.

XS
SM
MD
LG