Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин Ленини Душанберо барканданд


Муҷассамаи Владимир Илич Ленин, пешвои коммунистони ҷаҳон аз боғи марказии шаҳри Душанбе ба Бунёди мусаввирии Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Тасмими интиқоли муҷассамаи Ленин аз Боғи марказӣ аз сӯи шаҳрдори Душанбе дар моҳи ноябри соли гузашта гирифта шуда буд. Зеро бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, Боғи марказии пойтахт ба ифтихори бузургдошти 1150-солагии асосгузори адабиёти форсу тоҷик, ки имсол баргузор мешавад, номи «Боғи устод Рӯдакӣ»-ро гирифт ва дар доираи барномаи таҷдид ва навсозии боғи мазкур ҳайакали мӯҳташами устод Рӯдакӣ дар он гузошта хоҳад шуд.

Аммо баркандани муҷассамаи Ленин аз боғи маркази пойтахтро коммунистон тоҷик ва махсусан Шодӣ Шабдолов - раиси ин ҳизб амали ғайриқонунӣ арзёбӣ кардаанд. Раиси коммунистони Тоҷикистон онро ёдгории таърихӣ унвон карда ва аз ҳукумат дархости мусоидат бар насби муҷассама дар маҳалли дафтари ҳизб дар пойтахти кишварро карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Шавкат Саидов - сухангӯи раиси шаҳри Душанбе гуфт, раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон метавонад дар мувофақа бо идораи ҳифзи ёдгориҳо ва шаҳрдорӣ иҷозаи истиқрори тандиси Ленин дар маҳалли дафтари ҳизбро ба даст орад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ, аз

ҷумла Сайидумар Ҳусайнӣ - муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳайкали Ленин дар ҳеҷ сурат наметавонад рамзи мухторияти Тоҷикиситонро ифода кунад. Ба бовари оқои Ҳусайнӣ, ҳайкали Ленин дуруст баракс нишона аз истило ва ба мустамлика табдил додани ин сарзамин аз сӯи Русияи коммунистӣ будааст.

Баъд аз даргузашти Ленин ба нишони эҳтиром ва поси хотири вай ҳайкал ва нимпайкараҳои бешумораш дар шаҳрҳо ва рустоҳои қаламрави Шӯравӣ гузошта мешуданд ва ин кор тақрибан ба як анъана ва сабқати сиёсӣ табдил ёфта буд. Тоҷикистон низ ба ҳайси яке аз кишварҳои узви ин Иттиҳод аз риояти ин анъана ва сабқат дар канор набуд ва даҳҳо муҷассама ва пайкараҳои Ленин дар шаҳру рустоҳои ин кишвар гузошта шуда буданд.

Аммо бо шикасти низоми коммунистӣ ва пош хӯрдани Шӯравӣ ва эъломи истиқлолияти кишварҳои ба истилоҳ онвақта бародарӣ муносибат бо Ленин ба ҳайси рамзи ин низом тағйир хӯрд. Ва гоҳо баркандани муҷассамаҳои вай боиси низоъ ва нооромиҳо низ шудаанд, ки намунаи гӯёи он баркандани ҳайкали Ленин дар соли 1991 дар майдони назди Шӯрои олии Тоҷикистон аз тарафи неруҳои демократӣ буд. Коммунистони Тоҷикистон ба нишони эътироз аз баркандани ҳайкали мазкур дар Душанбе даст ба тазоҳуроти густарда зада буданд ва бо фишори вакилони Шӯрои олии вақт, ки аксари кулл узви ҳизби коммунист буданд, Қадриддин Аслонов - раиси Шӯрои олӣ маҷбур ба истеъфо шуд. Ва яке аз иттиҳомоте, ки он вақт алайҳи Мақсуд Икромов, шаҳрдори вақти Душанбе эълом ва боиси ба маҳбас кашидани ӯ шуд, низ баркандани ҳамин ҳайкали Ленин буд. Зеро бо қарори Мақсуд Икромов муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ - аз ҳамосасароёни бузурги форсу тоҷик ҷойгузини ҳайкали Ленин дар маркази пойтахти Тоҷикистон шуда буд.

Вале ҳоло, ки охирин муҷассамаи Ленин аз шаҳр барчида мешавад, миёни ҷамъияти пойтахт ба истиснои коммунистон ҳеҷ вокуниш ба бор наовардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Шодӣ Шабдолов - раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, қасд дорад, бо ирсоли як нома боз ҳам ба раисҷумҳур муроҷиат кунад, ҳарчанд, ки қаблан низ дар ин замина ду маротиба ба ӯ муроҷиат кардааст.

XS
SM
MD
LG