Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти ҷосусони Русия дар Қирғизистон


Додгоҳи низомии шаҳри Бишкек ду афсари баландрутбаро дар хиёнат ба Ватан муттаҳам намуд.

Гуфта мешавад, Валерий Пацула ва Владимир Бережной ба мӯҳлатҳои 13 ва 14 солии ҳабс маҳкум шуданд. Бино ба ҳукми додгоҳи низомӣ, амволи онҳо низ мусодира хоҳад шуд. Аммо вакили додрасонӣ Мақсад Мамирхонов ва Дмитрий Грибаро, ки онҳо низ дар хиёнат ба ватан гумонбар шуда буданд, дар ифшои сирри давлатӣ муҷрим донист ва ҳар дуро ба чаҳорсолии зиндон маҳкум намуд.

Мурофиаҳои додгоҳӣ пушти барҳои баста сурат гирифт. Як мақоми Додгоҳи низомии Бишкек, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, мурофиаҳои додгоҳӣ ба охир расид ва ин чаҳор афсар мувофиқи гуноҳҳояшон ба зиндон кашида шуданд. Вай афзуд, ки афсари гумонбар дасти кам як сол дар маҳали бозпурсиҳои қаблии Кумитаи амнияти давлатӣ ба сар мебурданд.

Аммо Вячеслав Лужанский, вакили мудофеъи Дмитрий Гриба ба хабаргузории «24 КГ» гуфтааст, ки дар мавриди ҳукми додгоҳи низомӣ эътироз хоҳад кард. Ба гуфтаи Вячеслав Лужанский ҳукми додгоҳи низомӣ дар муқобили афсари таҳти ҳимояти вай ғайри одилона аст.

Ёдовар мешавем, ки чаҳор афсари хадамоти амният ва Вазорати дифоъ моҳи июни соли гузашта бо иттиҳоми хиёнат ба Ватан мавриди боздошт қарор гирифта буданд. Кумитаи амнияти ҷумҳурӣ иддао мекард, ки Валерий Пацула, Владимир Бережной, Мақсад Мамирхонов ва Дмитрий Гриба ба манфиати яке аз кишварҳои ҳамҷавори Қирғизистон хидмат кардаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, онҳо асноди махфиро ба ҷосусони ин кишвари ҳамҷавор таслим карда ва ба ин васила манфиатҳои кишвари худро зери таҳдид қарор додаанд. Яке аз вакилони мудофеъи афсарони маҳкум ба зиндон мегӯяд, ки ин афсарон дар ҳамкорӣ бо хадамоти ҷосусии Русия муттаҳам шуданд.

XS
SM
MD
LG