Пайвандҳои дастрасӣ

Дар назди Омбдусмени Қирғизистон шӯрои ҳимоят аз ҷавонон ва донишҷӯён таъсис шудааст.

Гулшоир Абдурасулова, узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ин шӯро тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки тақрибан ду моҳ пеш ғояи таъсиси чунин як созмон арзи вуҷуд намуд.

Ба гуфтаи Гулшоир, онҳо таҷрибаи таъсиси созмонҳои мухталифи иҷтимоъии ҷавононро қаблан андӯхтаанд ва аз ин лиҳоз тасмим гирифтанд, ки дар назди Омбдусмен шӯрои ҳимоят аз ҷавонон ва донишҷӯёнро таъсис диҳанд. Шӯро характери машварати ро касб хоҳад кард.

Ба гуфтаи Гулшоир Абдурасулова яке аз самтҳои фаъолияти шӯро кӯмак ба гурӯҳҳои фаъоли донишҷӯён дар маҳалҳои кишвараш низ мебошад.

Узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси шӯрои ҳимоят аз ҷавонон ва донишҷӯён мегӯяд, ки дар ҳамин ҳол онҳо панҷ донишгоҳро интихоб намудаанд, ки дар ин донишгоҳҳо ниҳодҳои ҳимоят аз донишҷӯён таъсис хоҳанд ёфт ва яке аз донишҷӯён мақоми раиси Омбдусменро ишғол хоҳад кард.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатам раиси Омбдусмен дар дониш гоҳ ба омӯзиш ва ҳаллу фасли масоъили донишҷӯён машғул хоҳад шуд.

Таъкид шуд, ки Шӯрои ҳимоят аз ҷавонон ва донишҷӯён тадобире низ пиёда хоҳад кард, ки дар рушди ҳамкории миёни ҷавонон бо ҳукумат нақши муҳим бозида метавонад.

Гулшоир мегӯяд, дар ҳамин ҳол дар Қирғизистон ягон созмони ҳукуматӣ фаъолият намекунад, ки ҷавонони кишвараш батавонанд, арзу шикоят ва ё пешниҳодоти худро тавассукти он мустақим ба президент ва нахуствазир расонанд.

Узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси Шӯрои ҳимоят аз ҷавонон ва донишҷӯён мегӯяд, ки дар миёни ҷавонони кишвараш бесаводӣ реша давондааст ва сафи ҷавонони бекор низ мунтазам меафзояд.

Гулшоир афзуд, дар ҳамин ҳол, дар Русия ҷавонони зиёди қирғиз муҳоҷиранд, ки аз ҳуқуқва озодиҳои худ ҳимоят карда наметавонанд ва мавриди таҳқир қарор доранд.

Вай афзуд, ки борҳо ба парлумони кишвараш ҷиҳати таъсиси як оҷонси давлатӣ дар умури ҷавонон пеш ниҳодҳои худро ироа намуд, вале парлумон ҳамеша аз ин пешниҳодҳои ӯ сарфи назар намуд.

XS
SM
MD
LG