Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон – кишвари ҳамҷавори Қирғизистон охирин ҳайкали Владимир Ленин аз ҷояш канда шуд, вале дар Қирғизистон акси ин ҳол мушоҳида мешавад.

Ин кишвар ҷиҳати ҳифзи ёдгориҳои таърихии замони шуравии собиқ, ба вижа ҳифзи ҳайкали ба истилоҳ доҳии пролетарҳои ҷаҳон содиқ мондааст. Дар ҳамин ҳол ҳайкали Ленин дар назди майдони парлумони ин кишвар қомат афрохтааст. Гуфта мешавад, ки панҷ сол пеш ин ҳайкал дар майдони марказии Алатоо мустақар буд, ки тамоми ҷашнвораҳои миллии кишвар дар он ҷо сурат мегиранд.

Вале 21 августи соли 2003 бо қарори ҳукумати Қирғизистон ҳайкали Ленин ба ҷои дигар кӯчонида шуд ва ба ҷои он дар майдони Алатоо ҳайкали озодӣ, ки аз биринҷ сохта шудааст, қомат рост намуд. Султон Раев, вазири фарҳанг ва иттилоъоти Қирғизистон, гуфт, ҳайкали Ленин дар маркази шаҳри Бишкек қомат афрохтааст, зеро он як ҷузъи таърихи Қирғизистони муосир мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, Инқилоби октябр қирғизҳоро аз генотсид ё қатли ом наҷот дод ва аз ин лиҳоз Қирғизистон ба Ленин ва ҳамтоёни ӯ бархурди мусбат мекунад. Вай тазаккур дод, ки ҳайкали Ленин дар марказҳои вилоятҳо ва навоҳии кишвараш ҳифз шудааст ва ҳукумат иқдом нанамудааст, ки ин ҳайкалҳо хароб карда шаванд.

Клара Аҷибекова, котиби аввали ҳизби коммунисти Қирғизистон, мегӯяд, баъди суқути Шуравӣ мақомоти бархе аз ҷумҳуриҳо ҳаракати зиддикоммунистиро шурӯъ карданд, вале Қирғизистон ба ин ҳаракат напайваст. Ба гуфтаи вай, як гурӯҳи депутатҳо талош ба харҷ доданд, ки пеши роҳи хароб кардани ҳайкалҳои Ленин гирифта шавад.

Клара Аҷибекова мегӯяд, нахуствазири собиқи Қирғизистон Николай Танаевро ба дадели он, ки барои кучонидани ҳайкали Ленин аз майдони Алатоо ба ҷои дигар қарор содир намуд, ба додгоҳ кашида буд. Вале президенти собиқ Аскар Оқоев аз Танаев пуштибонӣ кард ва коммунистҳо ноком монданд.

Аммо Топчибек Турғуналиев, раиси ҳизби Эркиндик, мегӯяд, ҷои ҳайкалҳои Ленин фақат музей аст, на майдони назди парлумон. Ба гуфтаи ӯ, дар замони шуравии собиқ қирғизҳо чанд давраи қатли омро паси сар намуданд. Вай гуфт, маҳз Ленин дастаи босмачиҳои худ, чун Михаил Фрунзеро ба Қирғизистон фиристод ва бо дастони худи қирғизҳо вай мардуми зиёдро ба қатл расонд.

Аз сӯҳбатҳои мо бо бошандагони шаҳри Бишкек бармеояд, ки аксарияти онҳо дар мавриди кандани ҳайкалҳои аз даврони шӯравӣ монда мавқеъи бетарафиро ишғол мекунанд. Ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо ин ҳайкалҳо ҳусни шаҳрро коҳиш намедиҳанд ва бигзор ҳамеша дар ҷои худ бимонанд. Вале ба гуфтаи ҳамсӯҳбати дигари мо, Шуравӣ суқут кард ва акнун мардум бояд орӣ аз ғояҳои Ленин ва ҳамтоёни коммунисти ӯ ба сар барад.

XS
SM
MD
LG